Бахшҳо

ВИДЕО: “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?”

Дар шабакаи иҷтимоии Ютуб навори баҳси маъмурини пулис бо тоҷири ришдор дар мавриди ришу ҳиҷоб нашр шудааст, ки дар он маъмурин аз зӯр кор гирифта, ниҳоят тоҷирро боздошт мекунанд.

Дар ин навор маъмур дар хитоб ба тоҷири ҷавон, ки риш дорад, таъкид мекунад, “ҳозир ришҳота қоқоқоқ метарошам. Гир ришата, ман дигар набинам. Мумкин нест”.

Сипас, ба занҳои ҳамроҳи савдогар, ки зоҳиран наздиконаш будаанду яке ҳиҷоб доштаасту дигаре не, хитоб карда, афзудааст, чаро ин хоҳар ҳиҷоб накардаасту ӯ дорад: “Накунад, ҳамин хелӣ. Ин мумкин нест, ин тоҷикӣ нест. Ин тоҷикай турк нест ку ё аз Арабистон”.

Тоҷири ҷавон дар посух мегӯяд, ин занҳоро шавҳарҳояшон алоҳидаанд ва якеро мумкин шавҳараш иҷозат додааст. Маъмур дар пайи ин посух мехоҳад, шахсияти мардеро муайян кунад, ки занаш ҳиҷобдор аст ва дод мезанад, “шӯйи ҳамин киай? Киай шӯйаш?”

Дар идома бо овози баланд “ин ҷо биё, ин ҷо биё”-гӯён аз гардани тоҷири ҷавон дошта, ӯро кашола карда мебарад. Зане дар навор наздикони ҷавонро ором карда, мегӯяд, ҳеч гап не, ҳозир ришашро тарошида раҳояш мекунанд.

Тавре аз навор бармеояд, ин ҳол боиси нороҳатии бархе аз ҳозирин шуда, ки мегӯянд, "ин чӣ хелӣ гап аст, ки мардумро дар ҷойи ҷамъиятӣ “издиватся” мекунанд". "Қонунай",- мегӯяд дигаре ва сеюмӣ посух медиҳад, ки "демократияаш ҳаминай баъд?"

То ҳол, Вазорати умури дохилӣ ин наворро шарҳ надодааст. Нашри навори мазкур дар ҳолест, ки ахиран аз ҷониби маъмурини пулис маъракаи густурда алайҳи ришу ҳиҷоб роҳандозӣ шуда, дастури махсуси Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ содир шудааст, ки ба ҷилавгирӣ аз майли бархе аз занон ба либоспӯшии барои фарҳанги тоҷикон бегона равона шудааст. Аммо роҳбарияти мақомоти умури дохилӣ таъкид карда буд, ки ин маърака тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ роҳандозӣ шавад, на тариқи зӯроварӣ.


Мӯҳр
ш Душанбе
бас кунен бахси бе маънерро ...дигар кор надоренд айб аст айб ...

Мухаммад
Чи гуна ин наворо аз ютуб тамошо кунем? Номи ин навор чист дар ютуб?

Президент аз ин "безпредели"-хо хабар дорад?!!!

Бародар
Баъди 35 хач раванд нагз чунки хамин кадар бас замин мебардорад худои бахшояндаи мехрубон мебахшад бо пули харом мераванд Дар хамончо холи ин хачравандагони мо пасттарин аст рохбаладони хочихои черези чандкарата халки моро кайхо обруяшро резонидаанд аз худо руй нагардонед ман на хочиям на ришдори бемаданият ки имруз мехохад бе ин кофомондаем боз ба кафо барад ман бандаи худоям кор мекунам зиндагиямро пеш мебарам ришдор на кор мекунад на фикри тинчию ороми мекунад моро халал мерасонад бо сафсатахояш баъди соли 1979 Эрон 1оо сол кафо гашт нахурдаву напушида хач меравад чавр ба чонаш мекунад тани бемор дар хач азоб мекашад магар ин дуруст аст саидзодахо муллохо хайри камбагалро бо иштихо мехурад камбагал бояд хайр накунад ин хамааш ба дили одам мезанад ришдор худашро расвои ради маърака кардааст мумкин на хама лекин онхоро хуб мекунанд худашро намешиносад дар сарзамини араб пой монди бе пул нест инхо аз гуломи кай мебароянд худо медонад Офаридагоре ки манро точик офариди дар панохат ман баринхоро нигох дор

Абдуллоҳ
tojik,
Худат дар ин бора чи назар дорӣ? оё хабар надорад?!

Муслим
корхои "фахмондадихи" - ш ин хел бошад, Худо накунад ки бигуянд чазо дихед!!

Ин милисахои мо дига бекор мондиян ай тарошидани риши ин мардум дар бозор амун дуздакора капен наметонен.пазор ман нафамидам руз то бегаха мо демократия мегем пас маълум мешавадки ин миллисахо маънои демократияро намедонан ин читари давлати демократияй .Хай рафтори ун ачкидора бинен нисбати як одам чихели зулм мекунад. дар кучой хакикат.....................

Патриот
Зинда бошен милисахои азиз. Бахудо вактхои охир метарсиди дар кучахо барои. Хама ришдору монашка гирифта буд. худатро дар Кандахор хиёл мекарди.

Хамин нафар агар номус дошта боша мемона ман равум румоли духтарчаша дар пеши зануш ай саруш кашум,

Хамин нафара ман пешниход дорум ки суратша дар тамоми шабакахои ичтимои пахш кунен номашам ёфта пахш кунен ки дигар дар назди хамсояхош сараша бардошта натонад албатта агар номус дошата боша

Чавоб ба бародар
Ту ягонбор ерон рафтаи? Ерон дар натичаи пешравии тараккиёташ бомбаи атоми сохта истодаасту гапзании туро бин ба фикрам ту ягон бешуъур хасти? Мухтарам ozodagon илтимос аз шумо чунин назархои ахмаконаро нашр накунед хушбахтона сомонаи шуморо берун аз чумхури хам мехонанд, баъди хондани назари ин магар намегуянд, ки точик хамин кадар фахмиш доштааст

1
Rish mumkin nest, hijob mumkin nest...Yubka va libosi tarang mumkinay..baroi ki libosi milli mebosha. Pas inhel bosha qonunan alish kunan davlati Demokrati ne davlati Monarhi kunan tamom. chi iqa marduma azob metiyan. Az bajoi behbudi kunan badbudi va nafrati marduma ziyod mekunan.

сино
Агар чунин рафтан гирад ҷиҳод дар Тоҷикистон сар мешавад.Шахсан ман барои ҳифз шудани сатри зан ҳама корро ки лозим аст мебинам.Қонуни Аллоҳро инҳо вайрон карда истодааед.Аллоҳу Акбар!!!!!!!

максад
Банда ин амали маъмурини пулисро махкум намуда онро хилофи хукуки инсон хилофи тамоми меъерхои конуститутсия номида хар чи зудтар бояд ин мучримини пулис дар назди конун чавоб гуянд зеро дар ин навор дида мешавад ки ин маъмурини пулис бисер бад рафтор доранд холо он ки дар точикистон дар бораи сатру хичоб конун набаромадааст холо конун набаромадааст чунин рафтор доранд агар конун барояд ба фикрам мардумро хабс мекунанд

сино
Патриот,
Метарси номта алиш кун.Дигар гап наёфтӣ????

Чавоб ба бародар,
Ерон неву Эрон

Шахрванд
99 % милисахо ба вазифахои худ сазовор нестанд. Ин муносибата бин, гапзанира бин, бовар кунед, милисара ай авбоши куча фарк намекни!!..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)