Бахшҳо
13 май 2015 09:35Тоҷикистон / Сиёсат

Вазорати дифоъ: Дар 42 рӯз нақшаи даъват 100% иҷро шуд

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ қабл аз муҳлат хабар дод.

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, имрӯз, 13 май ба “Озодагон” гуфт, нақшаи даъватро аввалин шуда, вилояти Хатлон иҷро кард. Ба дунбол комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд аз иҷрои нақша хабар доданд. Вилояти Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ низ қабл аз муҳлати муайяншуда нақшаро иҷро карданд.

Оқои Маҳмадалиев мегӯяд, зимни даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз сӯи бархе волидон шикоятҳое низ ироа шуд, ки сари вақт онро баррасӣ карданд: “Масалан, баъзан волидон мехостанд, ки фарзандашон дар ин ё он ноҳия рафта хизмат кунад. Тибқи талаботи қонун ин дархостҳои онҳо баррасӣ мегардид”.

Фариддун Маҳмадалиев иброз дошт, дар қиёс ба солҳои пеш теъдоди ихтиёриён барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ афзудааст: ”Бубинед, дар 3 рӯзи аввал аллакай 3 ноҳия аз иҷрои пурраи нақша баромаданд, ки ин аз зиёд гардидани ихтиёриён гувоҳӣ медиҳад”.

Номбурда афзуд, дар 42 рӯзи даъвати баҳорӣ нақша сад фоиз иҷро гардид ва то охири моҳи май Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ кори худро идома медиҳад.

Даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр
Аввали матна хондм хурсанд шидм фикр кадм аблава буд шидай лек то ахирша хондм то охири моха давом мекадай хай хич гап не 15 рузи дига ёмба мекнем

Облава омад
Бубинед, дар 3 рӯзи аввал аллакай 3 ноҳия аз иҷрои пурраи нақша бо усули "облава" ё худ чуҷабарак баромаданд. Хахаха

рустам
Ма хами каментарияи хами братана хондум гарени хандидум Лахзахои аблава давом дорад

Вазорати дифоъ: Дар 42 рӯз нақшаи даъват 100% иҷро шуд..........................................................................
.
Даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи ҷорӣ идома хоҳад ёфт. Ин чи гап? тамом шуд ё не? Ё ин усули нави ҷалби ҷавонон ба хизмат аст...?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)