Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:56

Тағйир

30 сентябр 2011, 08:29

Дар кишвари мо ҳеч раисе худро ходим надониста ва ҳамеша аз ҷойгоҳи соҳибу махдум ба дигарон бархӯрд доштаву доранд.

Ба назар мерасад дар маҳдудаи минтақаи мо тағйире ҷиддӣ ва бунёдӣ дар ҳоли шакл гирифтан аст. Тағйире, ки метавонад ба манфиати миллии мо хатар эҷод кунад. Дар Русия, ки ҳамеша кишвари аслии таъсиргузор дар ҳама ҷанбаҳои зиндагии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто фарҳангии мо буда, президент Медведев ба ҷои худ сарвазири Русия Владимир Путинро пешниҳод кард. Ҳарчанд ба зоҳир ин масъала аз пеш, яъне чор сол қабл, вақте Путин ба ҷои худ Медведевро пешбарӣ намуд, ҳалшуда маҳсуб меёфт, бо ин вуҷуд як тамоюли тоза дар интихоботи кишварҳои пасошӯравӣ метавонад арзёбӣ гардад. Азбас кишварҳои дигари ин ҳавза дар хеле корҳо аз Русия пайравӣ мекунанд, агар дар ин замина ҳам аз пайи Русия раванд, солҳои наздик метавон шоҳиди тағйироти ҷиддӣ дар ин ҳавза буд.

Аз сӯи дигар воқеан Путин ҳамеша аз дидгоҳи манфиати Русия ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, муносибат доштааст. Агар борҳо ба шарики стратегӣ будани ду кишвар таъкид карда бошаду бошанд ҳам, манфиати Русия ҳамеша дар авлавият қарор доштааст. Гузашта аз ин ҳеч кишвари ҷаҳон дар ҳофизаи таърихияш садоқат аз Русияро захира накарда. Ҳар гоҳ, агар дар ростои манфиати  миллии Русия буда, ба манфиати шарик ё шарикон ба роҳативу осонӣ пушт гардондаанд. Дар мисоли бунёди иншоотҳои роҳбурдӣ ва бунёдии Тоҷикистон, мисли неругоҳи Роғун, то ҳол Русияи путиниву медведевӣ дар ҷониби манфиати миллии Тоҷикистон набудаанд. Шояд пас аз дубора сари қудрат омадани Путин низ ин раванд тағйир наёбад. Пас, суоли роҳбурдӣ ин аст, ки Тоҷикистон барои рӯёрӯӣ ба ин тағйир чӣ роҳу роҳкоре биандешад? Албатта, посухи ин пурсиш дар ҳаду андозаи як рӯзноманигор нест, балки стратегҳои ҳукумат (агар ҳастанд!) бояд дар ин маврид биандешанд ва дар андозаи лозим ҷавобҳои мантиқӣ барои афкори умумӣ ироа намоянд.

Аз сӯи дигар тағйире дар ягона ҳизби таъсиргузор ва ё ҳадди аққал чунин арзёбишавандаи кишвар низ дар сатҳи раҳбарӣ тағйире сурат гирифт. Ин тағйир низ ҳарчанд пешгӯишаванда буд, аммо худро на раис, балки ходими аъзои ҳизб эълом доштани Кабирӣ, ки дубора раиси ҳизб интихоб шуд, метавонад оғози тағйире бошад. Зеро дар кишвари мо ҳеч раисе худро ходим надониста ва ҳамеша аз ҷойгоҳи соҳибу махдум ба дигарон бархӯрд доштаву доранд. Албатта, ҳанӯз ҳеч тазмине нест, ки дигарон аз ин изҳороти Кабирӣ таъсир мепазиранду тағйир меёбанд. Аммо агар ҳадди ақал чунин руҳия дар байни бахше аз раисон низ шакл бигирад, ҳатман метавон интизори тағйирро дошт.

Гузашта аз ин ҳама тағйир як нишон, як омили аслие аз пешрафт будаву ҳаст. Агар тағйире сурат намегирад, ҳадди аққал интизори тағйир будан ва зарурати тағйирро гӯшзад кардан аз манфиат холӣ несту дар ростои адои рисолат мебошад. Ё не?{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!