Бахшҳо

Литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон бо “як амр”-и Эрдуғон баста мешаванд?

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия аз Тоҷикистон ва дигар давлатҳо хостааст, фаъолияти литсейҳои туркӣ дар кишварҳояшонро манъ кунанд. Дар ин бора ахиран як нашрияи Туркия хабар дод.

Ин дархости раисҷумҳури Туркия дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки қарордоди литсейҳои туркӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расида, ҳанӯз тамдид нашудааст. Сарусадо дар мавриди бастани литсейҳои туркӣ дар ҳоле баланд мешавад, ки солҳои қабл бархе аз рушанфикрони тоҷик аз ҳукумат дархост мекарданд, фаъолияти ин литсейҳо дар Тоҷикистон мамнӯъ бишавад. Аммо суол ин аст, ҳоло ки фурсати бастани литсейҳои туркӣ ба ҳукумат даст додааст, оё ҳозир аст, фаъолияти ин мактабҳоро дар Тоҷикистон мамнӯъ кунад?

Коршиносон таъкид мекунанд, пешниҳоди бастани литсейҳои туркӣ, ки Эрдуғон ба миён гузоштааст, бояд асоснок бошад. Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов таъкид мекунад, ки агар раисиҷумҳури Туркия ба далоили сиёсӣ ин пешниҳодро матраҳ карда бошад, Тоҷикистон ва дигар кишваҳо ҳақ доранд, аз иҷрои ин амри чашмпушӣ кунанд. Аммо мегӯяд, “агар ошкор гардад, ки даромади литсейҳои туркӣ барои дастгирии террористон ва экстремистҳо истифода мешаванд ё дигар ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки дар онҳо аломатҳои ҷиноят мушоҳида мешавад, иҷрои дархост шарт аст. Аммо агар шарти гузориши чунин масъала сиёсат бошад, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо метавонанд дархости раисиҷумҳури Туркияро иҷро накунанд”.

Шокирҷон Ҳамиком дар идома таъкид мекунад, бидуни сабабҳои ҷиддӣ бастани литсейҳои туркӣ мантиқан нодуруст аст, зеро “дар муқоиса бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон то ҳол шаҳрвандоне, ки имконияту шароит доранд, фарзандонашонро барои таҳсил ба литсейҳои туркӣ медиҳанд”.

Дар ҳамин ҳол, Обид Шукурзода, муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, "барои ман як чиз равшан нест, нимкосаи зери косаи Эрдуғон". Ба таъкиди ин муҳаққиқи тоҷик, “Эрдуғон нагуфтааст, ки чиро бояд ин литсейҳоро қулф зад. Ва Тоҷикистон то кунун аз ин литсейҳо чӣ зарар дида бошад, ки онҳоро бибандад, инро низ намедонам. Танҳо медонам, ки дар макотиби роиҷи кишвар устодони забардаст намерасанд, дар шаҳрҳо омӯзгорон ҳанӯз ҳам аз шогирдон пул меситонанд, дар макотиб муаллимони камтаҷрибаву камдонишу бемаълумот чун сиёҳии лашкаранд, тақрибан бекифоя. Маъоши паст маърифати макотиби моро паст кардааст. Аммо баъзе аз шогирдони литсеҳои туркиро мешиносам, дониши хуб доранд, зеро ин литсейҳо бо маъоши баланд устодони хубро ҷалб кардаанд. Бузургтарин сарвати кишвар фарзандони бомаърифати онанд, на обу на урониюму на нафту на тило. Бояд ҳатман дар андешаи такмилу тағйиру рушди маорифи миллии хеш бошем, ки “кас нахорад пушти ман, ҷуз нохуни ангушти ман”.

Шариф Муллоев, устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мегӯяд, агар масъалаи бастани литсейҳои туркӣ дар сатҳи ҳукуматҳои Тоҷикистону Тукрия ҳал шуда бошад, эҳтимолан фаъолияташ дар кишвари мо манъ мешавад. Оқои Муллоев таъкид мекунад, “аз рӯи тахминҳо фаъолияти литсейҳои туркиро Амрико дастгирӣ мекунад. Аз ин сабаб раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон монеъи фаъолияти ин гуна мактабҳост. Ба фикри ман, агар ин масъала дар сатҳи ҳукумат ҳаллу фасл шуда бошанд, ҳукумат ҳозир ва тайёр аст фаъолияти ин литсейҳоро бандад”.

Муассиси летсейҳои туркӣ Фатҳулло Гюлен дониста мешавад, ки дар Амрико ба сар мебарад. Ӯ дар гузашта аз дӯстони Эрдуғон гуфта мешуд, аммо ахиран ба назар мерасад, муносибати онҳо сард шудааст. Дархости бастани литсейҳо низ ба эҳтимоли зиёд ба ҳамин муносибат марбут аст.
Мӯҳр
карам
литсейхои турки барои босавод кардан ва дониши хуб додан хакикатан хизмат мекунанд, аммо ин "дилсузии" туркхо окибати хайр надорад, кайхо вакти он расидааст, ки точикистон литсейхои хакикии худро дошта бошад, ки муаллимош маоши баланд гиранду хонандагон бигзор сум супоранд, аммо на 7000 доллар, ки дар мактабхои ба ном "президенти" меситонанд, бигзор дехконбача низ хукуки тахсилро дошта бошад

волк
Сабаб умарали кувватов мебошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)