Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:15

Милисаҳо дар Восеъ даст ба дуздӣ заданд

1 октябр 2011, 05:46

Прокуратураи ноҳияи Восеъ 6-нафар аз кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ҳамин ноҳияро дар дуздии моликияти шахсии сокинони ноҳия гумонбар медонад.


Охири моҳи июли ҳамин сол, тахминан соатҳои 1 ба 2-и нимашаб соҳибкор аз «Маркази савдо» Абдуҳалим Шарипов, дар якҷоягӣ бо ду тан аз наздиконаш аз дохили дӯкони савдогариаш як корманди шӯъбаи хадамоти давлатии муҳофизаи ШКД, сержанти милиса Баҳриддин Шарифовро, ки он лаҳза вазифаи посбониро дар «Маркази савдо» ба ӯҳда доштааст, ҳангоми дуздидани маводи хӯрока боздошт мекунанд. Тибқи хабари расида, сар аз оғози соли 2011-ум, дар аксари дӯконҳои ҳамин марказ маводу маҳсулоти гуногун ғайб мезаданд,   вале дуздон номаълум боқӣ мемонданд. Танҳо баъди шабзиндадорӣ ва пай ҷустан аз ҷониби ин соҳибкор, ки воқеан якчанд маротиба молаш ба яғмо рафта буд, дуздон ошкор гаштанд.

Ба иттилои Музаффар Юсуфов, муовини прокуррори ноҳия, тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки давоми имсол кормандони шӯъбаи хадамоти давлатии муҳофизаи ШКД-и ноҳияи Восеъ Шарифов Б, Шарифов О, Ҳусайнов А, Абдураҳмонов Н, Муҳиддинов С  ва Хоҷаев Ҷ , ки дар асоси шартнома бо «Маркази савдо» вазифаи посбониро иҷро мекардаанд, аз рӯи маслиҳати пешакӣ шабона ба дӯконҳои соҳибкорон, ки зери нигаҳдориашон қарор доштаанд, ба тариқи пинҳонӣ даромада, маҳсулоту ашёи дилхоҳашонро медуздидаанд.

Дар ин маврид, дар прокуратура тафтишоти парвандаи ҷиноятии «милисаҳои дузд» ба анҷом расида, барои моҳиятан баррасӣ гаштан ба суд ирсол ёфтааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!