Бахшҳо

Беҳрӯз Забеҳулло: Вуҷуди Иттифоқи нависандагон зарурат дорад

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз пазируфта шудани аъзои нав хабар додааст, ки миёни онҳо шоири тавоно ва муҳаққиқи соҳибноми тоҷик Беҳрӯз Забеҳулло низ ҳаст. Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон” дар ин замина як суҳбате бо оқои Забеҳулло дошт, ки пешниҳоди хонанда мегардад.


Озодагон: Барои пазируфта шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагон Шуморо табрик мегӯем

Беҳрӯз Забеҳулло: Ташаккур, саломат бошед.

Озодагон: Шумо дар кишвар миёни хонандаҳо ба унвони шоир истиқболи гарме доред, вале чаро ин қадар дер ба узвияти ин ниҳод пазируфта шудед?

Беҳрӯз Забеҳулло:
Далели хосе вуҷуд надорад, танҳо далели фаннӣ буд. 10-15 сол пеш замоне, ки нишасти адибони ҷавони шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар онҷо мадорики мо барои узвият пешниҳод гардид. Мунтаҳо, баъдан чун ман ба Эрон сафар кардам ва тӯли муддате, ки онҷо будам дигар пайгирӣ накардам, мадорик ҳамчунон хобида буд. Баъди бозгашт, дубора суол карданд, ки мадорикро бояд такмил бикунед ва мо мадорикро такмил кардем. Ҳоло ҳамон раванд анҷом шуд.

Озодагон: Ба назари Шумо узвиятатон дар Иттифоқи нависандагон ва ҳамчунин узвияти ҳар шоиру нависандае дар ин ниҳод метавонад ба обрӯ ва шахсияту ҳайсияти онҳо дар ҷомеа чизи дигаре зам кунад?

Беҳрӯз Забеҳулло: Ба назари ман узвият дар як ниҳод, дар як созмони иҷтимоӣ, хусусан созмони ҳунарӣ далел бар ин нест, ки фард аз обрӯйи хосе бархӯрдор бишавад. Ниҳодҳои ҳунарӣ ва иҷтимоӣ, созмонҳо мисли пиллаҳое ҳастанд, ки аз тариқи онҳо одам битавонад ба гунае хидмати иҷтимоияшро анҷом бидиҳад. Инҳо сирфан, ҷанбаи дохилӣ доранд, ки ҳар як ҷамъияте як созмоне дорад, ки даври он мардум ҷамъ мешаванд ва ҳадафҳои худро дастаҷамъона дунбол мекунанд. Дар замони Шӯравӣ ин ниҳод рисолати хосе дошт ва нақши боризе ҳам дошт ва афроде, ки дар ниҳод шомил мешуданд, ҳам аз ҳимояти давлат бархӯрдор буданд ва ҳам аз обрӯйи иҷтимоӣ бархӯрдор мешуданд. Ин гуна имтиёзот зиёд дошт. Аммо дар ҳоли ҳозир ҳамчунин нақшеро аз назари сиёсӣ дар ихтиёр надорад. Мунтаҳо ба унвони як конуни сирф адабӣ мебошад, ки ғайриҳизбӣ ҳам шудааст ва танҳои фаъолияти адибон дар чаҳорчӯби он идома пайдо хоҳад кард.

Озодагон: Мо медонем ва Шумо ҳам ишора кардед, ки дар Шӯравӣ ин ниҳод ҷойгоҳи вижа ва нуфузи баландеро соҳиб буд. Он замон баъзе шартҳо ва қоидаҳои махсусе буд барои пазируфтан ба узвият. Дар ҳоли ҳозир кадом шартҳо вуҷуд дорад? Маҳоратҳои ҳунарӣ муҳим аст ё доштани маҷмуаҳои ашъору китобҳо?

Беҳрӯз Забеҳулло: Ҳардуяш ҳам ҳастанд. Вақте инсон вориди як ниҳоде мешавад, албатта он шароит ҳам барқарор аст, ки доштани ду се намуна ашъор лозим аст, ки мутобиқи онҳо ашъор арзёбӣ шавад. Ҳамон шароити қаблӣ барқарор аст ва бар иловаи ин истиснооте ҳам дар инҷо вуҷуд дорад. Ҳоло ҳам афроде вуҷуд дорад, ки воқеан ҳам ҷарақаҳои хоси ҳунарӣ ва адабӣ дар осори онҳо пайдо шавад ин имконро онҳо доранд, ки ба хотири ҳамин ин афродро бипазиранд. Вале барои афроди маъмулӣ, масалан бисёр касоне ҳастанд, ки мехоҳанд узви ин созмон бошанд, барои онҳо муқаррароти маъмулӣ ҷорӣ аст ва ҳатман бояд иҷро бишавад. Шуъбаи назм маҷмуъаҳои ашъорро (барои шоирон) баррасӣ мекунад ва агар арзише дошта бошанд ба раёсат пешниҳод менамояд ва дигар раёсат метавонад, ки бо раъйи худ тайид бикунад ё накунад.

