Бахшҳо

Абдулқодирзода гуфт, барои чӣ корбари шабакаҳои иҷтимоӣ несту расонаҳоро намехонад

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз бадгӯии бархе сокинон дар ҳаққи имомони масоҷиди кишвар шадидан ибрози нигаронӣ кард.

Абдулқодирзода дар хутбаи намози ҷумъаи рӯзи 22 май дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, аз пушти имом намозро хонда дар саҳни масҷид ӯро ғайбат мекунад: “Дидӣ? Имом чи хел хато хонду чӣ ғалат кард ва чӣ гуфт?!”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома аз сокинони кишвар даъват кард, дар мавриди хатову ғалати ҳар имоме агар ҳарфе доранд, омада рӯйи росту ошкоро бигӯянд: “Ҷуръат намекунад, дар ҳузураш гӯяду дар пинҳонӣ мисли зан баъд аз пушт мегӯяд. Агар муъмини комил аст, ояду ошкоро бигӯяд, домулло дар ҳаққи Шумо чунин ҳарфҳо мегӯянду Шумо чӣ назар доред?”

Инчунин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз шеваи баҳсу мунозараҳо дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ибрози ташвиш карда, далели аслии ҳузур надоштани худ дар ин майдони маҷозиро ба он рабт дод: “Ин гуна баҳсҳо дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ одат ё ба истилоҳ “муд” шудааст. Чунон суханҳо мегӯянд, ки ... барои ҳамин ман нигоҳ намекунам. Агар як саҳифаи онҳоро бихонӣ як ё чанд рӯз ба худ намеойӣ. Дар онҳо на инсоф асту на худотарсию на ҳақгӯӣ. Ҳар чизе дар даҳонаш ояд, мегӯянд”.

Раиси Маркази исломии Тоҷикистон ин гуна баҳсҳоро кори дасти нафароне хонд, ки гӯиё қасди барҳам задани оромию суботи ҷомеаро доранд.

Ин ҳарфҳо аз сӯи Абдулқодирзода дар ҳоле садо медиҳанд, ки вақтҳои охир дар нашрияву расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз фаъолияти ӯ зиёд интиқод мешавад. Бештари вақт Абдулқодирзода ва зертобеонаш дар он муттаҳам мешаванд, ки гӯиё ба ҳамагуна маҳдудиятҳои динӣ дар Тоҷикистон чашм мепӯшанд.
Мӯҳр
ОЗОДАГОН !!!!! Аз шумо ЭХТИРОМОНА хохиш менамоем ,ки оиди Абдулкодирзода Сайидмукаррам (Маълумот(дар кучо тахсил кардос),ПУРРА ШАРХИ ХОЛАШРО) баъди ин гуфтахои он кас менавистед,мо хам ШАРХИ худро менавиштем !!!!!
Аммо кутох: АЗ ШУМО , ЧАНОБИ РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОЧИКИСТОН ЭХТИРОМОНА ХОХИШ МЕНАМОЕМ, КИ КОНСТИТУТСИЯИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОНИ ОФТОБИЯМОНРО ,КИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИИ ХУКУКБУНЁД ... ва 99% МУСАЛМОНИ ОНРО ЭЪТИРОМУ ... НАМОЕД .., БОКИ ХАМА ХЕЧ ... !!!!!

Аввал "домулло" гуед ки дарозии риш чи кадар бояд бошад(дар мазхаби имоми Аъзам)? Ришта дурустмонда баъд насихат кунед

Маслихатчи
Ба мухтарам Арифметика:
Хохишмандам зимни ичрои талаботи орфография (яъне, ифшои матн) калимахоро бо хуруфоти майда нависед (албатта, ба истиснои харфи аввали чумла). Ташаккур.

Кулябец
Чаноби муфти мо мухочирон хеч вакт нооромии Точикистонро намехохем. Худ гариб буда намехохем фарзандонамон азоб кашанд.
Факат як чизро мехохем!! Мехохем, ки дар Ватан, дар назди зану фарзанд, падару модар кор кунем. Чи хеле ки вазирон, депутатхо ва фарзандону наздиконашон дар ватананд мо хам хамин кадар орзу дорем.
Мо хакикат ва адолат, баробари ва хукукбунёдии Точикистонро мехохем. Касе ки аз хакикат гап занад даррав у чангчуй

эшон
Шумо аз худатон гила кунед аз вахте раиси шурои уламо шудед то 18 сола ба масчид ман шуд сатри хохарон дар донишгохо корхонахо ман шуд то 35 ба хачи акбар рафтани чавонон ман шуд як чанд масчиди чомеъ манъ шуд олимони хакгуйро аз минбар дур кардед боз шумо аз мардум хафает бародар мукарам агар хохет обруи намондагиатонаи нарезад холиям вахт доред истефо дихед агар дер шавад баъд дер мешавад.!!! Озоди чан матлаби маро чоп накарди оё ту озод нести агар озод боши гапи хака чоп кун зеро ман шояд яке аз хонандаи хамешагии майти шумо бошам боки хамаро ва ин бародар мукарамро хам ба Худо месупорам.

