Бахшҳо
24 фев 2015 09:52Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тарма “Газел”-ро сарозер кардааст: Касе наҷот наёфт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд як мошини тамғаи “Газел” ба чуқуқрии 50-метрӣ сарозер шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод ҳодисаи маргбор 23-юми феврал соати 11:45 дақиқа дар километри 158-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ рух додааст, вале наҷотдиҳандагон аз ин қазия тақрибан соати 12:28 дақиқа огоҳӣ ёфтаанд: “Дар рафти роҳтозакунӣ маълум шудааст, ки “Газел” зери тарма монда, ба чуқуқрии 50-метрӣ сарозер шудааст. Дар натиҷа ронанда Ҳоҷӣ Ҳайдарҷон Шокирови 33 сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, падараш Усмон Шокирови 56 сола, ки ҳамроҳи ӯ будааст, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.

Ин дуюмин ҳодиса маргбор дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд мебошад, ки тайи барфрезии рӯзҳои ахир ба қайд гирифта шудааст.

Қаблан аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки 22 феврал, дар километри 156-уми шоҳроҳи мазкур, тарма мошини боркаши “Дулан”-ро ба чуқурии 800 метр сарозер намудааст: “Дар натиҷа се сокини Хуҷанд - ронанда Солеҳхуҷаеви 57-сола ва бародарон Нуралиевҳо - Иноми 40-сола ва Илҳоми 38-сола ба ҳалокат расидаанд”.
Мӯҳр
Талаба
Ба чунин вахшигари боз даъвои хурмат, аз чониби дигар миллатхо мекунем. Дар хакикат Худо аз миллати ман руй гардондааст. Чохил шуда мондаст.

Истиклол
Чавоб ба Талаба, холо хам талабаи, ту кай донишчуй мешай.
Ин табиатаст бар зидди офатхои табии ягон кор карда намешавад, одам мисли мурда дар назди тухфон, гирдоб, обхезихо, заминларза ва тарма. Аввал фикр кардан даркор ана бад гап задану навиштан. Чи хеле, ки мардуми рус мегуянд "То что написано пером, не от рубишь топором"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)