Бахшҳо

Ректори нав камбудиҳои Донишгоҳи омӯзгориро ифшо кард

Носирҷон Салимов, ректори навтаъини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ як қатор камбудиҳои ин муассисаро ифшо кардааст.

Академик Салимов, ки охири соли гузашта ба ҷои Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ таъин шуд, изҳор доштааст, дар донишгоҳ ҳарчанд низоми таълим кредитист, аммо аз шакли анъанавӣ фаровон истифода мешавад: “Ҳол он ки талабот дар низоми кредитӣ аз низоми анъанавӣ ба куллӣ тафовут дорад”.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Носирҷон Салимов аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки азхудкунии фанҳои тахассусӣ дар сатҳи паст, вале дар ғайритахассусӣ баланд мебошад. Инчунин ректор сатҳи саволномаҳои тестиро номувофиқ арзёбӣ карда, тарзи суолгузориҳоро бисёр ҳам саҳлу сода унвон намудааст: “Масалан, навишта шуда, ки "Гулистон" асари кист?". Ва дар посух чор вариант пешниҳод мешавад, ки яке Саъдӣ Шерозӣ мебошад. Бо ин гуна тестсозиҳо сатҳи саводи донишҷӯро дуруст муайян карда наметавонем ва ҳаргиз баҳои воқеӣ ба дониш дода намешавад”.

Манбаъ мегӯяд, Салимов такмили маводҳои таълимӣ-методиро яке аз масоили муҳим хонда, дар ин робита муовинони ректор, деканони факултаҳо ва мудирони кафедраҳо супориши қатъӣ додааст: “Нақшаҳои таълимӣ ба таҷдиди назар ниёз доранд. Ҳанӯз ҳастанд фанну соатҳое, ки нолозиманду онҳоро бояд ихтисор кунем. Танҳо дар сурати таҳияи дурусти нақшаҳои таълимӣ метавон маоши кормандонро боз ҳам баланд бардошт”.

Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳамчунин омӯзгорон ва роҳбарони сохторҳоеро, ки ҳатто, то ду воҳиди корӣ дар сарбориашон дарс гирифтаанд, шадидан интиқод намуда, зикр кард, онҳое, ки чунин корро раво дидаанд, ҳеч дарсе намегузаранд. Ӯ инчунин ба масъалаи такмили ихтисос дахл карда, афзудааст, ки он аз мадди назар дур мондаааст ва ё дар қолаби куҳна амалӣ мешавад: “Дар дохили ҷумҳурӣ аз курси такмили ихтисос гузаштан хуб аст, вале бояд бикӯшем, ки омӯзгорон дар хориҷи мамлакат ихтисосашонро такмил бахшанд. Маҳз дар ин замина метавон аз усулҳои муосири таълим огаҳӣ пайдо карда, онҳоро дар донишгоҳ ҷорӣ намоем”.

Дар ниҳоят Академик Салимов аз тобеинаш дархост кардааст, ки қавоиди мавҷударо қатъан риоя кунанд.
Мӯҳр
Сироч
Офарин Устод. Китобхонаи миллиро хеле пешрафта ва ба танзим овардед, акнун як Донишгохи омузгориро ба танзим дароваред. барори кор.

Dev
Fikr mekunam donishgoh sohibashro eft

асалбек
хайронам ки ин кадар академики бисёр дар як точикистони кучак чи гуна гунчидаанд??? Боз хамаашон аз як махал ки 25 сол пеш хатто номзади илм надошт.

Бале Салимов дар кучое наравад, хатман """"ободи мешавад""" Ин академик дар китобхона дар муддати 3 сол кор карда китобхонаи навро ба дахсолахо ба акиб партофт. Хайфи китобхона аз дастони ин академик кариб ки ба нести мерафт. Салимов низ дар Донишгохи Хучанд низ машхур

Зоир
Намедонам чи замоне шудааст, ки тобеон гапи сардоронашонро намегиранд. Дар донишгохи омузгори хам хамчунин, гап бефоида. Ман бовари надорам ки кори донишгохро ба танзим дароварда тавонад. Академик Рахмонов А. натонист Академик Салимов наметона.

Донишгохи омузгори барои Хукумат як маркази тайёр кардани ректорхо табдил ёфтааст. Хар сол як ректори нав, як диди тахаввуловар Донишгохро нигарони дорад. Пас вакти асосии омузгор тарбиятгар ба ичрои супоришу фармоишхои тоза ба иоза банд мешавад. Омузгори асилиро ки тарбия мекарда бошад....

