Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:47

Сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд ҷони навраси 15 соларо гирифт

5 октябр 2011, 10:51

Аз раёсати бозрасии давлатии ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки шаби гузашта тахминан соати 22:20 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел вектра» Рустамҷон Дадобоеви 28 сола аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Қистақуз-Овчиқалъа дар ҳудуди бозори Ҳоҷи-Булус, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Абдумавлон Мамадҷоновро, ки савори дучарха будааст, зер мекунад.


Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Нисбат ба ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!