Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 24 январ 2019, 10:56

(ВИДЕО) Орзу Исоев: Чеҳраҳои сиёсиро барои худ қаҳрамон интихоб накардаам

9 апрел 2015, 10:24

Суҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодагон” Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО бо Орзу ИСОЕВ, рӯзноманигор ва шоири тоҷик баъди нашри китоби шеъраш бо номи “Он сӯи ёдҳо” анҷом шуд. Дар ин суҳбат Орзу Исоев дар баробари вижагӣ ва тафовути ин маҷмӯа аз дафтарҳои қаблии шеъраш, инчунин аз мушкилоти замони кӯдакиву ҷавонӣ, баҳсҳои додгоҳӣ ва иштибоҳи сиёсатмадорон ҳарф зад.


“ШЕЪР БАРОБАРИ МУАЛЛИФАШ БУЗУРГ МЕШАВАД”

“Озодагон”: Шуморо барои нашри маҷмӯаи аввалини шеъратон табрик мегӯем. Бигӯед, ки он чи вижагиҳое дорад?

Орзу Исоев: “Шумо дуруст қайд кардед, ин маҷмӯаро метавон маҷмӯаи аввалин номид. Зеро, то ин маҷмӯа - ду дафтари кӯчаки шеъри ман чоп шуда буд, ки он дафтарҳоро маҷмӯа ҳисоб кардан намешуд, онҳо фақат дафтари шеърӣ буданд. Аммо китоби “Он суйи ёдҳо” аввалин маҷмӯа аст, ки аз 220 саҳифа иборат аст ва нашриёти “Эр-граф” интишори онро ба анҷом расонд. Тафовути ин маҷмӯа аз он ду дафтари қаблӣ хеле зиёд аст, аз замин то осмон ҳам бигӯем, хато намекунем. Муҳтавои шеърҳое, ки дар ин китоб гирд оварда шудаанд, аз он шеърҳое, ки дар ду дафтари кӯчаки қадимӣ буданд, тафовут доранд. Ин шеърҳо, дар қиёс бо шеърҳои дафтарчаҳои қаблӣ нисбатан булуғ кардаанд, ҳам аз ҷиҳати интихоби мавзӯъ, ҳам аз ҷиҳати инъикоси ҳаводис хеле пӯхтаанд. Мазмунҳои мухталифи рӯзгори мардумро дар бар мегиранд. Фикр мекунам, шеър ҳам баробари муаллифаш бузург мешаванд, ҷавон мешаванд, оҳиста оҳиста ба балоғат мерасанд, камол меёбанд ва пир мешавад”.

Озодагон: Дар маҷмӯаҳои қаблӣ бештар ба эҷоди шеърҳои лирикӣ қалам фарсудаед, аммо тавре аз сарсухани китоб, ки навиштаи устод Исфандиёри Назар аст, бармеояд, дар ин маҷмӯа шеърҳои иҷтимоӣ ҳам сурудаед. Далели ба шеърҳои иҷтимоӣ рӯ оварданатон чи аст?

Орзу Исоев: “Дар дафтарчаҳои қаблӣ низ шеърҳои иxтимоӣ буданд, аммо аз лиҳозе, ки он замон нашр шуда буданд, ҳолу ҳавои он замонро дошт. Яъне, шуру валвалаи ҷавонӣ, шинохти дунё аз дидгоҳи як ҷавон. Ва то чанд ки мо ба умқи масоили зиндагӣ фурӯ меравем ё ин ки масоилро аз зовияи як инсони мукаммал мехоҳем таҳлил кунем, мазмунҳо шакл мегиранд, дигаргун мешаванд. Бинбар ин дар ин китоб шеърҳои иҷтимоӣ аз рӯзгори ҳамарӯзаи мо аст, ки мо ҳама рӯз бо ин ҳаводис рӯ ба рӯ ҳастем. Яъне, масъалаи ҳуқуқи зан, масъалаи муҳоҷират, масъалаҳои тарбия, хусусан масъалаҳое, ки ба духтарҳо алоқамандӣ дорад, дар қисми аввали ин китоб дарҷ гардидаанд”.



