Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:50

Аввалин давраи омўзиши рўзноманигории Эрон дар Тоҷикистон

26 сентябр 2011, 03:00

Хабаргузории «Форс» нахустин ниҳоди ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки барои рўзноманигорони тоҷик давраи омўзиши хабарнигорӣ баргузор мекунад.


Тибқи иттиллои Қосими Бекмуҳаммад, мудири дафтари хабаргузории мазкур дар Душанбе, шурӯъ аз 26 то 30 сентябри солӣ ҷорӣ дар маркази матбуоти назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин ҳамойиш сурат пазируфта, намояндагони расонаҳои мухталифи давлатӣ ва мустақили Тоҷикистон ширкат мекунанд. Номбурда афзуд, маросими ифтитоҳи расмии ин давра соати 10-и имрўз, яъне  26 сентябри соли ҷорӣ бо ҳузури сафири ҶИЭ, раҳбарияти ҳабаргузории «Форс» ва масъулони хабаргузориҳо ва расонаҳои шинохтаи Тоҷикистон сурат гирифта, ширкаткунандагон перомуни ҳамкориҳои расонаии ду кишвар табодули назар хоҳанд кард.

 

Гуфтанист, устоди ботаҷрибаи эронӣ- Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ, ки дар донишгоҳҳои мухталифи ин кишвар ба тадриси рўзноманигорӣ машғул буда, дар ин замина даҳҳо таълифот анҷом додаанд, перомуни мавзўъҳои «Тарзи пайдо кардани сюжет барои  хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рўзноманигории бўҳрон» ва «Маънишиносии хабар» дарс хоҳанд гуфт.

«Форс», ки аввалин хабаргузории ғайридавлатии Эрон аст, дар соли 2002 таъсис ёфта ва ҳоло яке аз шинохтатарин расонаҳои ин кишвар ба шумор меравад.  Ин хабаргузорӣ бо ҳадафи барқарор кардани иртибот бо мухотабони хориҷии худ дар соли 2005 пойгоҳи англисӣ, сипас арабӣ ва туркии худро низ эҷод кард ва дар ояндаи  начандон дур роҳандозии бахши русиро низ дар назар гирифтааст.

Тоҷикистон нахустин кишвари шўравии собиқ аст, ки дар беш аз ду соли пеш ҳабаргузории «Форс» намояндагии худро ташкил кард ва аз ин тариқ ба муаррифии беҳтари ин кишвари дўст ва ҳамзабон барои хонандагони сершумори худ ноил гардид.    Эҷоди бахши тоҷикии (кириллии) «Форс» низ дар дастури барномаҳои ояндаи ин хабаргузорӣ қарор дошта ва ин иқдом ба унвони фурсати муносиб дар ҷиҳати ошноии бештари мардуми ду кишвар ва мубодилаи тавлидоти расонаии Эрон ва Тоҷикистон дониста мешавад.

Маврид ба ёдоварист, хабаргузории «Форс» имрўз инчунин дар кишварҳои мухталифи дунё, назири Лубнон, Сурия, Миср, Фаластин, Ироқ, Афғонистон, Покистон, Урдун, Сингапур, Ҳинд, Қирғизистон, Туркманистон, Англия, Амрико, Фаронса ва ғайра хабарнигор дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!