Озодагон: Ҳоло вақте мо мегӯем фазо тағйир карда, ҳамин Иттифоқи нависандагон минҳайси як конуни адабӣ ва эҷодӣ аз назари Шумо то куҷо метавонад барои баланд бардоштани ҷойгоҳи адабиёти мо саҳм дошта бошад. Чун дар ин авохир ҳам аз ҷониби раисҷумҳур адабиёт мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.

Беҳрӯз Забеҳулло: Албатта, вуҷуди як конун, як созмон ва чандин конунҳо барои фаъолияти босамари удабо ва аҳли ҳунар зарурат дорад. Дар ҳар кишваре чи дар Афғонистон ва чи дар Эрон ва кишварҳои дигар конунҳои ғайридавлатии зиёде фаъолият мекунанд. Мунтаҳо дар кишвари мо, ки дар собиқ як кишвари сотсиалистӣ буд, дар ҳоли ҳозир тавоноӣ ин нест, ки ин гуна инсонҳо бо як системи хоси худ тасмим гирифта дар баробари он барои таъсиси анҷуманҳои ғайридавлатӣ талошҳо камтар ба назар мерасад. Ҳамин Иттиҳоди нависандагон як ниҳоди ғайриҳизбӣ эълон шудааст ва ин ҳам як фурсатест, ки сарҷамъ кардани удабо ва дигар эҷодкороне, ки дар дигар соҳаҳои ҳунари адабӣ фаъолият мекунанд, мисли дромотургҳо даври ҳам ҷамъ мекунад. Ҳоло ин ки то чӣ ҳад ин ниҳод дар замони истиқлол тавониста, ки барои ҳидоят ва ташвиқи шоирону нависандаҳо барои халқи осори ҷадид кори муассире карда бошад, ин қобили мавзуи баҳси дигар аст, аммо муҳим ин аст, ки вуҷуди як ниҳод ва чандин ниҳод барои таҷамуи аҳли эҷод як кори лозиме мебошад.

Маълумотномаи “Озодагон”:

Беҳрузи Забеҳулло Саъидхоҷа 30 июни соли 1968 дар рустои Рузвайи ноҳияи Дарвоз дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияи Дарвоз вориди омузишгоҳи касби-техникии №68-и шаҳри Душанбе шуда, ин омузишкадаро соли 1986 бо дипломи аъло хатм мекунад. Солҳои 1987-89 дар шаҳри Красноярск хидмати сарбозии худро дар сафи неруҳои мусаллаҳи Шуравии собиқ адо мекунад. Соли 1989 вориди факултаи филология ДМТ шуда ин Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардааст. Солҳои 1994 то соли 1997 таҳсилоти худро дар факултети ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Теҳрон дар бахши улуми сиёсӣ, такмил кардааст. Аз соли 2005 аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, дар мавзуҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабӣ мақолаҳои зиёде дар аксари рузномаҳои кишвар ва маҷалаву рузномаҳои кишварҳои форсизабон мунташир кардааст. Мақолоти пажуҳишии Беҳрузи Забеҳулло дар мавзӯи адабиёти муосири Тоҷикистон дар маҷаллаҳои Рудакӣ, маҷаллаи ихтисосии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКУ) Eco heritage ва пойгоҳи муассисаи мутолиоти Эрон ва Эвроазия дар Эрон ва рузномаи Ҳашти субҳ-и Кобул рӯи чоп омадаанд. Аз ин рӯ, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ӯро ба хотири тарғиби фарҳанги тоҷик дар расонаҳои форсизабон, соли 2012 бо ҷоизаи Абулқосими Лоҳутӣ сарфароз кард. Беҳруз Забеҳулло дар бахши шеър то кунун ду маҷмуаи шеъри бо номҳои “Ғамаро шеър кардам” (Нашриёти Суруш, 1999) ва “Танҳо барои худ” (Нашриёти Нодир, 2003) нашр кардааст.

