Бахшҳо
10 мар 2015 11:17Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ташхиси психологии Шаҳбол ба зарари Кумитаи амният анҷом ёфт

Ташхиси психологӣ ҳаҷми зарари маънавии Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшудаи тоҷикро 180 ҳазор сомонӣ муайян кардааст, ки ин нисбат ба маблағе, ки қаблан хонаводаи Мирзоев аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ талаб доштанд, бештар мебошад.

Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, имрӯз, 10 март дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, минбаъд дар додгоҳ ба ҷои 144 ҳазор сомонии қаблӣ аз қушунҳои сарҳадии КДАМ 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб хоҳанд кард.

Пештар хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб карда буд, ки боиси норозигии ҷавобгар гардид.

Вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, дар пайи анҷоми ташхиси психологӣ, ки бо қарори додгоҳ анҷом ёфт, мурофиаи навбатии додгоҳии баҳси хонаводаи Мирзоев бо Кумитаи амният соати 14:00-и 12 март таъин шудааст.

Қаблан Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе ду дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, аз ҷумла дархост барои радди даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоевро алайҳи ин ниҳод қонеъ накард.

Зоиршо Назиров, намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар додгоҳ гуфт, дар расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Шаҳбол - куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 гунаҳкоранд ва маҳз онҳо бояд дубора ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванду ҷубронро пардохт кунанд.

Аммо Зебуниссо Саидова, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев дар Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе ин дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадиро рад намуд. Ҳамчунин раисикунандаи мурофиа дархости дигари Сарраёсат дар мавриди омӯзиши дигарбораи хароҷоти ташхису табобати Шаҳбол Мирзоев дар Русияро низ рад кард.

Дар зимн, Зебуниссо Саидова дархости Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоевро қабул карда, қарор намуд, барои муайян намудани ҳаҷми зарари маънавии сарбози маъюбшуда ташхиси психологӣ гузаронда шавад, ки феълан ба манфиати хонаводаи Мирзоев анҷом ёфтааст.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст”.

19 июни соли сипаришуда Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)