Дарвози
Дилу гурда, бовари ба корхои поки худ ва саводи кофи лозим, ки бо журналистону шабакахои ичтимои фаьол боши. Эххх чи гуям, ки ногуфтанам хубтар!!!

Бе риш
Ин домулло ба фикрам худашро дар назар дорад, ки гайбаташ мекунанд.Дуруст хондан ин хунари бебахост домулло

Бародар
Бародари Кулябец Дар тамоми чахон мардум ба мухочират меравад ман туро мефахмам лекин айни хол дар Точикистони азиз барои хама кор нест хубаш хамин аст ки ВАТАН дори Дар ВАТАН будагихо обруи онро бардоранд ба чони инсон мерасад ин ришу хичоб Риш монда худ ва худоро фиреб медиханд чунки одамони гумроханд аз дасташон коре намеояд дар бозорхо дуруггуи каллоби Дар бораи кадом хакгуи даъво мекунанд ба хаёти имруза наъфе надорад Дар кучои куръони карим гуфтаастки мусулмон якдигаратро куш аз дасти инхо дунёи ислом вайронаву валангор садкаи демократияшон кунад ВАТАНАТ обод шуда истодааст аз касе бояд шарм надори

Али
"пинҳонӣ мисли зан"- мо фикр мекардем Раиси Шуро мегуяд, ки зан модар аст,вале...

Кулябец
Ба Бародар: Шумо медонед кариб тамоми чавони дар мухочират гузашт . Хеч нест, ки обод шавад Ватан! Майлаш мо умрамонро кувватамонро дарег надошта барои бардоштани иктисодиёт пул равон мекунем . Оё фарзандони мо ояндаи некро мебинанд?
Вакте чунин бесаводию коррупция дар Ватан вучуд дорад!!!

Кулябец,
у биродармо албат фукуш да руганай, хозир.

Абдулло
Риш набошадам мешавад олучаву ангур набандад охи дафшен муллохои бесаводу галу ду сура азйод мекунен олима гапзани намемонен. Хами муллое ки тарафдори тинчияй мо тарафдор тамом. Раис зинда боши!! Озодагон!!

наби
о муфти шумороки мардумки гайбат кардан демак шумо арзанда набудиеддия шахсан ман шуморо 3 сол пеш дарнамози чумъаи масчидамо ба чоркух рафта будед хеле одами бисйор буданд шахсан ман дарруи хавли нишастабудам шумо аздар даромадеду ду дастатон дарпеш саломтейон касам бахудойи яктоки касе азчояш нахесту шумоя пешвоз нагирифт ман шуморо дар умрам якуминбор дидам хамунчо лекин историяатонро нагз медонистам дидед якманне зийода аз1500 нафар одам дар худи сахни масчид буданд барои хамин мегуяндки олиму мулло поку ботакво бошад худованд худаш обуруйу иззату ехтиром метияд озодагон хатман чопкунед барои чи навиштахои маро чоп намекунед шумохам азони хукумати шудед магар

Бародар
Ба Наби наход ту хам акнун аз хамин хукумат норози боши бо хамин кадар фишори беруна хукумат истодагари мекунад ту баринхо хуни гуломи доред барои хамин хукумат чи кардаи риш мондану гайбат карда гаштаи Арабистона бин барои боигари бо самолёт мусулмони худашро мекушад дар вакташ хам бо шамшер мекард худоеки туро офаридааст дилу акли точики додааст бо хавай амал намо он вакт руй аз худо гардонидаги нести хозир дар газаби худо гирфтори

БА АБДУКОДИРЗОДА. МАЪЛУМ, КИ ШАБАКАХОИ ИЧТИМОИРО МЕХОНДААСТ. "... дар пинхонй мисли зан баъд аз пушт мегуянд",- чй маънй дорад? Аввалан, ки дар назди мардум сухан гуфтан аз чониби "Мулло" ё шахси вазифадор ба кавли Шумо он гуфта "муд"-расонавй мешавад. Шумо чй хак доред, ки зан-модарро чунин тахкир мекунед. Баъдан, агар дар Кумитаи занон, ки химоятгари занону модарон аст, нафаре боифат ва шарафманд бошад, Шуморо ба ин тахкиратон бояд ба суд дихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)