Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:12

140 миллион доллари Тоҷикистонро об бурд

7 октябр 2011, 11:20

Бо истифода аз обе, ки дар фасли гармои имсола бе коркарди барқ аз обанборҳои Тоҷикистон партофта шудааст, имкон дошт, ҳудуди 4 миллиард киловатт соат қувваи барқ истеҳол гардад.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз як ниҳоди марбут ба гидроэнергетикаи Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, дар сурати фурӯши ин миқдор барқи тоҷик ба хориҷа, ки айни ҳол 3,5 сент сари ҳар киловатт нарх дорад, Тоҷикистон 140 миллион доллари амрикоӣ ба даст меовард. Сабаби нафурӯхтани барқи барзиёдро масъулини энергетикаи кишвар дар набудани хати интиқоли барқ арзёбӣ мекунанд.Тобистони соли гузашта ҳаҷми барқи барзиёд, ки нофурӯхта монда буд, 5 миллиард киловатт соатро ташкил дод. Бо назардошти нархҳои тобистони соли гузашта, Тоҷикистон 155 миллион доллари амрикоиро аз даст дода буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!