Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:35

Президенти Фаронса: Русия бояд ӯҳдадориҳои худро иҷро кунад

8 октябр 2011, 06:43

Никола Саркозӣ, президенти Фаронса дар мавриди тамомияти арзии Гурҷистон таъкид кард.


Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, Саркозӣ, ки дар оташбаси миёни Русия ва Гурҷистон барои хатми ҷанги панҷрӯзаи соли 2008 миёнаравӣ кардааст, изҳор доштааст, ки  “Фаронса Русияро дӯст ва шарики стратегӣ мешуморад, аммо барои эҳёи эътимод таҳдид ва талоши бесуботиро комилан ғайри қобили қабул” мешуморад. Зимнан, райисҷумҳури Фаронса аз ҳукумати Русия даъват кард, ки ӯҳдадориҳои худро таҳти шароити оташбас иҷро намояд.

Маврид ба тазаккур аст, ки Гурҷистон Маскавро дар нақзи созишнома ва ақиб накашидани нерӯҳояш ба марзҳои то ҷанги соли 2008 айбдор мекунад. Ин дар ҳолест, ки Русия минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро давлатҳои мустақил мешуморад ва онҳоро ҳамчун кишвари мухтор эътироф кардааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!