Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:49

Шӯрообод: Афғонҳо боз марзро шикаста, 1 нафарро гаравгон гирифтанд

6 октябр 2011, 05:44

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби сарҳадшиканони афғонӣ ба гарав гирифта шуд.


Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод иттилоъ дод. Ба гуфтаи ҷаноби раис, Шариф Қурбонов, сокини рустои «Дараи Об» он рӯз ба талу теппаҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва дигар корҳои шахсӣ ба мавзеи Чашмаи Себ меравад. Дар ҳамин ҳол, афғонҳои қочоқчӣ, ки низ дар ҳамин минтақа будаанд, ӯро боздошт намуда, талаб менамоянд, то аз ҳамдеҳагони худ, ки гӯё аз қочоқчиёни афғон қарздор будаанд, маълумот диҳад ва талаб намояд, то қарзҳои афғонҳоро бозпас гардонанд.

Икромов афзуд, ҷинояткорони аҷнабӣ чун яқин мекунанд, ки қарздоронашон дар маҳбасҳои Тоҷикистон зиндонианд, шоми он рӯз Қурбоновро озод мекунанд. Бино ба иқрори Қурбонов, афғонҳои марзшикан 3 нафари мусаллаҳ бо автомат будаанд.Дар сӯҳбати телефонӣ ба саволи мо, ки маротибаи чандум аст афғонҳо сокинони ноҳияро ба гарав мегиранд, раиси ноҳия гуфт: «Дигар ҳисобашро мо ҳам гум кардаем. Дар куҷое сарҳадро убур мекунанду бо навбат омада, одамонро ба гарав мебаранд». Бояд гуфт, рустои Дараи Об дар Шӯрообод аз хати марз хеле дур ҷойгир будаву барои ба ин деҳ расидан, аз маркази ноҳия мебояд гузашт.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!