“ДАВРАИ КӮДАКИИ МАН НАМЕТАВОНАД АЗ РӮЗГОРАМ ҶУДО БОШАД”

Озодагон: Чаро номи китоб “Он суйи ёдҳо” интихоб шуд?

Орзу Исоев: “Он суи ёдҳо” номи як шеърам аст. Ин шеърест, ки зиндагии 38- соли маро таҷассум мекунад. Зиндагие аст, ки дар ёдам ҳаст. Дар 4-солагӣ издивоҷи волидайн аз ҳам пошид ва ҳар кадоме роҳи алоҳидае дар зиндагӣ интихоб карданд. Ин як зарбае буд, ба қалби кӯчаки ман, ки ҳанӯз чаҳор сол доштам. Баъдан, ки байни васли ману падар сӣ сол фосила афтод, яъне аз чаҳор солагӣ то 34 солагӣ, баъди ин фосилаҳо зиндаги моро ба ҳам овард. Шеъри “Он суйи ёдҳо” таҷассуми сангинии ҳамон сӣ сол аст. Таҷассуми ранҷҳо ва ҷустуҷӯҳои як кӯдаке, ки дар ҷодаҳои зиндагӣ рӯ меорад ба як қалбе, ки заррае меҳр дошта бошад. Ҷустуҷӯҳои кӯдаке мебошад, ки ниёз ба як дасте дорад, ки бояд рӯи сараш сояандозӣ кунад. Ин саргузашти худи ман аст”.

Озодагон: Замони кӯдакӣ бо чӣ гирудорҳое гузашт?

Орзу Исоев: “Даврае, ки ба ёд оварданаш ҳам ҷолиб нест. Даврае, ки наметавонад аз рӯзгори имрӯзаи ман ҷудо бошад ва ҳам намехоҳам, ки бо имрӯзи ман пайванд бошад. Чун мисли давраи зиндагии муътадилу муқаррарии як кӯдак набуд. Мисли рӯзгори маъмулии дигар кӯдакон набуд. Шояд, мисли ман садҳо кӯдакони дигар буданд, ки аз меҳри падар ё модар маҳрум буданд, вале дар маҷмӯъ, шеъри “Он сӯи ёдҳо” таҷассумгари рӯзгори ҳамаи кӯдаконест, ки дар вақти шукуфтан, дар вақте, ки ниёз доранд ба бӯй кардани домони модар ё ин ки ламс кардани дастони гарми падар, дар ҳамон вақт, аз ин неъмат маҳрум шуданд, таҷассумгари он ҳама дард аст. Ононе буданд, ки муҳаббати падарро ба серӣ надидаанд ё ин ки меҳри модарро ба таври кофӣ натавонистанд, ки бубинанд ва рӯзгори худро пайдо кунанд. Рӯзгори ман ҳам чунин буд.

Тавре гуфтам, чаҳор сола будам, ки волидайнам аз ҳам ҷудо шудо шуданд. Баъд аз ин моҷароҳои тӯлонии додгоҳиву баъдан ором гирифтани ҳар ду ҷониб- ҳам падар ва ҳам модар, рӯзгор ғайричашмдошт шурӯъ шуд, рӯзгоре, ки шабеҳи одамоне буд ки зиёд аз як ҷо ба ҷои дигар кӯч мебанданд. Яъне, оилаи мо аз як ҷо ба ҷои дигар кӯч бастанд. Ин рафтанҳову велгардиҳо, ин ҳама чашидани заҳри талхи ятимӣ, эҳсос кардани таҳоҷуми босабабу бесабаби падарандар, дурии падар, набудани як мутако, набудани дасте, ки бояд ҳодӣ бошаду барои ту раҳнамоӣ кунад. Ҳамон холигоҳе, ки ҳаст, ин холигоҳ то охир боқӣ мемонад. Яъне, ин ки дар чаҳор солагӣ падару модар аз ҳам ҷудо мешаванд: яке оилаи ҷадид барпо мекунад, дигаре ҳам оилаи ҷадид месозад. Дар ин миён, мисли устухоне, ки дар гулӯ дар мемонад, ҳамин кӯдак аст, ки дар гулӯи зиндагии падару модар ҳамчун як устухон дар мемонад. Буданаш ҳам ба манфиати на ҳар ду тараф аст, набуданаш ҳам то ҳадде барои ҳар ду ҷониб манфиатовар бошад. Ба ин хотир тасаввур кунед, ки рӯзгори кӯдаки дар меҳвари ин ҳаводис чӣ гуна мешавад”.

