Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:58

Барои кӯдакон алтернативаи боғча роҳандозӣ мешавад?

1 октябр 2011, 03:00

«Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ». Унвони мизи гирдест, ки 6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин нишаст бо дастгирии барномаи «Қадам ба қадам»-и Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон созмон ёфтааст.

Ҳадафи асосии баргузории мизи гирд муайян кардани фаъолияти минбаъда дар ростои рушди босуботи таҳсилоти барвақтии кӯдакон дар Тоҷикистон тавассути таъсиси моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ мебошад. Дар мизи гирд намояндагони «Бунёди рушди кӯдак» аз ҷумҳурии Лаҳистон, намояндагони дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва молияи кишвар, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, шӯъбаву идораҳои маориф аз шаҳри Душанбе, вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва директорони марказҳои озмоишии барнома иштирок мекунанд.

Барои татбиқи ташаббуси «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ дар минтақаҳо» дар доираи лоиҳаи барномаи «Қадам ба қадам» моҳи сентябри соли 2011 намояндагони вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳаллӣ, шӯъбаву идораҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ барои таҷрибаомӯзӣ аз фаъолияти «Бунёди рушди кӯдак»-и Лаҳистон сафари омӯзишӣ анҷом доданд.

Маълумот аз «Озодагон»: Марказҳои ҷамъиятӣ-муассисаҳои ҷамъиятии тарбияи томактабӣ буда, барои таъмини ҳуқуқ ба таҳсилоти сифатноки кӯдакони аз 3 то 7-сола, ки бо сабабҳои гуногун ба боғчаҳои кӯдакона фаро гирифта нашудаанд, таъсис дода мешаванд.

Бояд зикр кард, ки дар мамлакат танҳо 7 фоизи кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд ва аксаран дар деҳот кӯдакони синни томактабӣ аз ин муассисаҳо дар канор мондаанд. Ин нуктаро ба назар гирифта, барномаи «Қадам ба қадам»-и ИҶК-БМ дар Тоҷикистон аз соли 2003 лоиҳаи «Омода кардани кӯдаконро ба мактаб тавассути волидон» дар объектҳои озмоишии барнома роҳандозӣ мекунад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!