Ҳамчунин намунаи ашъори Беҳрузи Забеҳулло дар тазкираи шоирони муосири Тоҷикистон, аз ҷумла тазкираи "Бӯи ҷӯи Мулиён" таҳияи Рустами Ваҳҳоб чопи Теҳрон (соли 2014) ва тазкираи "Шеъри тоҷик дар сад соли ахир" (соли 2001) ба кушиши шоири эронӣ Алиризо Қазва дар шаҳри Душанбе, чоп шудаанд. Соли 2005 бошад китоби андешаҳои сиёсӣ дар садри Ислом навиштаи файласуфи покистонӣ Миён Муҳаммад Шарифро баргардон ва чоп мекунад. Соли 2007 ҳикмату калимоти қисори 45 орифи маъруфи ҷаҳони Исломро аз китоби “Тазкират-ул-авлиё”-и Аттор ҷамъоварӣ ва дар китоби ҷудогонае бо номи “Ҳикмати авлиё” дар шаҳри Душанбе ба чоп мерасонад. Забеҳулло беш аз 15 сол ба омӯзиши таърихи адабиёти шуравии тоҷик машғул буда ва натиҷаи ин ковишҳо китобест бо номи “Қиссаи мурғи Самандар; саргузашти адабиёти тоҷик дар даврони Шуравӣ”, ки соли 2012 ба хати форсӣ дар Эрон интишор ёфтааст. Соли 2011 низ бо ҳамкории Муҷиби Меҳрдод-шоир ва муҳаққиқи Афғонистон маҷмуи мақолоти ҳар ду дар бораи шеър ва шоирони даврони Шуравӣ дар маҷмуае бо номи “Зангулазанон гузашт борон; Сайре дар адабиёти муосири Тоҷикистон” дар шаҳри Кобул нашр мешавад, ки аввалин иқдом барои муаррифии адабиёти тоҷик дар Афғонистон мебошад.

Солҳои 1997-2001 дар Кумитаи радио ва телевизион ба унвони ёвари раиси Кумита (1998) ва баъдтар ба унвони ровӣ ва муовини раиси шабакаи сартосарии Садои Душанбе кор кардааст. Аз соли 2002 то кунун дар бахши бурунмарзии Созмони Садо ва Симои Эрон (радиои тоҷикии Садои Хуросон) кор мекунад. Беҳрӯзи Забеҳулло соли 2015 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Мӯҳр
ы
Рости гап гуем вучуди Иттифоки нависандагон умуман лозим нест. Лекин ин Иттифок як дастгохи идеологии хукумат аст. Ин Иттифок на барои рушди адабиет (умуман адабиет чои худро ба илму техника додааст), балки барои кумак ба хукумат дар мавридхои лозима истифода бурда мешавад. Масалан, вакте ки Тутубалина зиеиени точкро г... номид, махз хамин Иттифок пеш аз хама овоз баланд кард.

Маъсум
Муборак бод, дӯсти азиз Беҳрӯз, муваффақ бошӣ!

Балх
Иршод, кучое як хамшахри дори, дар борааш макола навиштан мегирии дига? Айбай

Муборак бошад.Комёбихои нав ба нав орзу мекунем.Сарбаланду пируз бошед...ы,

Муборак бошад.Сарбуланду пируз бошеду хамеша муваффак.

Довуд
Махмон Бахтира зарурай, ки дар Иттифоки нависандагон серёзный реформа гузаронад. Ага не поколенияи навбати чи будани Иттифоки нависандагона бомба мефахма. Ки розияй даст бардора.

Бародари азиз, Бехруз.
Ба узвияти Иттифоки нависандагон пазируфтанатро табрик мегуям.
Дар хакикат ту ифтихори мои.

Мухлис
Оё тазкираи "Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён" кори Алиризо Қазва аст?

ОЁ ДАР ЗАМОНИ РУДАКИ, ФИРДАВСИ, СИНО, МАВЛОНОВУ ХОФИЗУ ХАЙЁМ ......
.... БЕДИЛУ БИНОИ ИТТИФОКИ НАВИСАНДАГОН БУД????7.....
МАХОРАТИ ХУДОДОДАГИ... БУД...

Комил Аюбӣ
ы,
Бародари гиромиқадрам Беҳрӯз! Дилпурам, ки минбаъд низ ашъори пуртуғён ва пур аз ҳикмати худро эҳдои тоҷикон мекунӣ ва дар ҷонбедории эшон саҳми муассир мегузорӣ ва рисолати воқеии шоирро дар тафовут бо соири эҷодкорони Тоҷикистон ба анҷом мерасонӣ. Бароят дар ин ҷодаи заҳматталаб барору комёбӣ таманно мекунам ва аз Худованди мутаъол хоҳиш менамоям, илҳоматро ҳамвора ғанӣ гардонад.

хонанда
Ин журналистчахо нозимони хампои худашонро тавоно ва сохибном ном мебаранд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)