Аспирант
Устод Шумо нав фахмидед, ки усули имтихнсупории тести донишчуро бесавод мекунад? Ин системаро нуриддин Саид чори кард ва бояд дар назди миллату кишвар чавоб дихад. Ин системаи пастарин имтихонгирию имтихонсупорист. Имтихонот бояд шифоию хатти дар назди усто бошад.

Усули кабули имтихони тести дар Маркази миллии тести дар аксар Донишгоххо самаровар арзёби мешавад. Зеро чавононе, ки бо ин усул ба Донишгоххо дохил шудаанд, нисбати донишчуйхои солхои пешин кобилтар, донишдортаранд. Аммо кабули имтихон дар сессияхои имтихони дар Донишгоххо бемантик ва нодуруст аст. Ба устод бовари кардан даркор ва усули шифохии имтихонии ру ба ру чори карда шавад. Агар бовар надоред, дар синфхонахои имтихони камерахои назорати насб карда, устодро назорат кунед, рафти имтихонро, шаффофиятро назорат кунед. Кор ранги дигар мегирад. Бовар кунед!

Миллатдуст,
икдоми бисер оли чаноб, лек дар вакте ки ака ба додар гапуш намегзара, ин корхо ягон фоида надора. порагир боз кори худша давом мебара. Худо инсоф бтия ба академику муалимхо.

донишчу
имсол бо шарофати ректори нави донишгохи мо анвар темуров чунон навгонихо шуд ки мо дар аудитория чор соат шишта саволнома подим хич ким азахволи мо хабардор нашуд имтихон насупода буромдим хурсандиовар он аст ки имтихон наспурда холи баланд гиритам набошад 800сомон кридит мехаридам

Ба фикрам мухбирони Озодагон то хол заказро ичро накардаанд ва бадном кардани Рахмонов идома дорад (лекин ман бовар дорам, ки Рахмонов дуруст кардааст, ки ба баъзе мухбирон бахои хакикии 2 (ду) мондааст). Зеро маълум буд, ки пештар хам, то хатто дар хоччатхохонахои Донишгох низ Озодагон навбатдор гузошта буданд.
Агар танкид ба маънои ислох кардан бошад, ин хеле хуб аст. Аммо барои заказро ичро кардан ин алакай хиёнат ба касб аст. Агар Шумо баъди мухлате аз фаъолияти Донишгох бахо дихед ва чихатхои мусбию манфии фаъолиятро ишора кунед ин маънои онро дорад, ки дар вокеъ Шумо заказ нагарифтаед.
Устоди мухтарам (ба ректор). Дар чое, ки кор хаст, камбуди низ хаст. Шумо фаромуш накунед, ки хозира баъзе донишчуён ба гайр аз сиёхкунии хоначахои аз ёдшуд дигар кариб хеч чизро намедонад. Пештар устодон ба муомила, рафтор ва санъати суханварии донишчуён низ бахо медоданд ва устодон кадрашон хеле баланд буд (донишчуён тарсида мехонданд). Ин Америко ва Аврупо нест ,ки Донишчуён хама як хел бошанд. Агар устод Саъди Шеърозиро шиносанд ин давлати калон аст (Агар хамин классирро боз хаёли Саъдии Буризод накунанд хуб (зеро сафи репхонхои чавони точик низ зиёд шуда истодааст)). Парво накунед баъд аз Шумо хам бояд Донишгохи омузгори сохиби ректори нав гардад. Кори хар як шахс баъди мухлате маълум мешавад. Хубтараш он буд, ки аввал барои Донишгох ягон коре мекардед, баъд фаъолияти дигаронро зери суол мегузоштед. Холо пеш аз пода чанг андохтан шарт нест. Хубаш низоми таълиму тарбияро боз хам бехтар намоед.

Аз вохуниш нишон додани Донишгохи омузгори маълум мегардад, ки макола заказной аст ва ин як бори дигар аз он гувохи медихад, ки Озодагон максадхои гаразнок ва шахсии худро пиёда намуда истодаанд.

Аз маколахои кучагии Шумо монда шудааст халк, хубаш хамаи он мутахассисони гайрикасбиро (хамон 2 (ду) - хои гирифтаги вокеияти худро тасдик карда истодааст) бо тантана ронда, аз нав бе хешутаборги мутахассисонеро ба кор гиред, ки тавонанд маколахои пурмазмун нависанд (то кай гапхои як Донишгохро гирифта, аз худатон росту дуруг илова карда дар чашми мардум хок мепошед).

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)