Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 1 май 2017, 11:11

Маводи мухаддир навъи «сабук» ва «вазнин» надорад

27 сентябр 2011, 03:00

Кормандони  агентии назорати маводи нашъаовар  бо донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникии шаҳри Ваҳдат вохӯри баргузор намуданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин ниҳод иттилоъ доданд,  дар чорабинии мазкур    намояндагони ҳукумати маҳаллӣ низ ширкат варзида, ҳадафи он аз баланд бардоштани иттилоотнокии иштирокчиён оиди хатар ва оқибати истеъмоли маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва бемориҳои сироятие, ки дар натиҷаи истеъмоли маводи нашъаовар ба вуҷуд меоянд, иборат буд.

Манбаъ афзуд, дар навбати худ ташкилкунандагони вохӯрӣ қайд намуданд, ки маводи мухаддир “сабук” ё “вазнин” намешавад, ба монанди он, ки фавт аз ин мавод “сабук” ё “вазнин” нест ва давлат аз ҷониба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустӣ муборизаро бар зидди ин бало бе иштироки ҳар як шаҳрванди солимфикри ҷумҳурии мо ба роҳ монда наметавонад. Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён дар бораи чораҳои андешидашудаи   хукумати ҷумҳурӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ ва табобати бемории нашъамандӣ, ҳамчунин дар бораи маводи нашъадори синтетикӣ ва мухаддир бо ном “сабук”, аз қабили бангдона саволҳо доданд. Дар охири вохӯрӣ ба ҷамъомадагон варақаҳои итилоотии зиддинашъамандӣ тақсим карда шуд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!