Бахшҳо
18 фев 2015 12:51Тоҷикистон / Сиёсат

Радди дархост барои мулоқоти Кабирӣ бо донишҷӯёни “номанавис”

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба дархости бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки барои ташкил ва баргузории вохурии донишҷӯёни ин донишгоҳ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб кумак ва иҷоза хоста буд, ҷавоби рад додааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар номаи ҷавобии Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба онҳо, гуфта шудааст, ки ин дархости ҳизб хилофи қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, дар номаи Мақсудов А. Т. - ректори Донишгоҳи Хуҷанд омадааст, “тибқи моддаи 3 банди 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" дар муассисаҳои таълимӣ тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст ва инчунин мутобиқи 19 банди 3 қонуни ҶТ "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ" ҷалб намудани донишҷӯён ва шунавандагон ба кор ё фаъолияте, ки ба ин раванд ва фаъолияти таълим вобастагӣ надорад, манъ гардидааст”.

Раёсати Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфтааст, дар асоси гуфтаҳои боло ва дар ду баст фаро гирифта шудани донишҷӯён ба машғулиятҳои таълимӣ ташкил кардани чунин мулоқот ғайриимкон мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 11 декабри соли гузашта зимни як чорабинӣ 150 устоду донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои вилоят ба сафи ҲХДТ шомил шуданд: “Дирӯз дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо баргузории як чорабинии мутантан 150 нафар устодону донишҷӯёни донишкада ба сафи ҲХДТ шомил шуданд”.

Аз сӯи дигар қаблан Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон низ аз шомил шудани як гуруҳи донишҷӯён ва устодонаш ба сафи ҳизби ҳоким бо баргузории як чорабинӣ хабар дода буд. Дар ин чорабинӣ Абдуҷаббор Раҳмонов суханронӣ карда, аз нақши ҲХДТ ва раҳбари он – Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти кишвар ёдрас кардааст. Манбаъ мегӯяд, Раҳмонов таъкид кардааст, “бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандона ва заҳматҳои ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, ки роҳбарии ин ҳизбро бар дӯш дорад, Ватани азизи мо дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса касб намуда, ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ муаррифӣ гардид”.
Мӯҳр
донишчу
100% маълум шуд ки он номаи навишат аз номи донишчухо дуруги махз будааст, аз номи поки донишчуи бечора чи корхое ки намекунанд. тарсидадан ки агар Кабири бо донишчухо мулокот кунад сирашон фош мешавад, вагарна чаро барои номзадхои ХХДТ ичозат будааст дар донишгох мулокот куананд вале ба дигар хизбхо не? барои чи ХХДТ хак доштааст дар донишгох ташкилоти ибтидои боз кунад вале барои дигарон не?? хамаш дуруг аст тарсидед чанобони ташкилкунандаи номаи дуруг!!!!!

Мухочирбачча
100000%%% РОСТ БАРОДАР ! БО ПАРДАИ ПОКИ ДОНИШЧУИ РАФТОРИ ТОРИКИ ХУДРО МЕПУШОНАНД. ИН ИФТИХОР АСТ КИ ЧУНИН ТАРСИ БУЗУРГ ДАР РАФТОРУ ГУФТОРУ КИРДОРАШОН МУШОХИДА МЕШАВАД !донишчу,

Донишчуи ДДХ
Мо ин номаро чонибдори мекунем, як руз пеш аз номаи ХНИТ худи Кабири ба саволхои мо дар шахри Хучанд чавоб дода натавонист ва шармандавор сурх шуд. Даркор шавад зиддди ин хизб боз мактуб менависем ва бо Кабири руйирост сухбат мекунем!!!!

собик донишчу
МАН ДАР ЯКЕ АЗ ДОНИШГОХХОИ ХУЧАНД ТАХСИЛ КАРДААМ. ДОНИШЧУХОИ ДДХ БА УН ХАД НАРАСИДААНД КИ ЧУНИН НОМА НАВИСАНД.
ДАР ДДХ 3 НАМУД ДОНИШЧУ ВУЧУД ДОРАД:
1.ОНЕ,КИ ТАМАЛЛУК ЗАДА ВАСФИ СОХТАИ ХУКУМАТРО МЕКУНАДУ БАХО МЕГИРАД.(ХАМ БО ХОСТИ ХУД ХАМ БО ХОСТИ ХУДАШОН)
2. ОНЕ,КИ БО ПУЛ БАХО МЕГИРАД.
3.ОНЕ,КИ БО САВОД БАХО МЕГИРАД
ВАРИАНТИ 3 БО 2 ПО МЕЛАНГАД!
ДАР МАВРИДИ АЪЗОШАВИ. ИН РАВАНД МАЧБУРИ ЧАРАЁН МЕГИРАД! МО ХАМ БА ИН РАВАНД РУ БА РУ ШУДЕМ. ДОНИШЧУ-ХХДТчихо АЗ СИЁСАТ ТАМОМАН БЕХАБАРАНД.ЧИЗЕРО НАМЕДОНАНД.
ДАР ИДИ ХАМА ЛАТТА-ЧУБ БАРДОРИ МЕРАВАД.НАРАФТИ БАХО НЕСТ!
ДАР ВАКТИ ОМАДАНИ ЧАНОБ ХАМА БА ДАСТХО ПЕШИ БАР АЛБАТТА АЗ ТАХТИ ДИЛ НЕ ИСТИКБОЛ МЕРАВАД. АГАР НАРАФТИ "НЕДОПУСК К ЭКЗАМЕНУ"
ДАР ДДХ ШАХСИ ВИЧДОНДОР КАМ АСТ!!!

хамватанони азиз барои харчи гам махуред ин чиз хаммаш аён хаст..

Донишчуй бечора кай парвои ХХДТ ё ХНИТ дорад донишчуй дар фикри он аст,ки баъди дарс аз кучо як бурда нон ё хуроки гарм ёбад ва истеъмол кунад токи ба рузи дигар расад.Номаро муъалимони шикамкалон навиштаги.собик донишчу,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)