Бахшҳо
25 май 2015 14:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Қарори додгоҳ: Сарраёсат ба Шаҳбол 117 ҳазор сомонӣ пардохт кунад (ВИДЕО)

Зебуниссо Саидова, додраси Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе имрӯз, 25-уми май қарор кард, ки Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози латукӯбшудаи тоҷик 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ пардохт кунад.

Додгоҳ қарор кард, ки Сарраёсат ба хонаводаи Шаҳбол 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад. Ин дар ҳолест, ки хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ талаб карда буд.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳии хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози латукӯбшудаи тоҷик, алайҳи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амният аз иддаои хонаводаи Шаҳбол ҳимоят кард.

Тавре хабарнигори “Озодагон” имрӯз, 25-уми май аз рафти мурофиа дар Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе иттилоъ дод, айбдоркунандаи давлатӣ изҳор дошт, ки зимни мурофиа иддаои хонаводаи Мирзоевҳо дар мавриди зарари моддию маънавӣ тасдиқи худро ёфтанд. Айбдоркунандаи давлатӣ аз Зебунисо Саидова, раисикунандаи мурофиа дархост намудааст, ки даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев дар мавриди ҷуброни зарари моддию маънавӣ қисман қонеъ карда шавад. Аммо ӯ шарҳ надод, ки барои чӣ даъвои Мирзоевҳо пурра не, балки қисман қонеъ гардад.



Аммо ҷониби Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амният дар сухани ниҳоияш аз додрас хост, парванда барои ҷуброни зарари моддию маънавӣ қатъ карда шавад, чун Сарраёсат тамоми хароҷоти табобати Шаҳболро дар беморхонаи Қарияи Боло пардохт намуда, ҳамаи уҳдадориҳояшро нисбати ин қазия иҷро кардааст. Намояндаи Сарраёсат илова намуд, ки дар расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Шаҳбол - куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 гунаҳкоранд ва маҳз онҳо бояд дубора ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванду ҷубронро пардохт кунанд.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст”.

19 июни соли сипаришуда Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)