Бахшҳо

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

Гирдиҳамоӣ, ки бо дархости як гуруҳи сокинони Душанбе бояд имрӯз, 17-уми апрел аз соати 8:00 дар назди бинои сафорати Олмон дар Тоҷикистон баргузор мешуд, доир нагардид.

Тавре хабарнигори "Озодагон" соати 8:00 аз пеши сафорати Олмон дар Тоҷикистон хабар дод, касе барои гирдиҳамоӣ назди бинои сафорат ҳозир нашудааст: "Ҳама ҷо хомӯшист. Мардум ба корашон машғуланд. Ягон намояндаи пулис низ дар назди сафорат нест. Фақат чанд рӯзноманигор барои инъикоси вазъ ҳозир шудаанд, дигар касе нест".

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми апрел як гуруҳи сокинони Душанбе, ки теъдодашонро ҳудуди 200 нафар гуфтанд, бо як муроҷиатномаи кушод аз раиси пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев дархост кардаанд, ки барояшон иҷоза бидиҳад, то рӯзи ҷумъа 17-уми апрел аз соати 08:00 то 11:00 дар назди бинои сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон гирдиҳамоӣ барпо кунанд.

Дар муроҷиатнома ба Убайдуллоев, аз ҷумла Исматов Нурулло Шарипович, соли таваллуд1974, зода ва сокинишаҳри Душанбе, кучаи Фирдавси, бинои 5/13, ҳуҷраи 45, Каримов Наврӯз Исматович, 1986 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Нахимова, бинои 64/1, ҳуҷраи 23, Ҷамолов Ҳубайб Назарович, 1977 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Рудакӣ, бинои 36, ҳуҷраи 26, Ибодова Шарофат Раҳимовна, 1964 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Борбад, бинои 13/2, ҳ-14, Самиева Шаҳноза Каримовна, 1972 с\т, ист. ш.Душанбе, кучаи Н.Қарабоев, бинои 67, х-20, Қурбонова Мақсуда Аъзамовна, 1971с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Н.Махсум, бинои 74, ва Гадоева Зарина 1969 с/т, ист.ш.Душанбе, кучаи Н.Қарабоев , б-18/9, х-30 имзо гузоштаанд. Аммо аз шаҳрдории Душанбе дар суҳбат бо "Озодагон" дарёфти муроҷиатномаро барои гирдиҳамоӣ тасдиқ накарданд.

Ин сокинони Душанбе дар муроҷиатномаи кушодашон ба Убайдуллоев навиштаанд, ки мехоҳанд ба гирдиҳамоии эътирозии баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар Берлин гирдиҳамойии ҷавобӣ барпо намоянд: “Мехоҳем, эътирозамонро ба воситаи сафири фавқулода ва мухтори Олмон дар Душанбе ҷаноби Ҳолгер Грен ба Ҳукумати Олмон расонем”.

Муаллифони мактуб зимни дархости иҷозаи баргузории эътироз навиштаанд, ки аз вазъи баамаломада дар кишварҳои Шарқи наздик ва Афғонистон бисёр дар ташвиш шуда, мехоҳанд дар баробари ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳарфашонро бигӯянд.

Имзогузорони мактуби дархостӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, ки худро 200 нафар гуфтаанд ва қисме аз онҳо ному насаб ва суроғаҳои иқомати худро зикр кардаанд Додоҷон Атовуллоев, роҳбари созмони “Ватандор” ва Шарофиддин Гадоев роҳбари тозаинтихоби “Гуруҳи 24”-ро аз ҷумлаи саркардагони гуруҳҳое донистаанд, ки шаҳвандони Тоҷикистонро ба гуруҳҳои ҷангии “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ шомил мекардаанд.
“Саркардагони онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, аз қабили Додоҷон Атовуллоев,Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳамроҳонашон, ки бароидар қаламрави Тоҷикистон содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта дар кофтуковӣ расмӣ қарор доранд, аз ҷониби давлати тараққикардаи дунё Олмон дастгирӣ ёфта истодаанд”- омадааст дар мактуб.

