Бахшҳо

Тобути Маҳмадкарим ва Ҳасан, муҳоҷирони кушташудаи тоҷикро ба Ватан оварданд

Субҳи 22 апрел тобути Маҳмадкарим Ҷалилови 32-сола, сокини деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, тавассути ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" аз Маскав ба Душанбе оварда шуд. Ба қавли наздикони Ҷалилов, ӯ шаби 18 апрели соли ҷорӣ аз сӯи миллатгароёни рус дар яке аз навоҳии шаҳри Маскав ба таври ваҳшиёна ба қатл расидааст.



Қурбонбек Ҷалилов, падари марҳум, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш дар ноҳияи Богородский, наздикии метрои “Подбельский”, ҳангоми бозгашт аз фурӯшгоҳ кушта шудааст. Ба гуфтаи Қурбонбек, Маҳмадкарим се сол боз дар Русия аз пайи дарёфти рисқу рӯзии фарзандонаш буда, тайи як ҳафтаи охир ҳамроҳ бо падараш фаъолият доштааст.



Маҳмадбек, ки барои қабули тобут ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омада буд, дар сӯҳбат бо мо марги бародарашро “тақдир” номид. Ӯ гуфт, ду рӯз пештар як додараш, ки ҳамроҳи Маҳмадкарим дар Русия буда, вале аз чанги миллатгароён халос хӯрдааст, ба Тоҷикистон омадааст. “Ба бадани Маҳмадкарим чаҳор бор корд задаанд, ки то замони омадани Ёрии таъҷилӣ дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст”,-гуфт Маҳмадбек.

Ҳамроҳи ҷасади Маҳмадкарим боз як тобути ҷавони 27-солаи тоҷик низ аз Русия ба Ватан оварда шуд. Ҳасан Алиев, ки зодаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мебошад, панҷ моҳ пеш дар дохили мошинааш кушта шудааст. “Пас аз он ки ӯро бо зарби корд куштанд, ҷасадашро месӯзонанд. Тӯли панҷ моҳ боқимондаҳои ҷасади ӯро дар лаборатория ташхис карданд ва ҳоло ба кишвар оварда шуд”,-гуфт бародараш, ки дар фурудгоҳ бо ӯ вохӯрдем.




Дар акс: Маҳмадкарим Ҷалилов
Мӯҳр
Мухочир
Худойо кай ин хама бадбахти тамом мешаваду миллат сарфу чам мешудабошад?

Сафар
Рухаш шоду хонаи охираташ обод бошад,хамин тарик мардикории бо айби чанги шахрвандии ташкилнамудаи Кремлин ва Тошканд чавонони солими точикро як-як ба катл расонида,миллатро ба нести мебарасонад.Ох вой,войи миллат,ох вой войи модар,Болшевики Кремлин шуда фашисти айём! Бардагиро бор карданд бар сари миллати мо, Хама дуруг мезанем" мустаъкилем" мегуем.Кучо мустаъкилем мо?Кучо хукмронем мо!Мисли халки Курдистон дарбадару хорем мо!

Ба хонаводаи мархум сабри чамил мехохам. Худованд ин бародари мухочири моро рахмат кунад.

Мухочирои мора мурдахошона аз Расия меоранду Матвиенко барои чим нишастанаш ба парлумони Точикистон ба спикери он Шукурчон Зухуров медал медихад. Хап нишинй подошашро дебинй дия.

Мурад хамин тахамулпазирй. Хукумати Точикистон ва депутатхо агар чора набинанд, баъди чанде бе мардуму интихобкунанда мемонанд.

Тамоми бучети хукумат аз хисоби ин мухочирон аст чаро ягон чора намебинан??? В.Путин барои ду летчики пиёниска 7 милион точикро аз элак гузаронд!
Мухтарам кормандони ТВ-хои ЧТ!!! Таърифу тахнимятро бас кунед агар у таърифхои шумо рост бошад мардум ба умеди ризку рузи 500 долари карз карда аз ин ватан фирор намекунан, бехтараш барномахои чолиб таер кунеду пахши мардум кунед!
Кар карденмон ба икадар дуруггуйитон дуругам як меъёр доштагист?
ба монанди 1милимон тон картошка шарм пусти эмон аст худо медонад ки шумо пуст доред ё не.

Падари миллат!!! Миллат нест шуд.

Тв - сафина- филми "Бехуда хорам мекуни"- ро аввал нишон медихад ё противи муллохо. о шумо яквор хакиката нишон дихед ба мардум? миллат нобут шуда истодааст хайфи шумо корбарандагони тв -хои TJ

99
Шумо ҳам 3-4 уруси дивизияи 201 кушта тобутошона ба русия фиристед, баъд урус андеша мекардагӣ мешава. Набошад, ин беқадрия дида, куштан мегиран!!!

Эрач
КУчо дига мо дар Россия пуштибон меебем.Дар ватани худмон хаку хукук надорем.Боз аз Россия чпк-чак мекунем

Саид шамсиев
МАНСАБДОРОН БОЯД ЧАВОБИ ИН ТОБУТХОРО ДИХАНД! ЧАРО ХОМУШ МЕШИНАНД? ЧАРО ТАЛАБ НАМЕКУНАНД? Е МЕТАРСАНД? Е МУТАХАММАНД?

Ин якумин ходиса нест , хамин рузхоба чи кадар мухочирхои точикро несту нобуд мекунанд , илочи инро аа пешгирии ин ходисахоро факат сардори давлат метавон ёфт .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)