Бахшҳо

Шарҳи Кумитаи дин оид ба маҳрумшавии то 35-солаҳо аз ҳаққи ҳаҷ

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия далели маҳрумшавии шаҳрвандони то 35-солаи кишвар аз иштирок дар маросими “Ҳаҷ-2015”-ро шарҳ додааст.

Ин ниҳод мегӯяд, иқдоми мазкур ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли Тоҷикистон барои адои ҳаҷ гирифта шудааст.

Дар иттилоияи кумита омадааст, “Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон иқдом кардааст, то ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли мамлакат ҷиҳати адои маросими ҳаҷ авлавият ба нафароне дода шавад, ки аллакай синнашон аз 35 гузаштааст”.

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, мақомоти Арабистони Саудӣ бо далели идома доштани корҳои сохтмонӣ дар атрофи Хонаи Худо теъдоди зоирини кишварҳои мусулмоннишинро коҳиш додааст: “Ин тасмим танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки синнашон алакай ба ҷое расидаасту тавон ва орзуи адои зиёрати хонаи Худоро доранд”.
Мӯҳр
Риша ман кунед хачро манкунед гиред якбора масчидхорохам бандед дар точикистон озоди нест.

Дар кучои курьон овардаас, ки аз синни 35 солаги хач кардан мумкин аст ?

Бисёр икдоми хуб. Баъзе чавонони хочи шуда омадагия корхою гапхои бемаъниша мебени аз доираи мусулмони берун. Одам бояд пеш аз хочи шудан бояд фикр кунад, ки аз ухдаи хочиги баромада метавонад ё не? Мусулмони хам меъёр доштагист?

Бехзод
Офараин!муфтиет,кумитаи хач ва умуман ниходхои давлати бояд назоратро чидди кунанд то пулхои бо азобу машакат ба дастовардаи мухочирон ба кисаи бетаги арабхо наравад.Мо тарафдори онем,ки аз 45 -солахо боло ба хач раванд ва бо меъер факат 100 квота бас аст.<Ва ман ба шумо аз раги гарданатон наздиктарам>мефармояд парвардгор.

fghjkl
cmzi,
e besavod hamuja navistagiyay ki baroi hurmati kalonsolon soz bxon avval .

Бехзод, маълумаст ки акли кутох дори, агар маънои сухани навиштаатро (<Ва ман ба шумо аз раги гарданатон наздиктарам>) фахми хечгох офарин намегуи, чунки яке аз фароизи ислом ин Хач карданаст. Дар дунё тибки конунхои Илохи ва конститутсияхои (меъёрхои) амалкунанда касе хакки махдуд намудани хакки касеро надорад, инчунин довар танхо Аллохи бузург аст, ки кофарасту ки мусалмон ва ё гунахкор худи Аллох медонад. Тибки насихатхои "Маснавии маънави" бахотири кайк пустинро насузед.

Хочи
Намешуд ки то 35 сола манъ намекардеду,конун мебаровардед ки шахсоне ки дар нафакаанд бе навбат ба хач раванд.

КАсе хохиши рафта ба хачро дорад метавонад аз тарики Казокисто ва ё Руссия бе монеъ ва бо бехтарин шароит хизматрасони(аз ширкатхои точики дида бехтаран) ин фазиза Иллохиро анчом дихад. Ин рафтори хукумат заминахое барои ноамни дар кишварро ба бор меоварад

Дар Узбекистон хач баъд аз 50 солаги аст. Авваллаш дар кучое
боши Худо намозу ибодатро мебинаду мешунавад. Хамин Точикистои
худамон хам замини Худо аст. Бечора мухочирон бо нохун кор карда
ба кишвар маблаг ворид мекунад, шумо бурда ба арабхо хуронед.

Хочи Бадриддин
Хуб мешуд аз О сола боло хач мерафтанд

Мансур,
Мансур аз Аллох тарс худо хидоятат кунад

Бисёр хуб шуд чавонхои хозира ба хач мераванду боз меоянд корхое мекунанд, ки хечвакт нобахшиданист

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)