Бахшҳо

Додситони кулл: Зану фарзанди афроди дар Сурия фавтида дар ғуломии “Давлати исломӣ”-анд (АКС)

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, феълан 40 тан аз сокинони шаҳру деҳоти Исфара дар Сурияву Ироқ қарор доранд. Ин нуктаро ӯ зимни мулоқот бо раҳбарият ва фаъолони шаҳри Исфара иброз доштааст.

Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳри Исфара ба “Озодагон” гуфт, мулоқоти Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар Кохи фарҳанги шаҳри Исфара доир шуда, зимни мулоқот масъалаҳои пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, омилҳои пайвастани иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гуруҳи бо ном “Давлати исломӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Додситони кулл гуфтааст, айни замон тахмин 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи “Давлати исломӣ” шомил гардида, дар набардҳои хунини давлати бегона ширкат меварзанд, ки аксари онҳоро ҷавонони аз 18 то 35 сола ташкил медиҳанд: “Аз ҷумла 40 нафарашон аҳли оилаҳои худро ба ин мулки бегона бурдаанд”.

Юсуф Раҳмон дар идома таъкид кардааст, аз вилояти Суғд ҳоло 99 нафар ба сафи ин ташкилоти террористӣ шомил шудаанд, ки 40 нафарашон сокинони шаҳру деҳоти Исфара мебошанд: “То имрӯз 60 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ба ҳалокат расидаанд. Зану фарзандони нафарони оилаашонро ба Сурия бурда, ки худ фавтидаанд, ҳамарӯза дар ғуломии аъзои “Давлати исломӣ” қарор доранд”.

Ба қавли прокурори генералии Тоҷикистон алъон дар шабакаи интернет беш аз 7 ҳазор сомонаи паҳнкунандаи ақидаҳои террористиву экстремистӣ фаъоланд ва “бояд насли ҷавони ҷомеаро аз ин хавфу хатари ҷиддӣ эмин нигаҳ дошт”.

Ба иттилои манбаъ, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ширкатдорони мулоқотро ба масъулиятшиносии бештар, фаъолнокӣ ва вусъат бахшидани кор дар самтҳои таъмини волоияти қонун, пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҳама гуна ҷинояткориву хатарҳои трансмилӣ ва хусусияти экстремистиву террористидошта, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва оромиву субботи ҷомеа даъват намудааст.

Сафари додситони кулли Тоҷикистон ба вилояти Суғд сеюми июн оғоз шуда, оқои Раҳмон бо роҳбарияту фаъолони як қатор навоҳии минтақа, аз ҷумла Исфара, Конибодом ва Ашт мулоқот кардааст.


Додситони кулл: Зану фарзанди афроди дар Сурия фавтида дар ғуломии “Давлати исломӣ”-анд (АКС)

Додситони кулл: Зану фарзанди афроди дар Сурия фавтида дар ғуломии “Давлати исломӣ”-анд (АКС)

Додситони кулл: Зану фарзанди афроди дар Сурия фавтида дар ғуломии “Давлати исломӣ”-анд (АКС)

Додситони кулл: Зану фарзанди афроди дар Сурия фавтида дар ғуломии “Давлати исломӣ”-анд (АКС)

Додситони кулл: Зану фарзанди афроди дар Сурия фавтида дар ғуломии “Давлати исломӣ”-анд (АКС)

Додситони кулл: Зану фарзанди афроди дар Сурия фавтида дар ғуломии “Давлати исломӣ”-анд (АКС)
Мӯҳр
Мухтарам прокрори генерали! Гуломии дар ватан ё берун аз ватан чи фарк дорад? Мо дар ватани худ гуломем. Шумо низ гуломед. Мо гуломи конуну сарватмандони золим Шумо гуломи ЧО. Шумо вакте прокрор шудед мо аз шоди дар куртаи худ намегунчидем аммо шумо ки ба ин вазифа омадеду гулом шудед аз Салимов дида холи прократура бад шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)