Бахшҳо

Садои 85-соли пеш: “Диққат! Диққат! Диққат! Инҷо Сталинобод”

Радиои давлатии Тоҷикистон имрӯз 85-сола мешавад. 10-уми апрели соли 1930 дар шаҳри Душанбе, аз Хонаи деҳқон, макони имрӯзаи театри давлатии русии ба номи Маяковский барои нахустин бор радиои Тоҷикистон бо хитобаи “Диққат! Диққат! Диққат! Инҷо Сталинобод” гуфтори худро оғоз кардааст. Баъдан, соли 1949 фаъолияти радиошунавонии хориҷии Радиои Тоҷикистон, маъруф ба идораи бурунмарзӣ роҳандозӣ шудааст.

Соли 1992 дар ҳайати Радиои Тоҷикистон идораи барномаҳои “Фурӯғи ориёно” таъсис шуд. Соли 1999 дар ҳайати ин шабакаи радиои “Садои Душанбе” ба сифати шабакаи сартосарии иттилоотию фароғатӣ роҳандозӣ гардид. Баъдан дар соли 2007 дар заминаи якҷоя кардани бахши барномаҳои бурунмарзӣ бо идораи “Фурӯғи Ориёно” шабакаи радиои “Овози тоҷик” фаъол шуд.

Ҳоло Радиои Тоҷикистон бо барномаҳои худ ва бо фаро гирифтани шабакаҳои “Садои Душанбе”, “Овози тоҷик” ва “Фарҳанг” дар шаборӯз бо 7 забон 96 соат барнома пахш менамояд.

PS. Хабаргузории “Озодагон” тамоми ҳамкорони гиромиро, ки дар солҳои гуногун дар ин расонаи миллӣ фаъолият намудаанд ва онҳое, ки алъон фаъолият доранд табрик мегӯяд ва барояшон дар таъмини фазо ва амнияти иттилотии кишвар фаъолияти холисонаву муваффақонаро таманно менамояд!
Мӯҳр
Истиклол
Табри Бар Шумо Ватандусдорон

Мансур
Хазор рахмат "Озодагон" барои табрикот.

"барои нахустин бор" ин кадом забон? аввалин маротиба, бори нахуст, якумин дафъа
, якумин бор, якумин маротиба бошад бехтар! оммафахм нависед!

Fафур
Рахма озодагон

Радиои Точикистон
"...фаъолияти холисонаву муваффақонаро таманно менамояд"
Ээээээх, Озодагоне. Хато дар рузи чашн хам сухани бенеш гуфта наметони-а?
Магар фаъолияти радио "холисона" нест? МАсалан агар дар рузи чашни "Озодагон" бароятон гуянд, ки "орзу мекунем, рост гуфтану рост навиштанро ёд гиред" чи хел мерасад? Худо тавфикатон дихад......

Номи сарлавхаатон хатост. Агар "85-сола" гуем, байни ракам ва калима аломати тире меояд. Вале вакте, ки "85 сол" мегуем, аломати тире намеояд. Яъне агар ракам бо калима таркиб шавад, тире меояд.

Дооод
Озодагон аз бовари баромадаистодаед, чаро навиштахои моро чоп намекунед, мо гапи ростро дар бораи Радиои Точикистон, ин расонаи мукдадири Точикистон, ки бо барномахои фачу лачаш аз байн тамоман рафта истодааст, навишта будем. Хар чи ки хаст чоп кунед.................

Юсуф
точики гумрох,
ба ҳамин оммафаҳм кардантон шевогӣ, зебоӣ,овонигорӣ ва қидосату ширинии забони тоҷикиро ба нестӣ бурдед
ту бояд талош кунӣ то забонро фаҳмӣ ! на забон!

Озодагон хонандаи саводнок щам доштааст. ( анзур "Радиои Тоыикистон" аст). Вагарна ба назар мерасад, ки касе асабони аст ба шумо комент менависад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)