Бахшҳо

Муҳокимаи барканории ноибони Раҳмонов дар Маҷлиси миллӣ

Маҷлиси миллӣ -- палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 5 март барканории Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини аввал, Ҳабибуло Воҳидов, Абдурашид Кишварзода, муовинон ва Хайрулло Саидов, муовини прокурори генералӣ -- Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард.

Тавре манобеи “Озодагон” аз ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 18 феврал санади барканории муовинони Додситони куллро пешниҳод намуд ва дар назар аст, ин масъала дар ҷаласаи охирони Маҷлиси миллӣ, ки 5 март баргузор мешавад, баррасӣ гардад.

Ин барканориҳо дар пайи интиқодоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният аз фаъолияти додситонии кулл ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат мегиранд. Раисиҷумҳур дар ин ҷаласа, ки 17 феврал баргузор шуд, дастур дод, тамоми муовинон ва додситонҳои вилоятҳои Тоҷикистон аз мақомашон барканор шаванд.

Дар пайи ин дастур Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон 18 феврал Мирзошариф Шарифзода - додситони шаҳри Душанбе, Муҳаммадхоҷа Арбобов, додситони вилояти Бадахшон, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода - додситони вилояти Суғд ва Сироҷиддин Нурзода - додситони вилояти Хатлонро аз мақомашон барканор намуд.

Ҳудуди як моҳ қабл Эмомалӣ Раҳмон фармони аз вазифа озод кардани Додситони кулл -- Шерхон Салимзодаро содир намуд, ки аз 30 январи соли 2010 ин курсиро дар ихтиёр дошт.
Мӯҳр
Забоншинос
Идораи мухтарами Озодагон! Ба фикрам, дар сарлавхаи маводи мазкури иттилооти нисбат ба калимаи "бахс" е калимаи "мухокима" е калимаи "барраси" бояд истифода мешуд.

hd
Забоншинос, Ташаккур

Зоиров
Салом! Ба кулли хомиёни ватан, мехмонон ва хамдиёрони азиз. Мехостам перомуни ин хама тагиротхо фикри худро чанд руз пеш нависам. Аммо аз навиштани номахо чи суд ба чуз дарди худро ба худ гуфтан. Чанд сатр мегуям"Ин хам як мазхакаи пеш аз интихоботи мебошад. Мардум фирефта нашавед, зеро дар чойи ин мухтарамон, боз мухтарамон меоянду халос, Чун ояндаи ТОЧИКИСТОН дурахшон аст, то рузе, ки ман хастам не, оянда".

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)