Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:43

Шӯрои сарпарастон ҳаҷми кӯмакҳоро ба парваришгоҳҳо 37% тақвият додааст

6 октябр 2011, 07:15

Тайи нӯҳ моҳи соли равон аз ҷониби сарпарастон, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 821.955 сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шудааст.


Тавре ба “Озодагон” аз  агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати номбурда иттилоъ доданд, дар арафаи идҳои моҳи шарифи Рамазон ва 20- солагии истиқлолия 416.938 сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ ба бошандагони хона-интернатҳо тақдим гардидааст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми кӯмакҳои хайриявӣ дар ин давра нисбати соли гузашта қариб дар ҳамаи муассисаҳо афзоиш ёфтааст. Дар нӯҳ моҳи соли гузашта ба муассисаҳои мазкур 600.792 сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ ворид гардида буд, ки ин нишондиҳандаҳо соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмӯъ 221.163 сомонӣ ё 37 % зиёд мебошад. Илова бар ин, соли ҷорӣ баҳри боз ҳам  беҳтар намудани хизматрасонӣ ба бошандагон, ҳалли мушкилоти хоҷагию молии ин муассисаҳо ва тақвияти назорати ҷамъиятии фаъолияти хона-интернатҳо бо иқдоми  вазири  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҳисоби  соҳибкорони ватанӣ  шӯрои  сарпарастони хона-интернатҳо  таъсис дода шудаанд. Ҳоло бо кӯмаку мусоидати ин шӯро дар хона-интернати шаҳри Турсунзода таъмири як қисмати бино, дар хона-интернати ноҳияи Ҳисор гузаронидани хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва сохтмони бинои маъмурӣ, коркарди чортоқи бинои хона-интернатҳои ноҳияи Восеъ ва Ёвон бо маҳлули кимиёвии зиддисӯхтор ба анҷом расонида шуданд.

Манбаъ афзуд, кӯмакҳои молӣ ва пулие, ки аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои давлатии хона- интернатҳо ворид мегарданд, барои беҳдошти ҳаёти бошандагон, захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба мавсими зимистон, инчунин рушди хоҷагиҳои ёрирасон истифода бурда мешаванд. Бо ин мақсад дар ҳамаи муассисаҳо комиссияҳои қабул ва истифодаи кӯмакҳои хайриявӣ таъсис дода шудаанд, ки ба ҳайати он бошандагони муассисаҳо низ  шомил мебошанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!