Бахшҳо

“Раиси нави Иттифоқи нависандагон навовар, пур аз инқилоб, гавҳаршинос бошад”

Дар назар аст охири ҳамин моҳ анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шавад. Дар ин анҷуман яке аз масъалаҳои асосӣ интихоби раиси Иттифоқи нависандагон мебошад. Бо назардошти ин, “Озодагон” аз чанд адиб пурсид: РАИСИ НАВИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН КӢ БОШАД?


Беҳрӯз ЗАБЕҲУЛЛОҲ, шоир

Тибқи назари ҳоким дар зеҳни ҷомеаи мо маъмулан беҳтарин шоир ё нависанда бояд раиси Иттифоқ ё ҳар ниҳоди дигаре бошад. Аммо назари шахсии ман каме мутафовит аст. Дар ниҳодҳои эҷодӣ аз истеъдоди фард дида, қобилияти мудириятии ӯ муҳимтар аст. Шояд фарде шоир ё нависандаи хуб бошад, аммо қобилияти идора кардани як ниҳодро надошта бошад. Аз ин рӯ, ба назари ман касе бояд раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба дӯш бигирад, ки дар баробари халлоқияти адабӣ, истеъдоди раҳбарӣ ва мудириятӣ низ дошта бошад. Фазои адабии кишвар ба як таҳаввул ва ибтикори нав сахт ниёз дорад. Ин фард бояд бо имконоти каме, ки дар ихтиёр дорад, тавони эҷоди тағйир ва таҳаввули тоза дар батни ҷомеаи адабиро бо худ дошта бошад. Дар фазои сокит ва якранги адабӣ, нигоҳи нав, руҳияи тоза ва шӯру шавқи беандоза, мутобиқ бо ниёзи маънавии замона эҷод кунад. Мудиру мудаббир ва қолабшикану мубтакир бошад!

Ато МИРХОҶА, рӯзноманигор ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Бояд раиси Иттифоқи нависандагони кишвар касе бошад, ки ба анъанаҳои гузаштаи адабиёти мо, ба фаъолияти ин иттифоқ ва шахсиятҳои барҷастаи он арҷ гузорад ва кори онро мувофиқи тақозои замони муосир ба роҳ монда тавонад.

Ҷовид МУҚИМ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Ба фикри ман нафари шоиста ва арзанда ба раҳбарии Иттфоқи нависандагон ин ҳамоне бояд бошад, ки:
1.Новобаста аз он ки, ӯ кӣ аст, андешааш озод ва шахсияти мустақил бошад;
2.Дар доираҳои адабӣ ҷойгоҳи хоса дошта бошад;
3.Барои рушди адабиёти муосир талош кунад;
4.Барои ба майдон омадани адибони ҷавон талош намояд. Ба мисли устод Мирзо Турсунзода, ки барои по ба майдони адабиёт гузоштани адибони ҷавон кӯшишу талошҳои худро дареғ намедошт.
Умуман нафаре бошад, ки барои рушди адабиёт талош кунад.

Бахтиёр АМИНӢ, шоир

Раиси Иттифоқ бояд касе бошад, ки аз мудирияти муосир огаҳӣ дошта бошад. Ҷавон бошад, коршоям бошад. Дилаш ба адабиёту фарҳанг сӯзад. Муҳим нест, шоир ё нависанда бошад. Муҳим он ки кори иттифоқро пеш бурда тавонад. Аз ҳуқуқи аъзои Иттифоқ дифоъ карда тавонад. Аз ун молу мулке, ки дар ихтиёри Иттифоқ ҳаст, дуруст истифода кунад.

Шоира РАҲИМҶОН, шоира

Раиси нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бояд як каси навовар, пур аз инқилоб, гавҳаршинос бошад. Муҳимтар аз ҳама битавонад, насли нави эҷодро бубинад. Диламон барои нақлҳое, ки аз забони шоирону адибони солхӯрда мешунавем, дар замони раисии Мирзо Турсунзода гум мезанад. Кош мо ҳам дилҳомон тар шавад ва касе биёяд, ки лоақал ними Мирзо Турсунзода дилсӯз бошаду иттиҳодгар!

Сафо АЛИНАЗАР, шоири ҷавон

Раиси нави Иттифоқи нависандагон нафаре бояд бошад, ки дар баробари дониши мукаммали адабӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, забоншиносӣ ва дипломатӣ маҳорати роҳбарӣ дошта бошад. Инчунини дигар адибони муосири кишвар бахусус раис бояд донандаи хуби забонҳои байналмилалӣ бошад, то ки бо адибони муосири ҷаҳон муносибҳои хуби фарҳангиро густариш дода тавонад. Дар тӯли таърих эъҷодкорон кушиш мекарданд, ки манфиатҳои миллии худро ҳифз намоянд. Имрӯз вақте фаро расидааст, ки эҷодкорон бояд дар баробари ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ, арзишҳои умумибашариро ба монанди омӯхтани забон, фарҳанг, таърих ва тамаддуни якдигар талош кунанд.

Шаҳрия АҲТАМЗОД, шоира

Ман зиёд мехоҳам, аз миёни ҳамаи нафароне, ки имрӯз нияти раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудан доранд, Низом Қосим баргузида шавад, чун номзади арзанда асту истеъдодро қадр мекунад ва маҳалбоз намебошаду фарҳанги шеърро олӣ медонад ва шеъри худаш ҳам хуб аст.

