Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Президент аз иқдоми ахири ҳукумати Туркия изҳори нигаронӣ кард

6 октябр 2011, 05:35

Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти Эрон, роҳбарияти давлати Туркияро бинобар ҷойгир намудани системаи таҷҳизотии радиолокатории НАТО  дар ҳудуди он кишвар таҳти интиқоди шадид қарор дод.


Райисҷумҳури давлати исломии Эрон, зимни як мусоҳибаи телевизионӣ гуфтааст, ки радарҳои НАТО дар хоки Туркия танҳо ба хотири ҳимояи Исроил дар ҳолати рух додани даргирӣ бо Эрон насб мегарданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки моҳи гузашта ҳукумати Туркия нақшаи ҷойгиркунонии радарҳои НАТО-ро дар қаламраваш иҷозат дода буд ва эълом намуда буд, ки он бар зидди  кадом як кишвари алоҳидае равона намешавад.

Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, радиолокатор дар мавзеи Малатё, дар масофаи наздик ба 700-километр аз хоки Ирон бунёд хоҳад ёфт.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!