Озодагон: Бархе ба ин иншора мекунанд, ки пас аз рӯ задани баҳс бо ширкати “Q-net”, ҳамчунин баҳсҳои додгоҳӣ аз журналистика як кам канор рафтед. Чиро?

Орзу Исоев: “Аслан ман дар рӯзномаи “ИмрӯзНюз” менависам. Аммо аз радио канор рафтанам, чанд сабаб дошт. Сабаби нахустин, агар фишори иддае аз нафароне бошанд, ки аз берун кушиш карданд, монеъа эҷод кунанд. Сабаби дигар ин давутозу саргардониву даъватҳои пай дар пай ба мақомоти қудратӣ буд, ки маро хеле хаста мекард, намегузошт кор кунам, матлабе иншо кунам. Ин моҳҳо, ба вижа шаш моҳи охири соли 2014 сангинтарин авқоти ҳамин сол буд. Ман медонам, ки дар нишасти хабарӣ - Сайҳомид Маҳмудов зикр кард, ки аз пайвандони Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аст ва инро худаш иқрор шуд. Ман дар ҳайратам, ки як ширкате, ки воқеан ба мардумфиребӣ машуғул асту нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, мақомоти қудратии салоҳиятдори Тоҷикистон ин масъаларо омӯхта намебанд. Ман дар ҳайратам, вақте ки як нафар аз ин ё он ҳизб даст ба як коре мезанад, як нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ё он равандҳои экстремистӣ шомил мешаванд, мақомоти қудратии мо дар як фурсати кутоҳтарин ӯро пайдо мекунанд, яъне, фаъолияташро маҳдуд месозад, метавонанд, ки дар чаҳорчубаи қонун ба ҷавобгарӣ кашанд. Аммо дар ҳайратам, ки чаро як ширкате, ки нуфузи Тоҷикистонро ба зери по меандозад, ба ҳамаи муштариёнаш мегӯяд, ки шумо аз ин мамлакат умедвор набошед, ба ҳамаи муштариёнаш мегӯяд, ки ин давлат ин мамлакат ин сохтор ба шумо чизе дода наметавонад ва хондани шумо панҷ сол дар макатабҳои олӣ шояд беҳуда будааст, шумо бояд дунболи тиҷорати мо биравед, яъне, ман шуморо фиреб дода як соати ночизе ки панҷоҳ дуллор фурӯхта наметавонед, соатро 200 ҳазор дуллор харидорӣ мекунед, боз ҳамин хел мисли худатон ду нафари дигар ёфта боз ҳам ин соати ночизро мехаред. Яъне, соат ва маҳсулоте ки онҳо пешниҳод мекунанд, як баҳона аст, барои рӯзи мабодо ки агар пурсанд, барои чӣ ин тавр кардӣ, мегӯяд мол фурӯхтам. Ягона баҳонае, ки молфурӯшии онҳоро собит кунад, ҳамин ашёҳои ночизу нодаркоранд. Аммо ман дар ҳайратам, ки чаро мақомоти мо бо ин қадар қудраташон садди роҳи мардумфиребӣ намешаванд?”

Озодагон: Яъне, ин баҳсҳо боис шуд, ки Шумо як каме аз журналистика фосила гиред?

