Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:13

Омодагии Қоҳир Расулзода ба таҷлили 20-солагии Иҷлосияи XV1-уми Шӯрои Олӣ

4 октябр 2011, 04:27

Масоили омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар шимоли Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, райиси вилоят ҷаласаи корӣ сурат пазируфт, ки  рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва кишти тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии вилоят, ҳолати тақсими замини наздиҳавлигӣ дар шаҳру навоҳӣ, натиҷаҳои баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз масъалаҳои асосии матраҳшавандаи нишаст маҳсуб мегардиданд.

Зикр гардид, ки феълан дар қаламрави вилоят аз тарафи соҳибкорон, корхонаҳои истеҳсоли ангиштсанг ва иттифоқҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳо 690 нуқтаҳои фурӯши ангиштсанг ва 214 нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ташкил  шудааст, ки нисбат ба мавсими соли гузашта бамаротиб  зиёд мебошад.Дар ин нуқтаҳои фурӯш ба санаи 1 октябри соли 2011 зиёда аз 57,5 ҳазор тонна ангишт ба эьтиёҷоти аҳолӣ фурӯхта шуд. Аз ҷониби иттифоқи тоҷикматлубот шартномаҳои тарафайн ба миқдори 8800 тонна бо корхонаҳои истихроҷи ангиштсанг ба имзо расидааст. Дар корхонаҳои истихроҷи ангишти вилоят 67257 тонна ангишт истеҳсол гардидааст, ки нисбати соли гузашта 17424 тонна зиёд аст.

Ҳамчунин дар ҷаласа муовини раиси вилоят Қобилов А. оид ба ҳолати корҳои кишоварзӣ, вазъи чиниши пахта ва кишти тирамоҳӣ дар вилоят гузориш дод. Қайд гардид, ки то имрӯз кишоварзони вилоят зиёда аз 70 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои коркард супориданд, ки ба 66,7 фоизи нақшаи солона баробар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта  29,3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар пешсафии маърака ҳиссаи  кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ашт, Конибодом ва Мастчо  назаррас буда, то ин давра мутаносибан 95, 90 ва 77 фоизи нақшаи истеҳсолии пахтасупориро таъмин намуданд.

Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд дар қатори масъалаҳои ҷорӣ ба ҳалли масоили муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла буҷету андоз, тақсими замини наздиҳавлигӣ, муроҷиати шаҳрвандон, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дахл намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дод. «Соли 2012 20-солагии Иҷлосияи XV1-уми Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида буд, ботантана таҷлил мегардад. Мардуми вилоят бояд ба ин ҷашни таърихӣ аз имрӯз омодагии ҳамаҷониба дида, онро бо дастовардҳои арзандаи созандагию истеҳсолӣ, бо рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ истиқбол намоянд»,-таъкид дошт Расулзода.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!