Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:32

17 нерӯгоҳи дигар бо иқтидори 7,9 ҳазор кВт бунёд мегардад

30 сентябр 2011, 04:49

Дар Тоҷикистон барномаи дарозмуддати «Бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» бо маром идома дорад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, барномаи мазкурро ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон 2 феврали соли 2009 қабул карда, тибқи он сохтмони 189 адад нерӯгоҳҳои барқи обии хурд бо маблағи умумии 123 млн. 134 ҳазор доллари амрикоӣ ва тавоноии 101,2 ҳазор кВт пешбинӣ шудааст.

Манбаъ афзуд, то 1 сентябри соли 2011 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони ватанӣ 20 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бо иқтидори умумии 2,5 ҳазор кВт сохта ба истифода дода шуд, ки дар маҷмӯъ 1 ҳазору 841 хоҷагӣ ва 12 адад биноҳои маъмуриро бо қувваи барқ таъмин менамоянд. Гуфтанист, сохтмони 17 адад нерӯгоҳи барқи обии хурд, ки иқтидори умумиашон 7,9 ҳазор кВт мебошад,  ҳоло идома дорад.

Маврид ба тазаккур аст, ки нерўгоҳи хурди обии «Марзич», ки ахиран дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба истифода дода шуд, 256 –умин буда, миёни нерўгоҳҳои хурди Тоҷикистон бо иқтидори 4,3 мегаватт калонтарин маҳсуб меёбад. Ин нерўгоҳ бо маблағгузории давлат ва қарзии Бонки исломии рушд сохта шуда, арзиши сохтмони он зиёда аз 4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!