Шаҳноз БЕНАЗИР, шоираи тоҷики муқими Амрико

Шахсе ки бар раъси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон баргузида мешавад, бояд дар ҷараёни равандҳои ҷаҳони муосир қарор дошта бошад. Яке аз мушкилоти калидии ҷомеаи тоҷик иборат аз он аст, ки дар пайи кӯшиши худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ мо тамоми нерӯи худро баҳри шинохт ва ошкорсозии дастовардҳои гузаштаи ниёгонамон масраф менамоем. Дар ҳоле, ки худамон ягон чизи наве намеофаринем. Набояд фаромӯш кард, ки фундаментализм - ин худ кӯшиши эҳёсозии гузашта асту бас. Мо бояд замони ҳол (ҳозира)-ро офарида тавонем ва уфуқи субҳи ояндаро муайян созем. Дар олами муосир ҳар як фард бояд нигоҳ, андеша ва садои хешро доро бошад ва тавонад ба таври худ онро баён созад. Ва яке аз вазифа ва масъулиятҳои асосии зиёиёни тоҷик, ва аз ҷумла, Садорати Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар тарбия, парвариш ва бахшидани имконият барои маҳорати худбаёнкунӣ ва қудрати таҳаммул дар миёни ҷомеа ва бахусус, дар байни насли ҷавон аст.
Мӯҳр
Адиб
Ман пешниход мекунам ки Раиси Иттифики нависандагон шоири вахдатсаро, фабрикаи чавоб - Давлат Сафар бошад!

Собир
Абдулло Дуст зеби раисй дошту рахматй рафт... Бо 10 000 мистаъ Дарёнома дошт рахматй.

Алиии Рашти
Гулрухсор номзади хуб аст. Низом Косим хам. Ё Фарзона. Ачами низ тачриба дорад.

кухдоман
Низом Косим зеби раиси надорад У рафта хамрохи Бозор Собир гардад Раисам як намуди раиси дошта бошад

Аввал бояд ба як савол чавоб чуст: Чомеаи кунуни ба чунин иттифок зарурат дорад ё не ва дуюм аз хамаи муаллифон хохиш дорам ки замони рахбарии устод Турсунзодаро бо имруз мукоиса кардан комилан хатост, зеро....... Факат як чизро ишора мекунам,ки устод Турсунзода ба эчоду тахрири эчодиёти навкаламон машгул буд на ба пулкобию бензинкоби.

Аз Фарзона ва е Гулрухсор дигар номзади бехтаре нест...

Dev
Raisi ittifoki navisandagon boyad yak odami millatdust,bofarhang, didi mustakil doshta boshad, inchunin sahtgiru shartagiguj boshad, chun Safar Abdullo.

огох
Мухаммад Гоибро бехуда аз Чумхурият аз кор нагирифтанд: Мехмон Бахти, курсиро холи намо!

Ба ин вазифа ба гайр аз устод Бозор Собир касе арзанда нест.Худовандо бози такдирро ба сари Устод Бозор Собир бишнон.
Нотарс, бочуръат, самими,ошкоргуфтор, дилсуз, дунёдидаю, дунёбохта....


шеърдуст
Раис хам лафзи махин ва хам чехраи зебо доштабошаду як таконе барои эъчоди имруз ки бешак Шоираи Рахимчон аз пасаш оли бар меояд хеле зебанда хам хаст

Салмон
Асос он аст , ки чоплусу лаганбардор набошад. Лекин сад афсус чунин ашхос дар ин " Иттифок " вуч,уд надорад...

Рустам
Раиси Иттифоки нависандагон агар Гулназарро интихоб мекарданд хуб мешуд, чунки у муаллифи Суруди милли мебошад.

Шарифи Мукаррам
Дар 85 соли Иттифок як бор мардхои шоир мард шаведу ин вазифаро ба бонувон дихед. Нашавад ки моро галат фахмеду яке Адиба раиси адибон шавад. Гулрухсор ва Фарзона бехтарин номзад ба ин вазифаанд. Онхо хубтару бехтар аз Мехмон мизбони кардан метавонанд. Иттифок дар замони Аскар обруи доштааш оби чуй шуд. Дар замони Устодон Турсунзода ва Каноат Иттифок баландмартаба ва бонуфуз буд.

Хайрандеш чи? Хайрандеш созай, мешава. Китоби бисёр чоп кардаст. Дар васфи хама чизу хама кас касидаву марсияву рубоиву байту газал дорад. Касидаи Чаканаш бехтарин аст. У агар раис шава Метавонад.

Агар ихтиёр ба ман мебуд, ба пешниходи БАХТИЁР АМИНИ ахамияти хоса медодам. Ё лоакал раиси нав хатман дар командааш хамингуна менечери замонави бояд дошта бошад.

Муаллим
Бахтиёр Аминӣ меарзад. Вай ҳам адабиётро хуб мефаҳмад, эҷодкор аст ва муҳим - корчалон! Роҳбарии Иттифоқро аз дигарон (шоирону нависандагон) дида хубтар бурда метавонад. Собиқаи роҳбарӣ низ дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)