Ин сокинони Душанбе бо интиқод аз давлати Олмон барои иҷоза додан ба баргузории эътироз дар Берлин навиштаанд, ки “агар давлати тараққикардаи дунё чун Олмон ҷинояткорони дар кофтукови расмӣ ба воситаи Интерпол қарордоштаро имконият диҳанд, ки дар қаламрави давлаташон озодона гашту гузор ва даст ба гирдиҳамоӣ зананд пас дар бораи гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки имрӯзҳо худро чун «Давлати исломӣ» эълон кардаву даст ба куштору ғоратгарӣ зада истодаанд чӣ гуфтан мумкин аст?”

Муаалифони мактуб гуфтаанд, ки Душанбе таҷрибаи талхи ҷангу хунрезиро дар солҳои 90-уми асри гузашта пушти сар кард ва мо намехоҳем ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик он рузҳои мудҳиш баргардад.

Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми апрел ҳудуди то 20 нафар дар баробари бинои сафоратхонаи Олмон дар Душанбе як гирдиҳамоӣ барпо карданд, вале бидуни ин ки дархости худро ба сафири Олмон бирасонанд аз ҷониби пулис пароканда шуданд.

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)


ВИДЕОИ гирдиҳамоии 15-уми апрел дар назди сафорати Олмон дар Душанбе:



Мӯҳр
sadf
Ку журналисто як санчед акалан як адреси хамин овардахоро ку рост мегуянд ва дар хамин адресхо хастанд ё рушона сиёх мекунанд?! Гумон мекунам агар пайдошон кардед мавзуи хуб мешавад бо худашон сухбат мекунед агар вучуд надорад боз мавзуи чолибтар!!!!

Маҳмуд
аҷаб шиори ҷолиб ва ба гуфти бвим чапана
ё шояд манзур аз ҳоми будани Олмон аз терористу тундгаро Гитлер бошад ки ин занакои "сиёсатмадор ва ҳушёру ғамхори миллати мо" ҳануз ҳам фикр мекунанд Гитлер ҳокими Олмон аст

бумрен э ба хами кори кардагитон. Фууу шармандахо)))) У афтошона бин. Як кабилаи неудачнико)))

Маълум мешавад, ки маълумоте хам надоранд. Як раммаи зуратон мерасад рафта дар ру ба руи Барки точик ё кумитаи амният барои аскарони гаравгони бечора, ки се мох мешавад дар дасти толибон хастанд ё барои аскарони маъюб ё барои граница бо Киргизистон ё барои замини Точикистон, ки ба Хитой доданд эътиоз кунед))) Не))) Хамат заказен.

Сочида
Оянда ки бошад?? Сафорати Россия)))))
Нафратам меояд аз хаминхо. Ягонташ намояндаи мардум нестанд. Рушон сиёх. Бесаводу бемаърифат. Тфу хаматда)))

Маълум аст, ки хамаи ин кор "заказ аз боло" мебошад. Плакатхоро бо сифати аъло бо фармоиш дар фирмахои рекламавии Душанбе чоп кардаанд. Мардум, ягон кас ягонтаи хаминхоро мешиносад? Агар шиносад лутфан маълумот пешниход намоед.

Инхо ё Боз кадом тудаи харом хуре хастан ки аз курсихои худ метарсан ки аз харом хури намонем набошад харуз часадои бародарони мухочири моро аз руссия овардаистодиан агар ин часадххо 50%бо тагдири иллохи чон дода бошанд 50%дигаршро мекушанд дар Россия чаро рафта дар пеши сафорати Россия митинг намекунед ё дар пеши хонаи

чаррасутаррасс
Кавми "махсуси"мансабталоши тайорхури вазифанодида, окибат ватани точиконро заъифу пароканда мекунанд ва ба хотири мансаби харомашон аз бесаводии занхои рухан касалу мухточу бекор ва наврасхои эхсосоти истифода бурда ЧТ ро шармандаи олам мекунанд ва дар ин кризиси моли сармоягузорро бесабаб ранчонида мегурезонанд ва инфраструктураи кишварро, ки нав ободшави дорад ба хоки сиёх яксон мекунанд. Ман агар сафири Олмон бошам, сафоратро мебандам ва баромада меравам, охир ин чи одоб аст? Чаро аз дигар роххои дипломати кор намегиред? Нотаи эътирози гуфтани гапхо хаст ку? даъват кунед, фахмонед, шарт аст вагасу чарраси бемаъни, чомеаро бесубот накунед ва аз акли солим кор гиред.

