Бахшҳо
16 июн 2015 17:16Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баъд аз тарҳи нокоми телевизиони муштарак. Ҷавонон радио таъсис доданд

Гуруҳе аз ҷавонони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба хотири эҷоди пайвастагии бештари фарҳангӣ миёни ин се кишвари ҳамзабон радиоеро бо номи “Родиюи пул” таъсис додаанд.

Ин ҷавонон изҳор медоранд, бояд ба ҷойи тазодҳо аз муштаракот бештар бигӯем. Ба қавли гардонандагони ин радио, “ҳамеша аз бадиҳо шунидаем. Аз зулме, ки фалонӣ эронӣ ба ҳаққи муҳоҷири афғонистонӣ кард. Аз замзамаҳои душмании Афғонистон бо Эрон, аз Тоҷикистоне, ки пок фаромӯш кардем. Аммо, мо омодаем, ки дигаргуна бигӯем. Бигӯем мо насле нестем, ки ба муҳоҷири ҳамватани мо зулм раво дорем. Насле нестем, ки обро аз ҳамзабонамон дареғ кунем. Насле нестем, ки Самарқанду Бухоро ёдамон биравад. Омодаем то аз хубӣ ва зебоӣ бигӯем. Мо насле ҳастем, ки ба “бемарзии муштарак” меандешем”.

Мусадиқ Порсо, яке аз гардонандагони ин радио ба “DW” гуфтааст, ҳадафи онҳо ироа кардани муҳтавое аст, ки барои ҳавзаи тамадунии Эрону Афғонистону Тоҷикистон ҷолиб бошад: “Ба хотири марзҳои сиёсӣ ва талоши бархе аз сиёсатмадорон муштаракоти байни мо камранг шудааст. Садои муштараки мо дар “Родиюи пул” қасд дорад, ба беҳбуди зиндагии ҳар кадом мардуми ин се кишвар, ки дорои муштаракоти бисёре ҳастанд, кумак кунанд”.

Таъсиси “Родиюи пул” аз сӯи ҷавонони тоҷику афғон ва эронӣ дар ҳолест, ки тасмими роҳандозии як телевизиони муштараки форсизабонҳо аз ҷониби раҳбарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон нуҳ сол аст амалӣ намешавад.
Мӯҳр
Бехад икдоми хуб !!! Чихел пайваст шавем ба ин Ра
дио??? Илтимос фахмонед ку чихел кунем???

Ёдовар мешавем ки забони давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ки расман “забони тоҷикӣ” номида
мешавад, аслан забони форсӣ аст ва бино бар додаҳои
торихӣ ва забоншинохтӣ, дунболаи забонест, ки аз
замони Ҳахоманишиён (порсии бостон), Ашкониён
(паҳлавӣ), Сосониён (порсии миёна) ва рӯзгори
Сомониён (порсии нав ё порсии дарӣ ё форсӣ) то
Манғитиён, яъне аз соли 558 пеш аз милод то соли
1920 милодӣ, камобеш 2500 сол, забони кишвардориву
диндориву донишу адабу фарҳангу ҳунар дар Эрону
Турон будааст. Агар забон ойинаи фарҳанг аст, пас
забонамон бояд фарҳанги 2500-солаи
кишвардориямонро низ бозтоб диҳад.

Иқдомест бамавқеъ ва қобили пуштибонӣ. Эй кош аз ин даст расонаҳо бештар медоштем, зеро рӯи кор омадани чунин расонаҳо дар иртиқоъе ҳуввият ва шинохти милии мо, қатъан муассир иттифоқ хоҳад уфтод. Бошад,ки таваққӯъоти шефтагоу дӯстдорони забони муштараки форсиро ба гунаи матлуб бароварда кунад ва аммо таваҷҷӯҳи веростори геронқадри сомонаи " озрдагон" ро ба мавориди зер маътуф медорам: 1) бояд фулонӣ гуфу навишт на фалонӣ, ки мутаассифона дар забонӣ матбуъоту адабиёти мо ба сурати ғалат корбурд дорад.
2)Ба ҷойе " ироаи кардани мӯҳтаво" ӣеҳтар аст бигӯем: ҳадаф ироаи ( кардан изофист, зеро худи ироа тобили феълӣ дорад) матолибест,ки...
3) Ба ҷойи ҷумлаи " таъсиси “Родиюи пул” аз сӯи ҷавонони тоҷику афғон ва эронӣ дар ҳолест" бояд ин тавр навишт: Таъсиси “Родиюи пул” аз сӯи ҷавонони тоҷику афғон ва эронӣ дар ҳоле сурат мегирад ва ё иттифоқ меуфтад,ки ...

лкщщвлвлввшвл
Салом Озодагон , ОФАРИН БА ХАМАИ ДАСТАНДАРКОРОНЕ КИ ИН ИКДОМИ ОКИЛОНАРО БА МО ДУСТДОРОН ПЕШНИХОД КАРДЕД.
ИН ИКДОМРО ХАТМАН АМИЛИ КУНЕД.ЗИНДА БОД МИЛЛАТХОИ БУЗУРГИ
ИРОНИ АЗИЗ,ТОЧИКТСТОНИ МАХБУБ ВА АФГОНИСТОНИ БА ЧОНИ ДИЛ БАРОБАР.
ХОХИШИ МО ДУСТДОРОН ИН АСТ КИ ФАРХАНГИ АВРУПОРО РОХНАДИХЕД
ИЛТИМОС ИЛТИМОС ИЛТИМОС

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Август 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)