Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

Н.Дастамбуев: Мутаасифона, дар ҷумҳурӣ 6000 омӯзгор намерасад

29 сентябр 2011, 04:55

«Консепсияи миллии таҳсилоти фарогири кӯдакони имконияташон маҳдуди ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015» мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Таҳти чунин унвон ва бо ибтикори дафтари барномаҳои таълимӣ ва пружаи «Сиҳатии ҷамъиятӣ»-и институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди мадад дар Душанбе, бо иштироки намояндаҳои вазоратҳо, созмонҳои ғайридавлативу байналхалқӣ, ки доир ба таълими фарогир фаъолият мебаранд, ҳамойиши вижа рӯзи 28-уми сентябр шурӯъ гардида, алъон идома дорад.Назархудо Дастамбуев, директори барномаҳои бахши маориф зимни суханрониаш аз ҷумла қайд кард, ки мо мехоҳем дар робита ба кор ва фаъолияте, ки дар ростои консепсияи миллии таълими фарогир, ки дар ҷумҳурӣ аз суи ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи апрел тасдиқ шуда буд, маълумот бидиҳем. Ӯ афзуд, давлатҳои хориҷа барои ба таълим фаро гирифтани як кӯдаки дорои имконияташ маҳдуд 2-3 омӯзгорро ҷалб мекунанд, мутаасифона дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҷамулҷамъ 6000 муаллим дар кулли мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ намерасад.

Хабарнигори «Озодагон», ки дар ҷараёни ин ҳамойиш ширкат дорад, иттилоъ дод, ки  дар рафти чорабинии мазкур мутахассисон асосан дар мавриди проблемаи норасоии кадрҳо аснои ба таълим фаро гирифтани атфоли имконияташон маҳдуд ҳарф мезаданд.   Зимнан, Ҷалолиддин Амиров, мудири як шӯъбаи вазорати маориф илова кард, ки на фақат барои таълими ин гурӯҳ, балки барои ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони солим низ кадр намерасад. «Маоши ками омӯзгорон агар як омили норасоии муаллимон бошад, аз ҷониби дигар ҷомеа ба ин табақа таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад. Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ мо тариқӣ квота довталабонро ба донишгоҳу донишкадаҳо ҷалб мекунем, аммо пас аз хатми он муаллимони оянда ба ҷои кор ҳозир намешаванд»,- афзуд Амиров.

Ба гуфтаи ӯ, дар замони шуравӣ ҳам ин гуна мутахассисонро дар берун аз Тоҷикистон омода мекарданд. «Ҳатто вазорати маорифи Русия ба мо барои омода кардани омӯзгорон ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд кӯмак пешниҳод карда, чанд ҷой ҷудо кард. Мо эълон кардем, аммо касе ҳозир нашуд, яъне ягон хоҳишманд пайдо нагардид».{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!