Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:05

Ҳаракати троллейбусҳо дар шимоли Тоҷикистон номумкин аст

27 сентябр 2011, 09:32

Аз аввали соли равон то имрӯз ҳаракати троллейбусҳо дар ҷодаҳои шаҳри Хуҷанд қатъ гардидааст.


Тавре ба хабарнигори маҳаллии  «Озодагон» аз КВД тролейбусҳои ин шаҳр иттилоъ додаанд, бо сабаби кӯҳна ва фарсуда шудани троллейбусҳо, инчунин корношоям шудани хатҳои барқӣ ин тасмим аз сар гирифта шудааст.

Абдуазим Дадобоев, сармуҳандиси  корхонаи воҳиди давлатии  троллейбусҳои Хуҷанд гуфт, ки ҳоло дар ин корхона 7 адад троллейбус мавҷуд аст, ки онҳо аз замони шӯравии собиқ ба «ёдгор» мондаанд ва имкони ҳамлу нақли мусофиронро надоранд.Норасоии ронандаҳо низ аз мушкилоти дигари ин корхона маҳсуб мегардад, ки ба далели камбуди маош тарки коргоҳ карда, иддае аз онҳо ба хориҷ аз кишвар рафтаанд. Оқои Дадобоев мегӯяд, феълан ин корхона барои харидории троллейбусҳои нав имкон надорад, зеро арзиши як троллейбус алъон ба 100 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст.

Масъулони КВД троллейбусҳои Хуҷанд мегӯянд, ки ҳоло барномаи рушди нақлиёт мавриди баррасӣ қарор дорад ва пас аз таъмиру таҷдид дар соли 2014 вуруди чанд автобусу троллейбусҳои замонавӣ дар назар аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!