Бахшҳо
19 июн 2015 10:44Тоҷикистон / Сиёсат

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар раёсати Васоити ахбори оммаи давлатии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” озод ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Қаландарбекова Назира Амирбековна, ки то ин вақт директори муассисаи давлатии телевизиони Бадахшон буд, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид: "Давлатзода Зевар Маҳмудӣ аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” озод ва директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин карда шуд".

Манбаъ мегӯяд, Амирзода Дилафрӯз Субҳонмуовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таъин гардид. Заробиддин Қосимӣ аз вазифаи муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” таъин карда шуд: "Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъин карда шуд".

Инчунин, Ҳикматзода Абдусамад Ҳайдар аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин гардид. Ҳабибов Хуршед Наҷмиддинович директори генералии ҶСК “Телерадиоком”, Ализода Суҳроб Маҳмуд сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва Зиёев Фаррух Давлатович директори радиои Тоҷикистон таъин шудаанд.

Бо сабаби расидан ба синни нафақа Муҳаммад Ғоиб аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Ализода Абдурашид аз вазифаи директори радиои Тоҷикистон рухсат шуда, Давлатзода Лутфулло Саъдулло аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина озод ва директори муассисаи давлатии театри драммавӣ-академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъин гардидааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъин кори расонаҳои давлатии иттилоотиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз камбудиҳои зиёди ҷойдошта ёдовар шуданд ва барои бартараф намудани нуқсонҳо, амалисозии тадбирҳои муассир, аз ҷумла дар шароити тақвияти фишорҳои номатлуб дар фазои иттилоотии Тоҷикистон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.


(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...


Аксҳо аз торнамои расмии Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр
А бародаро фарруха намеген директори нави радиои Точикистон!

Тибки баъзе маълумот, тахмин меравад,ки Фаррух Зиёев муовини директори радиои точикистон, ба вазифаи директори радиои Точикистон таин шавад.

Зевар Давлатова шахси кордону ташаббускор аст ва аз ин лиҳоз барои вазифаҳои аз ин ҳам баландтар арзанда аст. Мо дар ҷодаи нав ба ӯ тавфиқу бурдборӣ мехоҳем.

Душанбеги
Фаъолиятатон пурсамар бошад, Зеварой!

Хуб коре нашуда, ки Дилафрӯз Амирқулова "Баҳористон" рафта, зеро дониши кофӣ надорад, тоҷикиро бо лаҳҷа суҳбат мекунад. "Баҳористон" хазон мешавад. Ду маротиба бо ӯ ҳамсуҳбат шудаам, ки аз масъалагузориҳову суҳбатҳояш дарк кардам, аз кӯчаи дониш нагузашта. Ҳайф ба вақти он кӯдаке, ки сарфи "Баҳористонаш" мекунад.

Маслихатгар
Бехтарин кадри Кумита барканор гардид. Аз тамоми робарони шабакахо у ягона журналисти касби буд, ки корашро ба хуби медонист. У бояд шабакаи аввал мерафт. Аммо афсус.

Дориюшак
Зевари зани хуб аст Садриддин Шамсиддин хам кадри хуб аст лекин Ассатулло Шамсидина гам мета ба фикрм

Мо
Муборак бод вазифаи нав!

Хуб мешуд сармухаррирони рузномахои давлатии "Чумхурият", "халк овози", "народная газета" низ иваз карда шавад хуб мешуд. Ягонтаи инхо БА талаботи имрузаи чомеа чавоб намедихад

Бегараз
Бехтарин некие, ки дар хаки кудакони Точикистон мехостанд, хамин буд ки ба Зевар Давлатова намерасиданд. Зевар дар хакикат телевизиони "Бахористон"- ро ба чои аввал баровард ва кори онро дар сатхи касби ба рох гузошт, ки амсолашро дар ягон шабакаи дигар дидан мумкин набуд. Далели ин гуфтахо танхо хамин "Овози тиллои" буда метавонад. Албатта ин аз дониши хуб, тарибаи кофии журналисти ва принсипнокии у дарак медод. Акнун мебоист уро ба телевизионхои калонтар мегузарониданд. Зеро у на танхо овозхои тиллоиро шинохта метавонист, балки донишхои тиллои, каллахои тиллои, бачахои тиллоиро Точикистонро чамъу гирд мекард. Афсус, ки дар мо касе корро ёд мегираду уро барканор мекунанд.

Зафар
Эх Озодагон, тавакали навиштанота кай бас мекарда боши. О и апаи Зевармон Ховар не дигар объектда таъин шудаст....... уффффффффф.

Хуб сомонохои гайридавлатии иттилоотимон гайрикасбиан дааа. Айб, айб озодагон!!! Хабар холо дасдикнашудаву шумо урра дорен! Шармандаенда озодагон!

Ком
Кори хуб каданд. Бахористон телевизиони кудакона аст, лекин барномахояш барои калонсолон хам набуд балки барои калонсолони Аврупо буд. Наход барномахои лучу пуч дар телевизиони кудакона пахш шавад!?!. Факат раккосу сароянда тайёр мекард. Охир барномахои забономузи, компютери ё ин ки филмхои тасвирии тарбияви пахш кунанд.

Зевар Давлатова бисёр корманди бофаъол аст. Ин инсон албатта ягон корхонаи дигарро пешрафт мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)