Орзу Исоев: “На танҳо ин масъала. Хушбахтона, чанд моҳе, ки ман дар гирдоби мушкилоте, ки “Q-net” сари ман овард, давутоз доштам, ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пас дар охир хулосаи мантиқӣ ҳамин шуд, ки онҳо дигар натавонистанд, тасдиқи далелҳои пешкаш кардаашонро пайдо кунанд, ба ин хотир мурофиа анҷом пазируфт. Бо назардошти он ки далелҳои пешниҳодии онон тасдиқ нашуданд ва ин марҳилаи тулоние буд, ки метавонист дар мудати кутоҳ ҳал шавад, вале намедонам чӣ дасте буд, ин кор тул кашид. Доиман мегуфтанд, намояндаи ваколатдори онҳо бемор аст, баъд биёед. Бо ин минвол чандин моҳ гузашт. Ин як тарафи масъала. Масъалаи дигар ин буд, ки аз барномаҳои радиоӣ боз як куштори дигар дар ноҳияи Варзоб деҳаи Чағатай доир гардида буд, ки баъди баррасии ин масъала бародари мақтул баъди судури ҳукми додгоҳ рафта дар ноҳияи Варзоб хонаи қотилро оташ мезанад. Баъди чанд рӯз аризаи шикоятӣ ба мақомот ворид мешавад, ки баъди барномаҳои радиёии Орзу Исоев бародари мақтул омада, хонаи боҳашамати баландошёнаи моро оташ мезанад, сабаби асосӣ барномаҳои Орзу Исоев аст. Зарари хисороти хонаи баландошёнаи боҳашмати мо аз Орзу Исоев ҷуброн карда шавад. Яъне, аризаҳое буданд, ки ягон заминаи воқеӣ надоштанд ва барои исботи онҳо пажуҳиши дақиқ лозим буд”.

“ШЕЪР ЯК МАРҲИЛАИ ДИГАР ҲАЁТ АСТ”

Озодагон: Дар ҷомеаи мо, ки ба навъе шеързада аст ва имрӯз мебинем дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама “шоир” шудаасту шеър мегӯяд, чӣ чиз Шуморо савқ додааст, шеър гӯед ва ин мушкил нест?

Орзу Исоев: “Барои инсоне, ки ҳунари шоириву шеърнависиро дар ниҳодаш Худованд рехта аст, шеър гуфтан мушкил надорад. Шояд шеъргӯӣ барои афроде мушкил бошад, ки шеърро ба таври механикӣ ҷамъ мекунанд ва аз ҷиҳати зиёд омухтану аз бар кардани илми арӯз ва ғайра мушкил бошад. Аммо инсоне, ки шоир ба дунё меояд ва ин ҷавҳар дар вуҷудаш аст, ҳеч мушкил надорад. Баръакс шеър як дунёест, як марҳилаи дигари ҳаёти мову Шумо аст, ки ба чашм намерасад, фақат ба чашми шоир бармехӯрад. Яъне, шоир дар ҳамин дунёе, ки ҳаст, аз гирудор ва бархӯрдҳои замон худро дар дунёи шеъраш таскин медиҳад. Он ҳама бардоштҳое, ки аз дунё мекунад, яъне бардоштҳои зишт, зебо,сард, гарм, бардоштҳои ғамнок ва шоидоварро дар қолаби шеъраш мерезад. Ин мушкил нест, агар воқеан шоир бошад”.

Озодагон: Дар бархе кишварҳо, ба вижа кишварҳои ҷаҳони сеюм вақте як мутахассис, масалан рӯзноманигор ва ё сиёсатмадор дар касби худаш сонсур мешавад ё имконияти фаъолияташ маҳдуд мешавад, ба дигар чиз рӯй меоварад. Ё ба варзиш рӯй меорад ё ба фаъолияти хайриявӣ мепардозад, дар ҷомеаи шарқ бошад, ба шеъргӯӣ ё нависандагӣ машғул мешаванд. Ба шеъргӯӣ машғул шудани Шумо ин як навъ эътироз аст ва ё як навъ фосила гирифтан аз касби аслиатон?

