Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:34

Дар Душанбе сохтмони бинои нав барои факултаи агробизнеси ДАТ оғоз гардид

8 октябр 2011, 05:36

Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар ҷашни 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон (собиқ донишкадаи хоҷагии қишлоқ) ширкат ва суханронӣ дошт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд, нахуст роҳбари давлат ба ҳайати устодону толибилмони донишгоҳ барои саҳми бузургашон дар рушди илми кишоварзӣ ва таълиму тарбияи мутахассисони соҳибмаърифату баландихтисос, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ ва фаъолияти пурсамари илмиву амалии онҳо амалӣ гардидааст, арзи сипос намуда  дастпарварони донишгоҳро ба муносибати ҳаштодсолагии таъсисёбии ин маркази бузурги илмиву таълимӣ ва фарорасии яке аз пуршукӯҳтарин ҷашни ниёгонамон - иди Меҳргон табрик  намуд.

Қайд гардид, ки агар то соли 1991 дар донишгоҳ аз рӯи 10 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд, имрӯз тарбияи кадрҳо  аз рӯи 21 ихтисоси нав, аз ҷумла барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ, сохтмони иншооти гидротехникӣ, селексия ва генетикаи зироати кишоварзӣ, заминсозӣ,  технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти чорводорӣ, маркетинги аграрӣ, ҷангалпарварӣ, пиллапарварӣ, экология, ҳифзи захираҳои обӣ, занбӯри асалпарварӣ, моҳипарварӣ, бунёди чаманзор ва геодезия ба роҳ монда шудааст.

Манбаъ афзуд, президенти Тоҷикистон  худи ҳамин рӯз бинои нави таълимиро барои факултаи агробизнеси донишгоҳ асос гузошт, ки он барои таъмини раванди босифати таълим заминаи боз ҳам мусоид фароҳам хоҳад овард.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!