Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:10

Ҳамрохон Зарифӣ дар Қувайт бо котиби парлумонии Ҷопон мулоқот кард

11 октябр 2011, 05:11

Дар остонаи ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии муколамаи ҳамкории Осиё дар Қувайт мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Котиби парлумон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷопон баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, Казуюки Хамада, нишасти мазкурро баҳои мусбӣ дода, ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид дошт. Зимнан,дар мулоқот   вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Ҷопон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), изҳори омодагӣ кард.Ҳамзамон, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрсамта, бахусус фаъолияти нахустин ширкати муштараки дорусозии Тоҷикистону Ҷопон “Аввалин” мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!