Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:35

Райиси ҲНИТ: Дар масъалаи низомиёни рус мо мавқеъи ҳукуматро интизорем

26 сентябр 2011, 12:10

Муҳиддин Кабирӣ баъди интихоби ду бора ба симмати раиси ҲНИТ дар аввалин нишасти матбуотияш барои расонаҳои дохилу хориҷ изҳор дошт, ки сару садои расонаҳои кишвар дар бораи таъини ў ба симати раиси ҲНИТ як каме дигаргуна аст: ««Ин таъиноти раёсати олии ҲНИТ буд, вале интихоби вакилони анҷуман.


Ҳеч кас ҳаққи интихобро аз вакилон нагирифта буд. Ин боиси ифтихор аст, ки боз раёсати олӣ ва вакилон ба мо эътимод карда, масъулиятро ба дӯшамон гузоштанд».  Ҳамчунин, Кабирӣ сару садоҳо дар мавриди будани кадом шартномаи махфии ҳамкорӣ миёни ҳукумат ва ҲНИТро бебунёд хонда изҳор дошт, ки тафоҳум ва доду гирифти мо бо давлат шафоф ва дар чорчӯбаи манфиати давлату миллат ва ҳизб сурат мегирад. Ягон гуфтушунид ва доду гирифтҳои пасипардагӣ вуҷуд надорад ва ниёзе ҳам ба ин нест.

Муҳиддин Кабирӣ мавқеи ҲНИТ-ро дар мавриди тавофуқи ҷониби Тоҷикистон бо Русия барои 49 соли дигар тамдид шудани ҳузури пойгоҳи низомии маъруф ба 201-и Русия рўшан намуда гуфт: «Дар масъалаи бозмондани пойгоҳи низомии Русия бояд бигӯям,  ки мо мавқеъи давлатро интизорем, то бубинем чӣ қароре мебароранд. Агар мавқеъи ҳукумати кишвар бо мавқеъи мо созгор бошад, мо ҷонибдорӣ хоҳем кард ва илло мавқеъи худро рӯшан хоҳем намуд. Мо бисёр мехостем, дар чунин масоили басо муҳим барои кишвар ва миллат,  раҳбарони давлат бояд  бо мардуми хеш маслиҳат кунад. Чанд роҳи он аст: ё референдум, ё шӯрои аҳзоби сиёсӣ бо иштироки донишмандони кишвар. Аз ҳама асосӣ он бояд шаффоф ва боинсофона сурат бигирад». Ӯ инчунин иброз дошт, ки замони қарордодҳои бозмондани нирӯҳои низомии як кишвар дар дохили кишвари дигар ба муддати тӯлонӣ кайҳо гузаштааст, ки ин гуна қарордодҳо, одатан  баъди ҷанги дуввуми ҷаҳон  ва дар замони ҷанги сард баста мешуд. Дар замони муосир, одатан қарордодҳо ба мўҳлатҳои кӯтоҳ  ё миёна баста мешаванд, барои 5, 10 ё ҳадди аққал 15 сол.

{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!