Орзу Исоев: “Ман барои ба худ омадан, барои як нерӯи асосиро дар худ ҷамъ кардан такя ба аркони назм кардам. Чунки шеър дар ман буд ва ин чизи нав нест дар вуҷуди ман. Ман аз замони кӯдакӣ ба навиштани шеър пардохта будам. Дар замони донишҷӯ буданам, ҳисси шеъргӯӣ авҷ гирифт. Аммо ман сукут кардам, замоне, ки алакай ҳамчун рӯзноманигор дар вилояти Хатлон корро шурӯъ кардам. Рӯзноманигорӣ вақти зиёдро тақозо мекард ва кулли вақти ман сарфи гирдовардани матолиби рӯзноманигорӣ шуд. Бинобар ин ман аз шеър як каме дур рафтам. Дар зарфи 10-12 соле, ки ман бефосила дар расонаҳои хабарӣ кор кардам, яъне оғоз аз радиову телевизиону то маҷаллаҳо дар тули ин даҳ дувоздаҳ сол бо шеър “қаҳрӣ” кардам. Яъне, аҳди байни ману шеър канда шуд. Аммо баъди ҳаводиси охир ман нишастам, шеър эҷод кардам. Дар фосилаи ду моҳ ман як маҷмӯаи иборат аз 220 саҳифа омода кардам, ки фикр мекунам писанд меояд. Дар ин китоб боз таронаҳое гирд оварда шудаанд, ки сарояндаҳои машҳури мо, аз қабили Шабнами Сурайё, Нозия, Садриддин ва дигар ҳунармандони маъруф иҷро мекунанд”.

“СИЁСАТ БОЗИИ ХЕЛЕ ИФЛОС АСТ”

Озодагон: Барои рушд ва камолёбии Шумо бештар кӣ кумак кард, масалан аз аъзои хонавода бештар кӣ?

Орзу Исоев: “Куча ба ман кӯмак кард. Аз аъзои хонавода ҳеч кас. Ман гуфтам, ки издивоҷи волидайнам ба ҳам пошид ва падарам низ як зиндагии дигарро ихтиёр кард. Модарам низ издивоҷ кард. Яъне, ҳамаи онҳо бо масоили зиндагии худ сахт печида буданд. Ҳамаи онҳо доим атрофи муносибатҳои худ андеша мекарданд. Ман, боз мегӯям, мисли устухоне, ки дар гулӯ дармемонаду на роҳи рафтан ва на роҳи берун баромадан дорад, будам, худам бояд тасмим мегирифтам. Ман дар оила ягона писарам ва чаҳор духтари дигар ҳастанд, ки онҳо ҳама оила барпо карданд ва дунболи зиндагии худанд. Дар ин миён ман мондаму тасмимҳоям”.

Озодагон: Аммо волидайн дар зиндагии Шумо чӣ нақш доштанд?

