Бахшҳо
23 апр 2014 12:11Тоҷикистон / Сиёсат

Муносибат бо Русия ва дархости лағви виза миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ

Тоҷикистон хостори равуои озоди нақлиёт ва одамон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, тарафдори лағви низоми раводид ё виза мебошад. Ин ҳарфҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 апрел ҳангоми ироаи паёми солонааш дар Душанбе баён дошт.

Феълан аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистону Туркманистон бо Тоҷикистон низоми раводид доранд. Равуо ба Қирғизистону Қазоқистон озод аст.

Оқои Раҳмон гуфт, “ҳақиқат мусаллам аст, ки мардуми Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ ҳама мушкилотро ҳал мекунанду якҷоя зидди ҳаргуна таҳдид истодагарӣ.” Президент Раҳмон афзуд, дар оянда низ Тоҷикистон ба анъанаву ҳамзистии мардуми Осиёи Марказӣ эҳтиром гузошта, аз дахолат ба умури дохилии кишварҳои ҳамсоя дурӣ меҷӯяд.

Дар идома ӯ муносибати Тоҷикистон бо Русия ва Амрикову Чинро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, “агарчӣ сатҳу мӯҳтавои равобит ва дараҷаи тарафҳоро бо Русия хеле баланд менамоем, бо ин кишвар амиқтар намудани равобити иқтисодиву сиёсӣ, низомӣ ва техникӣ аз афзалятҳои сиёсати хориҷии мо ҳаст ва хоҳад монд. Мо аз сатҳи баланди ҳамкориҳо бо Чин қаноатманд ҳастем. Ҳавасанди густариши ҳамкорӣ бо Амрико ва Иттиҳоди Аврупо мебошем, ки онҳо дар сиёсату иқтосди ҷаҳон нуфуз доранд.”

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон тартиби Консепсияи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистонро тақозои замон донист.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2014    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)