Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:39

Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон –АФРӮЗ хостори озодии ҳар чӣ зудтари журналисти тоҷик шуд

30 сентябр 2011, 12:18

«Дархости 16 соли зиндон барои Муҳаммадюсуфюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» боиси нигаронии шадиди мо ва ҳатто эҷоди навъе даҳшат дар миёни маҳофили хабарнигорӣ шудааст.


Мо бар он боварем, ки М. Исмоилов маҳз бо сабаби дар матбуот чоп шудани матолиби интиқодияш мавриди таъқиб қарор гирифта ва маҳкум мешавад». Дар ин бора зимни як баёнияи интишоршуда аз ҷониби созмони байналмилалии журналистони форсизабон омадааст. Зимнан, аъзои раёсати «АФРӮЗ» навиштаанд, беш аз 10 моҳ дар маҳбас нигаҳ доштан ва дархости ҳукми 16 соли зиндон ба М.Исмоилов, на танҳо ба хотири муҷозот ба амалкарди ўст. Балки ин иқдом интиқоми як гурўҳ афроди соҳибмансаб, ки дасти дарозе ба қонун доранд ва бо ҳадафи маҳдуд сохтани озодии баён ва эҷоди тарс ва ҷилавгирӣ аз воқеънигории хабарнигорон сурат мегирад. Аммо дар ҳар сурат муҳим ин аст, ки ин амалкард бар зарари озодии баён дар Тоҷикистон аст ва бар имиҷи байналмилалии кишвар ба шидддат латма мезанад.

«АФРӮЗ» мегӯяд, дархости 16 сол ҳукми зиндон барои изҳори андеша, ҳатто бигузор барои лафзи олуда бо таҳқиру тавҳин ҳам, Тоҷикистонро дар ақсои олам шарсмор хоҳад кард. Дар ҳоле ки мо мутмаин нестем, ки мавриди тӯҳмату таҳқир дар матолиби ин муаллиф ҷой дошта бошад. Ин хабар башиддат дар саросари олам мунташир хоҳад шуд. Ба шиддате, ки Тоҷикистон имкони тавзеҳи онро нахоҳад дошт.  Агар ин иттифоқ биуфтад, Тоҷикистон мутмаинан душмани озодии баён ва тӯлонитарин зиндон барои рузноманигорӣ унвон хоҳад шуд.

Дар охири баёния ва ё худ изҳороти «АФРӮЗ» омадааст: «Анҷумани байналмилалии рўзноманигорони форсизабон аз тўл кашидан ва печида шудани қазияи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов нигарон аст ва талаби ҳарчӣ зудтар озод шудани ўро дорад. Мо аз Президенти Тоҷикистон тақозо мекунем, ки ба унвони кафили озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ин қазия мудохила кунад».{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!