Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 26 октябр 2021, 23:58

Даъвати Оҷонсӣ аз ҷабрдидагони “писарони мансабдорҳо”

6 май 2015, 15:57

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, дар мубориза бо қонуншиканӣ, аз ҷумла қонуншиканиҳое, ки аз ҷониби фарзандони мансабдорон ё аз номи онҳо аз ҷониби афроди қаллоб содир мешаванд, фаъол бошанд.

Ин ниҳоди тобеи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афроде, ки аз дасти фарзандони мансабдорон ё онҳое, ки аз номи онҳо баромад мекунанд ва ҷабр дидаанд, хостааст, бо рақамҳои 221 45 49, 221 48 10 ва 234 65 78 ба Агентии зидди фасод муроҷиат кунанд.

Ин даъвати Оҷонсӣ дар пайи ифшои қаллобии як наврас дар Душанбе садо дод, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз як шаҳрванд 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Насим

  • 6 май 2015 16:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон албата бахшиш хазор маротиба некин аз хами истифодаи ибораи зертобеи Рустами Эмомали монда нашудед. Ба худо ма шарм медорум ба чои шумо
Посух додан
  • точик

  • 6 май 2015 17:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э кош ин фасод решакан мешуд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Айни замон Рустами Эмомалӣ ягона нафаре аст, ки метавонад бачаҳои мансабдоронро дар ҷояшон шинонда лаҷомашонро кашад. Зеро онҳо аз Рустам метарсанд. Аз падарони худ наметарсанду аз Рустам метарсанд. Рустам бошад, дар ҳақиқҷт бачаи оддӣ ҳақталош ва ба ибораи дигар сағерапарвар аст. То имрӯз дар ягон ҷо касе аз ӯ ба бадӣ ёд накардаст. Боварӣ дорем, ки пеши роҳи ин безпределора мегириву дар назди халқу Ватан эътибору обрӯят садчанд мешавад. Мо, тамоми ҷавонони Кӯлоби бостонӣ дар амалӣ намудани ин кори хайр дар паҳлӯят ҳастем. Агар масъалаи ба аскарӣ сафарбар кардани бачаҳои эркаи Ҷипсавори мансабдорора ҳал карда тавонӣ, ба худо, ки Рамзан Қадирови Тоҷик мешавӣ..Мо бовар дорем, ки агар хоҳӣ метавонӣ, зеро фарзанди бузурги Пешвои Миллат Ҷаноби Олӣ - Эмомалӣ Раҳмон ҳастӣ ва дар паҳлӯят ҳам беҳтарин ҷавонони баору номуси Тоҷикро сарҷамъ кардаӣ...Муваффақ бошӣ бародари азиз, Худованд нигаҳбонат бошад!!!
Посух додан
  • коргар

  • 6 май 2015 21:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Корхрнахо низ ба чои реклама табдил шудаанд. Бо ин корхо хеч чиз хуб намешавад, дуздиро бас кунед дуздии моли мардумро
Посух додан
  • tojik

  • 7 май 2015 00:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин фасодро агар Рустами Эмомали пешашро нагирад дигар кас гирифта наметавонад.Барори кор дар саркубии фасоду ришва.
Посух додан
  • нимколасок

  • 7 май 2015 01:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боваратон меояд, ки чурахову хешу таборашро ягон кор кунад??? Хахаха....прикол аз ин зиед намушуд ако!
Посух додан
  • фарош

  • 7 май 2015 07:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар аз робари роддоми №1 Хакназарова гуед,авалу охири гапаш ман духтури оилаи онхо гуфта зердастони худро вохима карда тарсонда гаштай
Посух додан
  • н Хисор

  • 7 май 2015 08:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухтарам Рустами Эмомалӣ, мухтарам Шохбисар , бисёр темаи заруриро бардоштед ..дар маркази шахрамон ё инки дар марказхои шахру ноихахо дод аз дасти ,,,ман думоди фалониям , ман писари фалониям , ман чяни фалониям , корашон доим бесаводи, бемаданияти, фасодкори , зинокори, аз шуммо хоиш дорем Шохписар рохи ин беадолатирро гиред..Доим сагераи камагала бо 1000- сомони накапеду ,ана ин хел одамони аз номи кимки гамезадагирро капет ... Бовар кунед Шохписар дар маркази шахрамон инкадар мошинхои киматбахо ва инкадар катукути инора мебиненд аз кучо аз кадом маош аст намедонем...Аз хозир дили чавонона бадаст овардан даркор фардо дер мешавад...
Посух додан
  • Парвиз

  • 7 май 2015 10:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Директори агенти аз шумо хохиш мекардем оиди ин масъла ,хусусан дар минтакахи дурдаст ахмият медодед,ки чигуна баъзе калобо аз номи мансабдорон истифода намуда ба сари мардум чормагз шикаста гаштаанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!