Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:35

Адиби тоҷик ҷоизаи Академияи Қафқозро гирифт

3 октябр 2011, 08:57

Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад мукофот ва нишони Академияи Қафқозро соҳиб гардид.


Ин ҷоизаро ба адиби тоҷик барои асари ҳуҷҷатияш бо номи "Ахтари зулматсӯз" ба хотири 200- солагии ба Империяи Русия дохил шудани Абхазия супоридаанд. Ёдрас менамоем, қаблан кумитаи ҷоизаҳои ба номи Лермонтови назди иттифоқи нависандагони Русия ба адиб, нависанда ва рӯзноманигори шаҳири тоҷик Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад барои хизматҳои шоиста дар таблиғу рушди адабиёти ҷаҳон ва эҷоди асари этнографии "Сурмаи дил" ҷоизаи байналмилалӣ,  яъне медали нуқра тақдим карда буд. Ин бор Академияи Қафқоз адиби точикро қадрдонӣ намуд. Гуфтанист, ҷойизаи имсола ба даҳҳо адиб, рӯзноманигор, сиёсатмадор, файласуф, рӯҳонӣ ва нависандаи ҷаҳон, ки дар осорашон сулҳ, ваҳдат ва инсондӯстиро таблиғу ташвиқ кардаанд, дода шудааст.

"Ахтари зулматсӯз"-и Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад ба унвони як қиссаи ҳуҷҷатӣ аз рӯзгори як фидоии миллат нақл мекунад. Ин асар, ки ҷангнома маҳсуб меёбад аз сӯи вазорати дифои Русия ба озмун пешниҳод шуд. Муаллифи китоб аз мубориза, талош, пайгириҳои мудовим, ҷонфидоиҳои қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ- Наврӯзмуҳаммад Раҷабов қисса мекунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!