Орзу Исоев: “Нақшашон бориз аст. Ин нукта рушан аст, ки мо падар ва модарро интихоб намекунем. Ман, масалан наметавонам, интихоб кунам ки аз байни ҳама мардҳои дунё аз ҳама марди беҳтарин падарам бошад. Ман надорам ин имконро. Волидайнро Худо барои мо интихоб мекунад. Ба ин хотир ман пеши ин воқеят таслимам. Кӣ ҳаст, чӣ ҳаст, чӣ кард, чӣ накард, дар зиндагии ман эҳтиромашро ба ҷо меоварам. Зеро онҳо муҷиби ба дунё омадани мананд. Шояд ҳамин сахтиҳову бачагиҳои пур аз ашку ниёзмандӣ сабаб шуд, ки ман ҳамеша пайи омӯзиш биравам ва кӯшиш кунам, ки дар зиндагӣ коре кунам, ки лоақал барои падарандарам писанд биёяд, ки ҳамеша мегуфт: “ту чизе нахоҳӣ шуд”. Мехостам дар оянда барои падарам исбот кунам ва бигӯям дидед, ки ман бе кӯмаки Шумо ҳам тавонистам кореро анҷом диҳам. Яъне, ин ҳама мушкилот дар пеши ман ҳадаферо мегузошт, ки ман бояд ҳатман ба он ҳадаф мерасидам. Ҳоло зиндаву саломатанд ва шукр мегӯям, ки ҳастанд. Ман рафту омад дорам ва бо ақли солим ончи аз сар гузашт матраҳ мекунем ва бо ҳам ҳарф мезанем. Аммо фақат як чиз, ҳамон тарқишҳо ва шикастапораҳое, ки зери путки ятимиву пунтки ниёзмандӣ майда майда шуда ба ҳар тараф пош хӯрданд, ки номаш муҳаббат буд, ин шишапораҳоро аз нав ҷамъ кардану пайвастанд мушкил аст, имкон надорад”.

Озодагон: Аз қаҳрамони матраҳи ҷаҳон, ба вижа чеҳраҳои сиёсӣ кӣ барои Шумо идеал аст?

Орзу Исоев: “Ман чеҳраҳои сиёсиро ҳеч гоҳ барои худ қаҳрамон интихоб накардаам ва минбаъд ҳам намекунам. Зеро, ҳамаи мову шумо медонем, ки сиёсат бозии хеле ифлос аст ва барои дар ин бозӣ муваффақ шудан, бояд аз баҳри баъзе арзишҳое, ки дар ботини худи инсон аст, гузашт кунӣ. Бояд касеро зери по кунӣ, зери пои касе чаҳ биканӣ, ки то ба он чаҳ бияфтад ва ту ба иртифоъ бирасӣ. Ман ҳич гоҳ дар симои сиёсатмадорон қаҳрамон намедидам ва ҳанӯз ҳам намебинам. Вазифаи мо, намояндагони расонаҳои хабарӣ дар умум ин аст, ки дар он симо-ниқобе, ки сиёсатмадорон барои худ месозанд, яъне одами идеалӣ, рафтори дуруст, гуфтор дуруст, кирдори дуруст, ҳама чизи дуруст ва чунин образ сохтаанд, вазифаи мост, ки дар ин обараз камбудӣ ёбем. Агар мо камбудиро наёбем, пас кӣ дар бораи ин камбудиҳо ҳарф хоҳад зад? Ҳарчанд, хоҳ сиёсатмадор, хоҳ сиёсатшинос аст, аз камбудӣ орӣ нест. Камбудии шахсии ӯ ба мо ҳеч рабте надорад ва ҷолиб ҳам нест, аммо мо камбудиии ӯро дар риштаи сиёсат ҷустуҷӯ кунем. Роҷеъ ба ин камбудӣ ҳарф бизанем ва сиёсатмадоронро водор кунем, ки роҷеъ ба ҳалли ин камбудӣ камар банданд. Зеро вақте шоир дар китобаш иштибоҳ мекунад, иштибоҳи зиёновар нест. Иштибоҳе нест, ки ба рӯзгори мову шумо таъсири зишт расонад. Вале иштибоҳи сиёсатмадор метавонад рӯзгори одамонро дар марҳилаи солҳои тулонӣ хароб кунад. Ман фикр мекунам сиёсат коре нест, ки дар он ба хато роҳ бидиҳанд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан ба хунарат акаи Орзу дар хакикат рузноманигори хуб хасти.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба бародари азиз Орзу дар чодаи шеъру шоири ва рузноманигори бурдборихо орзу дорем.
Посух додан
  • Салмон

  • 9 апрел 2015 11:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гап нест Орзу зинда боши шери нарй. Манхам мисли саргузашти ту барин саргузаштро паси сар кардаги астам лекин камтар бехтар.
Посух додан
  • Асилзода

