Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:10

Зери суол рафтани фаъолияти як ниҳоди байналмилалии амниятӣ

2 май 2011, 09:50

Бо гузашти наздик ба як сол аз таъсиси гурӯҳи муштарак зери унвони «Гурӯҳи чоргона-хатсайри шимолӣ» коршиносон фаъолияти онро муассир намедонанд.

 

Бори нахуст зарурати ташкили гурӯҳи муштараки корӣ аз ҷониби сарвари Оҷонсии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистон дар 27-умин конфронси байналмилалии зидди маводи мухаддири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки моҳи апрели соли 2010 дар шаҳри Рио-де Женейро сурат пазируфт, пешниҳод гардид. Моҳи сентябр намояндагони Оҷонсии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон, Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия, Вазорати умури дохилаи ҷумҳурии исломии Афғонистон ва намояндагони ДЕА-и Амрико дар Маскав гирди ҳам омада аз таъсиси гурӯҳи муштараки «Гурӯҳи чоргона-хатсайри шимолӣ» эълом доштанд. Мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ки ба қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ба Русия машғуланд, аз асоси кори гурӯҳ унвон шудааст. Давоми як соли фаъолият гурӯҳи корӣ ба ошкор ва қатъ намудани якчанд гурӯҳи ҷиноятпеша муваффақ шудаанд.

Сардори раёсати фаврӣҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистон Муртазо Ҳайдарзода мегӯяд, зимни амалиёти муштараке дар заминаи гурӯҳи чоргона фаъолияти як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша дар шаҳри Душанбе қатъ шуд ва аз қочоқбарон бештар аз 10 кило афюн мусодира гардид. Раҳбарии ин гурӯҳро шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон бар ӯҳда доштаанд.

Тибқи омори расмӣ «гурӯҳи чоргона» дар охири моҳи октябр низ амалиёти муштараки «таҳвили назоратшаванда»-и маводи мухаддир анҷом дода, ду аъзои   гурӯҳи ҷиноятпешаро, ки яке шаҳрванди Тоҷикистон ва дуввумӣ табааи Русия будаанд, дастгир кардаанд. Ин афрод мехостаанд, чизе бештар аз 10 кг афюнро ба Русия интиқол диҳанд.

Намояндагони оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, миёни ниҳодҳои шомили «Гурӯҳи чоргона» пайваста мубодилаи маълумоти оперативӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла  маълумоти фаврӣ нисбат ба озмоишгоҳҳои тавлиди ҳероин дар шимоли Афғонистон ва ашхоси ба қочоқи маводи мухаддир аз давлати исломӣ дастдошта мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Коршиносон ҳарчанд зарурати таъсиси чунин гурӯҳҳои муштаракро зарур мешуморанд, аммо натиҷаи кори яксолаи «гурӯҳи чоргона»-ро муассир намедонанд. Ба қавли онҳо дар ҳоле, ки барои ташкили чунин гурӯҳ   маблағҳои зиёд сарф шудааст, онҳо танҳо ба боздошти чанд гурӯҳи хурди ҷиноятпеша ва он ҳам бо миқдори на чандон зиёди маводи мухаддир муваффақ шудаанд.

Назаралӣ Пирназаров, хабарнигори тоҷик, ки чандин матлаб дар бастагӣ ба вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон навиштааст рушди ҳамкориҳои муштаракро дар ҳоле муҳим арзёбӣ мекунад, ки он на ба таври якҷониба, балки бо талошҳои тарафайн ба роҳ монда шавад. Ба иддаои ӯ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳанӯз ҳам аз сарчашмаи аслии даромади тероризми байналмилалист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он мубориза мебарад:

-Фикр мекунам, танҳо дар пайи ҳамкориву ҳамбастагии кишварҳо, аз ҷумла бо Русия, ки аз истифодабарандаи аслии маводи нашъадори гуруҳи афюн аст ва Тоҷикистон, ки бо Афғонистон (истеҳсолкунандаи аслии маводи нашъадор) 1344 км марзи якҷоя дорад, мешавад пешрафтҳое намуд. Дар сурати талошҳои якҷониба дар мисоли Ӯзбакистон ва Туркманистон, ки аз қаламравашон на камтар аз нишондодҳои Тоҷикистон маводи нашъадори Афғонистон мунтақил мешавад, дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир наметавон кори назаррасе анҷом дод.

Зимнан, соҳибназарони тоҷик иддао доранд, ки Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон дар алоҳидагӣ баъзан ба натиҷаҳои беҳтаре дар самти ошкор ва қатъ кардани гурӯҳҳои қочоқбари муташаккил даст ёфтааст. Зимнан, дар пайи як амалиёти вижа кормандони Оҷонсӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд панҷ нафар узви фаъоли як гурӯҳҳи ҷиноятпеша бо шумули раҳбари он-Наҷмиддинов Р. ва як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудаанд.

Дар ҳамин ҳол ба омори расмӣ дар се моҳи соли 2010 дар Тоҷикистон беш аз 1 760 кг маводи нашъадор мусодира кардаанд. Аз ин 282 килояшро кормандони  Агентӣ ва боқимондаро мақомоти ВКД, Хадамоти гумрук, КДАМТ, сарраёсати нерӯҳои сарҳадӣ кашфу забт кардаанд. Мусодираи маводи мухаддир дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба ҳадди бештар аз 40 дар сад зиёдтар будааст.

Муртазо Ҳайдарзода, сардори раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистон гуфт, нишасти навбатии «Гурӯҳи чоргона-хатсайри шимолӣ» аввалҳои моҳи март дар шаҳри Кобули Афғонистон баргузор шуд.

-Дар нишаст маълумотҳои зиёд ҳам аз ҷониби Агентии мо, ҳам аз сӯи намояндагони Русияву Афғонистон ва намояндагони ДЕА-и Амрико пешниҳод гардид ва ман боварии комил дорам, ки дар нимсолаи дуюм натиҷаи дилхоҳ ба даст меорем.

Дар ҳамин ҳол, Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистон аз оғози амалиёти навбатии “Кӯкнор-2011” хабар дод. Амалиёти мазкур аз якуми май шурӯъ гардида, то охири моҳи ноябр идома хоҳад кард. Дар ҷараёни он тамоми ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир талош ҳоханд кард. Ба иттилои расмӣ амалиёти «Кӯкнор-2011» танҳо дар қаламрави Тоҷикистон анҷом мешавад.

Абдулазизи ВОСЕЪ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!