Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:48

Бунёди боғзори нав дар ноҳияи Темурмалик

26 сентябр 2011, 03:34

Кишоварзони ноҳияи Темурмалик соли равон дар майдони 400 гектар боғи нав бунёд намуданд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 150 гектар зиёд мебошад.


Бино ба иттилои Неъматуллоҳ Темуров, муовини раиси ноҳия, дар ҳоли ҳозир дар ноҳия 725 гектар боғзор ташкил ёфтааст, ки дар ояндаи наздик метавонад ба рушди соҳа ва сатҳи зиндагии сокинон таъсири мусбӣ расонад нақши арзанда бозад. «Бояд гуфт, ҳамасола меваи боғпарварони мо тақрибан ба хориҷ интиқол намеёфт. Баъзан, тоҷирони суғдӣ омада, меваи темурмаликиҳоро харидорӣ карда, мебурданд. Сар аз соли оянда дар нақша дорем, ҳосили рӯёндаро ба воситаи идораи «Тоҷикматлубот»-и ноҳия ва тоҷирони маҳаллӣ ба берун аз кишвар ба савдо барорем. Ин амал ба баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми бумӣ мусоидат хоҳад кард», -мегӯяд Темуров. Ин дар ҳолест, ки дар Темурмалик тақрибан ягон корхонаи саноатӣ фаъол несту гузашта аз ин, корхонаҳои сохтмонӣ ҳам танҳо мавсимӣ фаъолият мекунанду бас.

Дар ҳамин ҳол, дар ноҳия 416 гектар токзор мавҷуд аст, ки хоҷагидорон ҳамасола 100-ҳо тонна ангури хушсифат истеҳсол карда, ба навоҳии минтақа ба фурӯш мебароранд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!