  • 9 апрел 2015 11:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Орзу Осоев яке аз чехрахои намоён мебошад. Дар баъзе масъалахои доги руз фикри худро озодона баён менамояд, ки ин аз сохибчуръат будани у далолат мекунад. Мумкин аст, ки уро хачун зиёйи ном барем. Дар масъалаи Q net бо у сад дар сад рози хастам. Ин точирхои навбаромад манро хам ду сол кабл даъват карда, аз кори худ пропаганда бурданд. Лекин ман онхоро дар чояшон шинондам. Хар чанд, ки мисли кана чанд руз маро дунболагир карданд, мачбур шудам бо яке аз намояндагони онхо мунокиша намуда, онхоро аз чойи кор рондам. Саломат бошед Акаи Орзу
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Орзухам шоир !!! Э вое ))))
Блютуз хууяй, хуууяй, хууууяй !!!
Ана биёвы бигир, ана ин шеъри Орзуст, ки ШАбнаму Фарзона месарояндаш !!! Вой бар холи назм!!!
Озодагон, хай шумо аник инро чоп намекунед. Боз дар хактон уБол нашава...
Посух додан
  • хонанда

  • 9 апрел 2015 14:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости ман бо орзу бахсхое доштам. Аз ин сухбат маълум шуд, ки барои чи у ин кадар одами эхсоси будааст. Дилам сухт дигар нисбаташ нафрат надорам
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом Озодагон! Ин китобро аз кучо дастрас кардан мумкин?
Посух додан
  • Довуд

  • 9 апрел 2015 16:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Хонанда" ман туро нафахмидам. Барои ин, ки Орзу эхсоси бадааст, ту ба у нафрат дори??????. Где мантик
Посух додан
  • Асилзода

  • 9 апрел 2015 16:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон барои чи комментарияи маро нисбати Орзу Исоев ва Q net буд, чой надодед. Ба фикрам суханхои окилона ва хуб буданд....Хохишмандам фавран чой кунед

Шуд ёфтам, ташаккур
Посух додан
  • Довуд

  • 9 апрел 2015 16:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Орзу ба фикрам баъзе арзишхое фитрие дар калби худ дорад. Шояд хамин сабаб шуд, ки дар ТВ Сафина дер боки намонд. Дар радиои Имруз хам. Баъзе масъалахое хастанд, ки вучуди инсон намебардорад. Аз руи характер Орзу-ро бо метавон бо хунарманди саршиноси точик Хошим Гадоев, коргардони театр Барзу монанд намуд. Вазни нохакиро наметавонанд дар худ бардоранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Орзу на танхо шоири муосир, балки сиёсатшиноси шуурманд низ хаст. Боиси хурсандист, ки чунин чавонмардон хакикатро ба халк мегуянд ва ба рушду пешравии чомеа сабаби асосй мешаванд. Ба Орзу комебиву бурдборихо таманно дорем! Ахсанат!
Посух додан
  • Cобит

  • 10 апрел 2015 10:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Озодагон"- Шумо чихати ичрои касбият ва пурмазмун шудани ин мусохибаатон бояд шеъре, ки номи китоб аз руи хамон гирифта шудааст, барои хонанда нашр мекардед. Аммо дар хар сурат ташаккур!!!
Посух додан
  • Довуд

  • 14 апрел 2015 10:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умедчон мо бояд якчоя бо Орзу мубориза барем то ин ки Q net ё КАВРИСТОН НЕТ худро дар Точикистон озод хис накунад. Дили мардуми ноогоху соддаи точикро аз Ватану Зиндагию Корашон дилхунук мекунанд. Худашон багайр аз ташвикоти абалахона дигар кор надоранд. Озодагон хохишмандам Шумо хам бо мо хамин кори хайрро кунед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Устоди азиз Орзу Исоев Шумо беҳтарин симо ва шахсият ҳастед ва хоҳед монд.... Беҳтарин устоди манен

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!