Шахрванд
Ай пушти хак экстремист мешай...

ин занхои бемаърифат митингбозхои заказйро хатто дуруст бозида наметавонанд. шармандахо агар зиндагии шумоен хуб бощад, 98 фоиз зиндагии токатфарсона доранд.аз номи хама митинг накунед. кадомиатон фарзандатон кушта ва е дар дасти толибон ва е кризиси иктисоди доред? албатта зиндагии шумоен хуб аст ва аз масти ва вазифаталабиатон рафта чунин рафтори бешармона мекунед, хамачоро фохишахо зер кардааст дар хама чо садои онхо баланд.

Дермократ
чаррасутаррасс,Олмон давлати демократист ва ба хар кас имкони баёни андешаашро медиҳад. Агар ба ҷонибдории Ҳукмати Тоҷикистон ҳам гирдиҳамои шавад, иҷозат медиҳад. Чаро ин шахсон ба ҳамон чо рафта ру ба ру бо мухолифони худ митинг намекунанд?

э бародарони гироми ин ҳама корҳо аз тарафи ташкилотҳои терористи фармоиш дода шудааст. Як бор истода фикр кунед, ки оқибати ин гирдиҳамоиҳо чи мешавад, ақалан фикри кӯдакони худотона намекунед, ки мо баъди воқеаҳои солҳои 1992 - 1993 пас аз 23 сол нав соҳиби нону соҳиби кору маълумот шуда итсодаем. ба ҳар ҳол бо хуби ё бо гандаги мо алҳол омору осуда зиндаги мекунем, биёед мақсади душмани худро амали накарда ҳамчун як милати тоҷдор давлату миллати худро ҳифз намоем. Аз чунин рафтори ҳар яки мо, бо якдигар рост намеоем, мардуми кишварҳои хориҷи чи хулоса мебарорад.

донишчу
И нома навиштагихо одамои худи хастанд,... ки бо ин коршон мехохан бган ки давлат Олмон бинед ки кати шумо чи кадор дустем ки точикои тарафдори худмона намемонем ки дар пеши сафорати шумо эътироз кунанд.... ва хамчунин шумо мухолифони хукумати Рахмонов бинед ки мардум аз хукумати мо химоя мекунанд... ... миллати точик бовар кунен ин хамаш шайтанату хилагарии хами хукумати чурохошан...

Инхо фохишахои хукумат хастанд!
Илтимос чоп кунед ОЗОДАГОН

TJK
Bovar kuned barodaro inho obrui zan modarro merezonand. Ana inho teroristu extrimist hastandd. Ba firi hukumati mo tamomi davlatho cheni inho namedonand O agar hamunho terorist boshan charo chand marotiba bozdosht shudan boz javobshon dodan. YAKBOR insonborin fikrknen. SHARMANDAHO

In bachahoe ki dar ishtirok dorand 2 tasha shinohtm hudshon habarkashakoi amnyatan pas malum ast ki amnyat in koro tashkil kardast. SHARMANDAHO
OZODAGON shumoram kushen chi, chop namekni

Ин ҳама сохта ва майдони театри аст ки аз ҷониби мақомоти қудратӣ руи саҳна овардаанд. Ва гар на халқи Тоҷикистон на парвои Атовулло ва на дигарҳо доранд ва ин ҳама тарси мақомдорон аст, иншоАллоҳ ки беҳуда аст чораҳояшон!!!

Бо ин ҳама бовар накунед, ки чизи сохтае аст аз ҷониби худи мақомоти заифирода...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)