Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:46

Арзиши об дар Душанбе то 50 дарсад боло меравад

6 октябр 2011, 10:37

Дар асоси муқаррароти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нархи пардохти оби нӯшокӣ ва оби ихроҷӣ боло меравад.


Тавре ба «Озодагон» аз  хадамоти мазкур гуфтанд, шурӯъ аз 15 октябр аз ҳар як сокини пойтахт бар ивази 2,47 сомонӣ барои истифодаи об 3,50 сомонӣ ситонида мешавад. Ҳамин тариқ корхонаҳои буҷавӣ ба ҳадди 1,4 (ҳоло 0,71 сомонӣ), корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 2,71 (1,68), ва ташкилотҳои байналмилалию сафоратхонаҳо 2,3 (1,5) сомонӣ пардохт мекунанд. Ба иттилои манбаъ тасмими боло бурдани ҳаққи истифодаи об дар пойтахти кишвар дар  асоси пешниҳоди КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» бо назардошти қиммат шудани нархи нерӯи барқ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва поксозии оби нӯшокӣ, сӯзишвории нафтӣ ва баргардонидани қарзи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!