Бахшҳо
01 апр 2015 12:07Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Олимпиада дар Марказӣ тестӣ: Таҷрибаи наву сабки куҳна?

Имсол олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагонро на Вазорати маориф ва илм, балки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. Ба иттилои Эҳсон Хушвахтов, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм дар ин бора фармоиши вазир ҳам содир шудааст.

Умед Сафаров, муовини раиси Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста дар назди Вазорати маориф ва илм ба “Озодагон” гуфт, ки имсол баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ рӯзҳои 4-ум ва 5-уми апрели соли 2015 ва аз фанҳои равияи табиӣ-риёзӣ рӯзҳои 11-ум ва 12-уми апрели соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.

Олимпиада дар Марказӣ тестӣ: Таҷрибаи наву сабки куҳна?Ба гуфтаи Умед Сафаров имсол 200 нафар дар озмуни ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва 180 нафар дар озмуни фанҳои равияи табиӣ-риёзӣ иштирок мекунанд: “Танҳо хонандаҳи синфҳои 11 иштирок мекунанд ва имсол ин озмун дар бинои гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор хоҳад шуд, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илм шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ дар баробари Маркази милии тестӣ дар баргузории он саҳм мегирад”.

Ба уҳдаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудани баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон чанд сару садоро ба вуҷуд овардааст. Баъзе аз хонандагон ва волидайни онҳо мегӯянд, ки дар солҳои пеш, вақте хонанда сазовори ҷойи аввал ва ё 2-юму 3-юм мегардид, онҳо вобаста ба фанне, ки сазовори мақоми ифтихорӣ гаштаанд замони вуруд ба макотиби олӣ дар ихтисоси муртабит аз имтиҳоноти вурудӣ озод мешуданд.

Имсол, Маркази миллии тестӣ мегӯяд, ки тамоми довталабон бояд дар имтиҳоноти ин Марказ ширкат кунанд ва танҳо баъди соҳиб шудан ба холи гузариш имтиёзе, ки ба онҳо вобаста ба ғолибият дар олимпиадаҳо дода шудааст, изофа мешавад.

Ситорабону Назарова, сухангӯйи Маркази миллии тестӣ, мегӯяд, ки ин қоида ба ғолибони озмунҳои байналмилалӣ ҳам дахл дорад: “Олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалие, ки довталабон дар онҳо ғолиб шудаанд ва ё дастовард доранд, бояд дар соли имтиҳонӣ баргузор шуда бошад. Яъне дастовардҳои довталабон танҳо дар сурате ба инобат гирифта мешаванд, ки онҳоро дар давоми соли таҳсиле, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро месупоранд, соҳиб шуда бошанд. Агар довталаб ҳамзамон ба якчанд гурӯҳи имтиёздор дохил шавад, яъне барои гирифтани чанд имтиёз ҳақ дошта бошад, ба ӯ балли имтиёзии баландтарини муқарраршуда дода мешавад”.

Олимпиада дар Марказӣ тестӣ: Таҷрибаи наву сабки куҳна?Ба гуфтаи Ситорабону Назарова агар довталаб дар имтиҳоноти Маркази тестӣ холҳои гузаришро соҳиб шавад, баъдан бонус ё имтиёзи иловагие, ки ӯ аз ҳисоби ғолиб шудан дар олимпиадаҳо ба даст овардааст ба балли имтиҳоноташ зам мешавад: “Ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)-и интихобкарда соҳиби медали ҷойи якум ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илм гардидаанд 100 бал мегиранд. Ва ғолибони ҷойҳои 2 ва 3 низ мутаносибан соҳиби 75 ва 50 бал мегарданд.

Ба иттилои Маркази миллии тестӣ чунин бал ба ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба истиснои озмунҳои фосилавӣ), ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)-и интихобкарда соҳиби ҷойҳои 1,2 ва 3 шудаанд, дода мешавад.

Сухангӯйи Маркази миллии тестӣ ҳамчунин мегӯяд, ки дар имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ барои гурӯҳҳои муайяни довталабон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо муқаррар гардидаанд: “Имтиёз ба довталабон пас аз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар ҳолати гирифтани холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои дахлдор, ки онҳоро ҳар сол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, дода мешавад”.

Чунин гуруҳи имтиёздорон ба иттилои Назарова маъюбони гуруҳи 1 ва 2 (агар хулосаи комиссияи тиббӣ таҳсили онҳоро раво дониста бошад), ятимони кулли то синни 21-сола ва дастовардҳо дар соҳаи санъату варзиш вобаста ба ихтисосҳои ҳамгун мебошад. Манбаъ таъкид кард, ки ин дастовардҳо агар дар сатҳи байналмиллалӣ марбут ба соҳаи санъат бошанд, аз замони соҳиб шудан набояд бештар аз ду сол гузашта бошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)