Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:58

Тоҷикистон мехоҳад 351435 тонна картошка ҷамъоварӣ намояд

11 октябр 2011, 04:52

Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ идома дорад.


Аз вазорати кишоварзӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар майдони 16 ҳазору 028 гектар кишти картошка гузаронида шуда, нақшаи истеҳсоли ин навъи сабзавот 351435 тоннаро ташкил медиҳад. То имрӯз 59%-и нақша иҷро гардидааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар замин ба 199 сентнер баробар мебошад. Кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 3163 гектар кишти картошка гузарониданд, ки то имрӯз ҳосили майдони 2866 гектар замин ҷамъоварӣ шудааст. Нақшаи истеҳсоли картошка дар вилоят 68500 тонна буда, айни ҳол 72 %-и нақшаро иҷро кардаанд. Дар вилояти Суғд аз 6180 гектар майдони картошка то имрӯз ҳосили 3422 гектар ҷамъоварӣ шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ бошад, майдони кишти картошка ҳамагӣ 5300 гектар буда, айни ҳол 3534 гектари онро ҷамъоварӣ кардаанд. Дар вилояти ВМКБ дар масоҳати 1385 гектар кишти картошка гузаронида шуда, то имрӯз майдони 647 гектар замин ҷамъоварӣ шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!