Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:40

Корҷӯён соҳиби кор мешаванд?

17 май 2011, 04:49

Рӯзи  20-уми майи  соли равон дар бинои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод барои ҷавонону  занони   корҷӯ  баргузор мегардад.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират хабар доданд, ки  ин чорабинӣ  бо ташаббуси вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва  Кумитаи кор бо занон ва оила ташкил карда шудааст .  Дар ярмарка роҳбарон ва масъулини корхонаю муассисаҳо ва дигар корфармоён иштирок намуда, ҷойи кории холӣ марбут ба касбҳои занонаро  аз   ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ  дар соҳаи сохтмон, маориф, тандурустӣ, хизмати маишӣ     пешниҳод  менамоянд. Инчунин ба шахсоне, ки ихтисос надоранд барои азхуд намудани  касбу ҳунарҳо ба муассисаҳои таълимии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират роҳхат дода мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!