Бахшҳо

Сериали нави русӣ: Қазия дар Тоҷикистон (АКС)

Дар Русия шоми 23 феврал нахустнамоиши мелодрамаи бисёрсериягии “Весной расцветает любовь” баргузор шуд, ки қисмате аз ҳаводиси он дар Тоҷикистон рух додаанд. Ҳаводиси ин филм, ки аз 20 серия иборат буда, тариқи шабакаи "Русия" пахш мешавад, чуниин сурат мегирад:

Весна, қаҳрамони асосии филм, ки нақши онро Даря Егорова офаридааст, дар аввал ҳамсар ва модари хушбахт мебошад. Шавҳари ӯ -Игор (Алексей Янин) бо тоҷирони тоҷик дар мавриди тиҷорати қолин созиш мекунад ва бояд якҷоя бо Весна барои мулоқот ба Душанбе раванд. Аммо Игор бемор мешаваду зану шавҳар қарор мекунанд, Весна танҳо барои мулоқот ба Душанбе биравад. Весна дар қатори Маскав-Душанбе дар наздикиҳои пойтахти Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор мегирад ва ӯро аз вагон берун мепартоянд.

Чӯпоне Веснаро пайдо карда, ба беморхонаи маҳаллӣ мебарад. Дилсӯз - ҳамшираи шафқати солхӯрдаи ин беморхона дар бадани Весна захмеро дида, ӯро духтари гумшудааш - Баҳор мепиндорад. Ӯ бо шавҳараш Баҳорро, ки нутқу хотираашро аз даст дода буд, ба хонаашон мебаранд ва ба по мехезонанд.

Весна баъди ду сол пурра сиҳат шуда, бо номи тоҷикияш - Баҳор Сангалиева ба Маскав бармегардад. Дарҳол ба хона, назди шавҳару фарзандаш - Серёжа мешитобад, вале дармеёбад, онҳо ҷои иқоматро тағйир додаанд. Баъди ҷустуҷӯҳо Весна шавҳарашро дар хонаи дугонааш - Марина меёбад. Игор, шавҳараш вонамуд мекунад, ки зани собиқашро нашинохт ва ба муҳофизон амр мекунад, ӯро аз дарвоза берун кунанд. Вақте Маринаро меёбад, ӯ низ тавре рафтор мекунад, ки гӯиё бори аввал Веснаро дидааст.

Дар пайи ин ҳаводис Весна пай мебарад, ки дар пушти фоҷиаи азсаргузарондааш, шавҳару дугонааш меистанд ва таҳқиқоти худро оғоз мекунад, то асли қазияро муайян намояд.


Сериали нави русӣ: Қазия дар Тоҷикистон (АКС)

Сериали нави русӣ: Қазия дар Тоҷикистон (АКС)

Сериали нави русӣ: Қазия дар Тоҷикистон (АКС)

Сериали нави русӣ: Қазия дар Тоҷикистон (АКС)

Сериали нави русӣ: Қазия дар Тоҷикистон (АКС)
Мӯҳр
Мухаммад
Эй кош як бор моро дор телевивизионашон аз тарафи хуби нишон диханд:)

ба чиба тчра нишон намета узбекора нишон мета

Мухаммад
Ватани гироми бовар кун пеш аз ин "комент"-ро навиштан хамин гапи Шумо дар сарам буд!

Иззатбек
Хуб мешуд,ки дар ин сериал хунармандони хушсурати точик низ хамрох мешуданд на бояд накши точиконро чанд тан аз зану марди туркмонанд ё ёхеле очиз бози мекарданд. Ба хамаи ин нигох накарда филм хеле чолиб ва дустдоштанист.

дар ин сериал точиконро актерони цыганхо хунарнамои мекунанд.чунки симои цыганхо, яъне лулихо ба точикон шабохат доранд. хурсандиовар аст ки дар ин филм точиконро беозор ва камбудихои макомоти русиро нишон медиханд.

Барои чи аз хунармандони мо нестанд чун ман огах хастам ки хунарманди асил надоранд киро ба кино гиранд Филми точики ранги бузаки чингилапо.

Дуруст мега Мухаммад. То он вакте, ки мо аз думи бузу бузгола, гову хингалаем чихати манфиямонро дар филмхо нишон медиханд. Чун мо уштурон дар думи хархо баста шудаем. Худованд ба мардуми мо аклу инсоф, донишу заковат тияд. Омин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)