Бахшҳо

Ёқуб Ҳалимов: Абдуфаттоҳи Ғоиб аз Шумо танҳо як имзо мехоҳам

Ёқуби Саид (Ҳалимов)

Муроҷиати расмӣ ба Абдуфаттоҳи Ғойиб!

Барои ман ҳамчун як шаҳрванди коруфтода, ҷолиб аст, ки бидонам Шумо, ҷаноби Абдуфаттоҳи Ғойиб, директори Хадамоти гумруки назди Президенти Тоҷикистон, дар чанд рӯз як маротиба имзо мегузоред?

Ман, шаҳрванд Ёқуб Ҳалимов, раҳбари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Ормон” ҳастам, ки барои дарёфти маълумотнома оиди содироту воридоти гумрукӣ ба ниҳоди зери роҳбарии Шумо муроҷиат кардам. Ҳанӯз 6 марти соли ҷорӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки барои дарёфти маълумотнома лозим буд, ба Хадамот супоридам. Тибқи тартиботи муқарраршуда, мебоист давоми 20 рӯзи корӣ Хадамот ба мактуби мо посух медод. Бо назардошти рӯзҳои истироҳати моҳи март ва боқии рӯзҳои шанбеву якшанбе, тибқи тартибот, посухи мактуби мо бояд то 13 апрел омода мешуд.

Имрӯз 29 апрел аст. 32 рӯзи корӣ гузаштааст, то кунун аз санг садосту аз Хадамот не. Метавонистам ин номаро нанависам. Аммо баъди 5 маротиба рафту омад ба дари Хадамот ва тақрибан 10 маротиба тамос гирифтан бо нафари масъуле, ки муроҷиати моро месанҷад, илоҷи ягонаи корро дар муроҷиати расмӣ дидем.

Чаро посух намедиҳед? Ҷуброни ин рӯзҳои талафшударо кӣ мепардозад?

Сару рӯи кормандонатон бад не, шиму пиҷакашон уту шуда, гарде рӯи пойафзолашон нанишастааст. Аммо чаро муошират карда наметавонанд? Чаро Ташкилоти ҷамъиятиро аз Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд фарқ карда наметавонанд? Чаро намедонанд, ки Шаҳодатномаи ташкилот қабл аз Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) пайдо мешавад?

Ман наметавонам ба ин амали зердастон ва дар маҷмӯъ ниҳоди зери раҳбарии шумо ба ҷуз аз БЕМАСЪУЛИЯТӢ баҳои дигаре бидиҳам. Дарёфти посухи як номаи оддӣ агар то 2 моҳ тӯл бикашад, магар дар Ватани азизи мо соҳибкорӣ рушд мекунаду ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият меёбад?

Хулосаи ман баъди ин ҳама даву тозу интизориҳо ин шуд, ки набояд дубора ба дари Хадамоти гумрук коруфтода шавам.

Ҳоло аз шумо танҳо як имзо мехоҳам. Лутф кунед, масъулияти худро ба анҷом расонед.
Мӯҳр
сохибкор
хадамотро чой мефорад да шуомо нагуфтан чи?

Шодмон
Як имзо ! ягон майда !

Соҳибкор
Аз ҳад гузарондиян ин гумрукчиён. Худшон шоҳу табъшон вазир

Dar haqiqat na tanho idorai gumruk balki kulli idorahoi davlatii JT chunin munosibat menamoyand. Baroi yk imzo odamonro sarsonu sagardon karda maqsadashon rishva sitonidan hastu khalos. Agar shumo ba hamon shakhsi masul pichir pichir mekarded va vadai 200-500 somoniro medoded shoyad koraton dar yk ruz bud meshud. Aknun dustam moho boyd intizor shud to ba tavri qonuni imzoro giri. Chunki fasod chunon resha davondagi dar tafkuri mo tojikon odat kardaem ki koramonro tanho bo pora hal namoem. Hachand gohe meshavad ki shakse ki korro be ygon pora bud kardaast mo khudamon ba onho pora medihem chunki odat shudagi agar nadihem az khud sharm mekunem va fikr mekunem ki kori moro bud kard va mo aqaln ba yk piola choi korbukunro taklif nakradem harchand medonem ki dar dini mo pora dodan harom khonda shudaast. . In hast haqiqati imruzai mo mardumi tojik.

гумрукчи
Ин хел ташкилотхои майда чуда бехад бисер шудаанд, баъд аксари онхо бо грантхои хорича кору фаъолият менамоянд, яъне, ки аз онхо муттахаманд. Барои хамин ба фикри ман ба ин хел ташкилотхо ягон маълумот додан даркор нест, агар хоханд аз расонахои расми ё аз Агентии омор дастрас намоянд.

Точик
Рост мегуяд барои як мактуби одди мардумро сарсону саргардон мекунанд.

hamvatani
Salom Hamvatani dar vatan Garibam
jura kapat dud kard

Точик
гумрукчи,
гуш кун ба ту чи фарк дорад,ки аз пули чи кор мекунанд. ту вазифаатро ичро кун. Барои санчиши конунии фаъолияти у дигар макомотхо хастанд ва онхо аз у чунин маълумотро талаб мекунанд шумобарин лошахурхо доимо дар фикри кисаи худ мебошед.

бародар на ин ки гумрук балки тамоми сохахо хамин тур аст маоши давлатро мегиред кори мардумро буд кунед ман хам чабрдидаам намедонам ба кучо арзамро барам Худое.

man
на танхо кумитаи гумрук, хама вазорату идорахои точикистон дар ин хол хастанд.

банги мун
Лутфан ба смм мурочиат кунед,

Гумрукчи
Чавоб ба Точик,
Номатро дигар кун, хайфи ин хел ном ба ту. Ана гуш кун аввал нагзак хон ана баъд посух навис. Ранги ту барин одамонро "Неандерталец" мегуянд.

Бародар
ОЗОДАГОН хамин маъзуъро пайгири намоед хамаи вазоратхо хамин хел хакикатан Дар сохторхои кудрати 25 сол кор карда вакти нафака баромадан нафакагирхо бо азоби саг рубару мешаванд медавонанд то 2мох ягон одамгари тарбия нест кудаки хамсоли писарат бекор бо телефон бози карда АКА пагох фардо биё мегуяд тамаъчуи фишорат ба200 мерасад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)